أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ ﴿20﴾أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ
Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?
أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ ﴿20﴾أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ
Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?
فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٖ مَّكِينٍ ﴿21﴾فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٖ مَّكِينٍ
Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, ки он бачадони зан аст
إِلَىٰ قَدَرٖ مَّعۡلُومٖ ﴿22﴾إِلَىٰ قَدَرٖ مَّعۡلُومٖ
то замоне муъайян, ки ҳамон замони ҳомиладорӣ аст?
فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ ﴿23﴾فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ
Мо бар он кор тавоно будаем, пас Мо некӯ тавоно ҳастем!
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿24﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки қудрати Моро дуруғ мебароранд!
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا ﴿25﴾أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا
Оё заминро ҷойгоҳи фарогире насохтем, ки ҳамаи шуморо фаро мегирад,
أَحۡيَآءٗ وَأَمۡوَٰتٗا ﴿26﴾أَحۡيَآءٗ وَأَمۡوَٰتٗا
барои зиндагиву маргатон, ки зиндаҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва мурдаҳо дар он дафн мешаванд?
وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٖ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءٗ فُرَاتٗا ﴿27﴾وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٖ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءٗ فُرَاتٗا
Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем, то замин маҳкам гардад ва такон нахӯрад ва ба шумо оби ширин ва гуворо нӯшонидем.
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿28﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон ба ин неъматҳо!
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ﴿29﴾ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Рӯзи қиёмат барои кофирон гуфта мешавад: Биравед ба сӯи азоби дӯзах он чӣ дар дунё дурӯғаш мешуморидед.
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ ﴿30﴾ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ
Биравед ба сӯи сояе аз дуди ҷаҳаннам, ки дорои сешоха аст,
لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ ﴿31﴾لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ
ки он на сояи хунук аст ва на дар он рӯз ҳарорати оташро бозмедорад.
إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ ﴿32﴾إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ
Ҳароина, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ки дар бузургии худ монанди баландии қасри азим аст),
كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ ﴿33﴾كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ
гӯё, ки он шарораҳо уштуроне сияҳтоби зардранг бошанд.
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿34﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки азоби Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ ﴿35﴾هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ
Ин қиёмат рӯзест, ки ҳеҷ кас аз дурӯғшуморандагон сухан нагӯянд.
وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ ﴿36﴾وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ
Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд, зеро барояшон узре нест.
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿37﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки ин рӯзро ва он чӣ дар он аст дурӯғ мебароранд!
هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ ﴿38﴾هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ
Ин рӯз, рӯзи фасл аст, ки дар ин рӯз байни ҳақ ва ботил ҷудо мегардад ва шумо эй кофирони ин уммат ва кофирони пешиниёнатонро гирд меоварем.
فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٞ فَكِيدُونِ ﴿39﴾فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٞ فَكِيدُونِ
Пас, агар ҳилае доред, ки худро аз азоб халос кунед, ба кор баред.
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿40﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мебароранд)!
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ ﴿41﴾إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ
Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз азоби Правардигорашон тарсиданд ва фармудаҳояшро ба ҷо оварданд ва аз манъкардҳояш дур истоданд, дар сояҳо ва канори чашмасоронанд,
وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ ﴿42﴾وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ
Ва аз ҳар мевае, ки орзу кунанд, баҳра мебаранд.
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿43﴾كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Барояшон гуфта мешавад: Ба подоши корҳое, ки дар дунё аз амалҳои шоиста мекардаед, бо лаззату гуворо бихӯред ва биёшомед.
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿44﴾إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ҳароина, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿45﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро ва он чӣ дар он аст аз неъматҳо ва азобҳо дурӯғ мебароранд!
كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ ﴿46﴾كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ
Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед.
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿47﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро дурӯғ мебароранд.
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ ﴿48﴾وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ
Ва чун барои мушрикон гуфта шавад, ки намоз гузоред ва рукӯъ кунед, намоз намегузоранд ва рукӯъ намекунанд, балки такаббур меварзанд.
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿49﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки мӯъҷизаҳои Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ ﴿50﴾فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ
Агар ба ин Қуръон имон наоварданд, пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? Ҳол он ки Қуръон худ мӯъҷиза ва баёнкунандаи ҳама чизҳост ва аҳкому хабарҳояш равшан аст.