quranm◉

Саҳифа 574

Range
from 73:1 to 73:19
Surahs covered
Тарҷума
19 Тарҷума

◉

73:1

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُزَّمِّلُ ﴿1﴾

Эй ҷома бар худ печида,

73:2

قُمِ ٱلَّيۡلَ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿2﴾

шабро бо намоз зинда бидор, магар андакеро,

73:3

نِّصۡفَهُۥٓ أَوِ ٱنقُصۡ مِنۡهُ قَلِيلًا ﴿3﴾

қиёми ними шаб кун ё андаке аз нима кам кун,

73:4

أَوۡ زِدۡ عَلَيۡهِ وَرَتِّلِ ٱلۡقُرۡءَانَ تَرۡتِيلًا ﴿4﴾

Ё андаке бар соати ними шаб бияфзой ва Қуръонро оҳиста бо тадаббур шумурдаву (бодиққату) равшан бихон.

73:5

إِنَّا سَنُلۡقِي عَلَيۡكَ قَوۡلٗا ثَقِيلًا ﴿5﴾

Ҳамоно Мо ба ту эй Паёмбар Қуръони бузургеро, ки дар бар мегирад амру наҳйҳо ва аҳкоми шариъатро нозил хоҳем кард.

73:6

إِنَّ نَاشِئَةَ ٱلَّيۡلِ هِيَ أَشَدُّ وَطۡـٔٗا وَأَقۡوَمُ قِيلًا ﴿6﴾

Албатта, ибодате, ки дар дили шаб сурат мегирад, таъсири сахте дорад дар дил ва лафзҳояш дурусттар аст ба сабаби фориғ будани дил аз корҳои дунявӣ.

73:7

إِنَّ لَكَ فِي ٱلنَّهَارِ سَبۡحٗا طَوِيلٗا ﴿7﴾

Албатта, корҳои ту дар рӯз бисёр аст. Пас, шабҳо Парвардигоратро ибодат кун.

73:8

وَٱذۡكُرِ ٱسۡمَ رَبِّكَ وَتَبَتَّلۡ إِلَيۡهِ تَبۡتِيلٗا ﴿8﴾

Ва ёд кун эй Паёмбар, номи Парвардигоратро ва аз ҳама тараф гусаста канда шуда ба ибодаташ бипайванд:

73:9

رَّبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَٱتَّخِذۡهُ وَكِيلٗا ﴿9﴾

(яъне, бо сидқу ихлос бандагӣ кун). Ӯст подшоҳи машриқу мағриб. Нест ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ. Пас Ӯро корсози хеш интихоб кун!

73:10

وَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱهۡجُرۡهُمۡ هَجۡرٗا جَمِيلٗا ﴿10﴾

Ва сабр кун бар он чӣ мушрикон дар шаъни ту ва динат мегӯянд ва ба ваҷҳи писандида аз онҳо дурӣ ҷӯй.

73:11

وَذَرۡنِي وَٱلۡمُكَذِّبِينَ أُوْلِي ٱلنَّعۡمَةِ وَمَهِّلۡهُمۡ قَلِيلًا ﴿11﴾

Дурӯғшуморандагони соҳибнеъматро ба Ман вогузор. Ва андаке мӯҳлаташон деҳ, то фуруд омадани азоб бар онҳо.

73:12

إِنَّ لَدَيۡنَآ أَنكَالٗا وَجَحِيمٗا ﴿12﴾

Албатта, ҳаст назди Мо дар охират кишангҳои гарон ва барои сӯхтану азоб додани онҳо оташи дӯзах аст.

73:13

وَطَعَامٗا ذَا غُصَّةٖ وَعَذَابًا أَلِيمٗا ﴿13﴾

Ва назди Мо таъоми гулӯгир аст, ки на фурӯ меравад ва на берун меояд ва низ азоби дардовар аст.

73:14

يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ وَكَانَتِ ٱلۡجِبَالُ كَثِيبٗا مَّهِيلًا ﴿14﴾

Рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза оянд ва кӯҳҳо теппае аз реги равон гарданд! (Баъд аз он, ки сахту устувор буданд).

73:15

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ رَسُولٗا شَٰهِدًا عَلَيۡكُمۡ كَمَآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ رَسُولٗا ﴿15﴾

ҳароина, Мо бар шумо (эй аҳли Макка) Муҳаммадро фиристодем, ки гувоҳидиҳанда аст бар куфру исёни шумо, ҳамчунон ки ба сӯи Фиръавн Мӯсоро фиристодем.

73:16

فَعَصَىٰ فِرۡعَوۡنُ ٱلرَّسُولَ فَأَخَذۡنَٰهُ أَخۡذٗا وَبِيلٗا ﴿16﴾

Пас итоъат накард Фиръавн Мӯсоро. Ва ба рисолаташ имон наовард. Пас ҳалок кардем ӯро ҳалок кардани сахт.

73:17

فَكَيۡفَ تَتَّقُونَ إِن كَفَرۡتُمۡ يَوۡمٗا يَجۡعَلُ ٱلۡوِلۡدَٰنَ شِيبًا ﴿17﴾

Пас чӣ гуна нафсҳоятонро дар амон мемонед, агар кофир бошед ба азоби рӯзи қиёмат, ки аз сахтии вазниниаш кӯдаконро пир мегардонад?

73:18

ٱلسَّمَآءُ مُنفَطِرُۢ بِهِۦۚ كَانَ وَعۡدُهُۥ مَفۡعُولًا ﴿18﴾

Дар он рӯз осмон бишикофад ва ваъдаи Аллоҳ хоҳу нохоҳ ба вуқӯъ пайвандад.

73:19

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذۡكِرَةٞۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًا ﴿19﴾

ҳаройина, ин нишонаҳои тарсонанда пандест барои мардум. Пас, ҳар ки бихоҳад панд ва манфиаъте бигирад, роҳе ба сӯи розигии Парвардигораш бигирад, ки ӯро халқ кард.