وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَٱسۡجُدۡ لَهُۥ وَسَبِّحۡهُ لَيۡلٗا طَوِيلًا ﴿26﴾وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَٱسۡجُدۡ لَهُۥ وَسَبِّحۡهُ لَيۡلٗا طَوِيلًا
Ва дар бахше аз шаб барояш намоз бигзор ва Ӯро бахши дарозе аз шаб ба покӣ ёд кун.
وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَٱسۡجُدۡ لَهُۥ وَسَبِّحۡهُ لَيۡلٗا طَوِيلًا ﴿26﴾وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَٱسۡجُدۡ لَهُۥ وَسَبِّحۡهُ لَيۡلٗا طَوِيلًا
Ва дар бахше аз шаб барояш намоз бигзор ва Ӯро бахши дарозе аз шаб ба покӣ ёд кун.
إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ يُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَآءَهُمۡ يَوۡمٗا ثَقِيلٗا ﴿27﴾إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ يُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَآءَهُمۡ يَوۡمٗا ثَقِيلٗا
Ҳароина, инҳо кофирон ва мушрикон ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душвор (қиёмат)-ро пушти сар мепартоянд. (Яъне, барои охират амал намекунанд).
نَّحۡنُ خَلَقۡنَٰهُمۡ وَشَدَدۡنَآ أَسۡرَهُمۡۖ وَإِذَا شِئۡنَا بَدَّلۡنَآ أَمۡثَٰلَهُمۡ تَبۡدِيلًا ﴿28﴾نَّحۡنُ خَلَقۡنَٰهُمۡ وَشَدَدۡنَآ أَسۡرَهُمۡۖ وَإِذَا شِئۡنَا بَدَّلۡنَآ أَمۡثَٰلَهُمۡ تَبۡدِيلًا
Мо ба қудрати Худ онҳоро (одамиёнро) офаридаем ва аъзову пайвандҳояшонро ба василаи рагу пайванд нерӯманду мустаҳкам гардонидем ва агар хоҳем онҳоро ҳалок карда, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем, ки бандаи мутеи Аллоҳ шаванд.
إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذۡكِرَةٞۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلٗا ﴿29﴾إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذۡكِرَةٞۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلٗا
Ҳароина, ин сура пандест барои оламиён. Пас, ҳар кӣ барои худ дар дунёву охират некӯӣ хоҳад, бигирад роҳи имон ва парҳезгориро, он роҳе ки ӯро ба сӯӣ бахшиш ва розигии Аллоҳ мебарад.
وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمٗا ﴿30﴾وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمٗا
Ва шумо ҷуз он наметавонед бихоҳед, магар ин ки Аллоҳ хоста бошад. Ҳамоно Аллоҳ доност ба аҳволи бандагонаш ва ҳаким аст дар тадбиру коргузориҳояш.
يُدۡخِلُ مَن يَشَآءُ فِي رَحۡمَتِهِۦۚ وَٱلظَّـٰلِمِينَ أَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمَۢا ﴿31﴾يُدۡخِلُ مَن يَشَآءُ فِي رَحۡمَتِهِۦۚ وَٱلظَّـٰلِمِينَ أَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمَۢا
Ҳар касро, ки аз бандагонаш бихоҳад, шомили раҳмат ва розигии худ созад ва барои ситамкорон ва таҷовузкунандагони ҳудудҳои Илоҳӣ азоби дардоваре омода кардааст.
وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفٗا ﴿1﴾وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفٗا
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفٗا ﴿2﴾فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفٗا
ва савганд ба бодҳои сахти вазандаи ҳалоксозанда
وَٱلنَّـٰشِرَٰتِ نَشۡرٗا ﴿3﴾وَٱلنَّـٰشِرَٰتِ نَشۡرٗا
ва савганд ба фариштагоне, ки ба бодҳои бороновар ӯҳдадоранд, ҳар куҷо ки Аллоҳ хоҳад боронро мебаранд
فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقٗا ﴿4﴾فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقٗا
ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаанд ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром
فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا ﴿5﴾فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا
ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳйи Илоҳиро аз назди Аллоҳ ба сӯи паёмбарон мефароранд,
عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا ﴿6﴾عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا
то ҳуҷҷатро барпо намоянд ё мардумро бим намоянд,
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٞ ﴿7﴾إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٞ
ки ҳароина, он чӣ ба шумо аз амри рӯзи қиёмат ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!
فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ ﴿8﴾فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ
Пас, он гоҳ ки ситорагон нест ва хомӯш шаванд ва равшании онҳо аз байн равад
وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ ﴿9﴾وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ
ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ ﴿10﴾وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ
ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд ва дар фазо барбод раванд ва ҳеҷ асаре аз онҳо боқӣ намонад
وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ ﴿11﴾وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ
ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад, ки миёни онҳо ва умматонашон доварӣ шавад.
لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ ﴿12﴾لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ
Пас гӯянд: барои кадом рӯз ин чизҳо мавқуф гузошта шуд?
لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ ﴿13﴾لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ
Онгоҳ гуфта шавад: барои рӯзи фасл, ки дар он миёни мардум мувофиқи аъмолашон доварӣ содир мешавад.
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ﴿14﴾وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ
Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл ва шиддат ва сахтии он чист?
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿15﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой (ҳалокӣ бод) бар дурӯғшуморандагон!
أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿16﴾أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ
Оё ба сабаби дурӯғбароварданашон паёмбаронро умматони пешинаро монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ҳалок накардаем?
ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ ﴿17﴾ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ
Баъд аз он умматони охиринро (аз куффори Макка ва амсоли онҳо, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд,) низ аз паи онҳо намебарем?
كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ ﴿18﴾كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ
Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. Ин равиши мо дар мавриди онҳост.
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿19﴾وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон; касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбарон ва ба рӯзи зинда шудани баъд аз марг ва ҳисоб бовар надоранд!