Эй Паёмбар, чаро ба худ чизеро, ки Аллоҳ бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Аллоҳ барои ту омӯрзанда ва меҳрубон аст!
Ва он гоҳ ки Паёмбар бо яке аз занони худ (Ҳафса разияллоҳу анҳо) сирре дар миён ниҳод, чун он зан он сир бо дигаре (Оиша разияллоҳу анҳо) боз гуфт, Аллоҳ Паёмбарро аз фош кардани он сир огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он сирро бар он зан (Ҳафса) ошкор кард ва рӯи лутфу меҳрубонӣ аз баъзеи дигараш худдорӣ кард. Чун ӯро аз он хабар дод, (Ҳафса) гуфт: «чӣ касе туро аз ин хабар огоҳ кардааст?» Гуфт: Он Аллоҳи донои огоҳ ба ман хабар додааст, ки бар Вай чизе пинҳон намемонад.
Агар шумо ду зан (Ҳафса ва Оиша) ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, беҳтар аст, ҳамоно каме каҷ шуд дили шумо аз роҳи ҳақ. Ва агар бар зидди ӯ ҳамдаст шавед, пас бидонед, ки Аллоҳ сарвар ва мададгори ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиста ва фариштагон баъд аз ин нусрати Аллоҳ ва Ҷабраил ва мӯъминони шоиста пуштибони он хоҳанд буд.
Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, худ ва хонаводаи худро бо анҷом додани амрҳои Аллоҳ ва манъкардаҳош аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд. Ҳар чӣ Аллоҳ бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.
Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос, ки баъд аз он гуноҳе набошад. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар зери қасрҳои он дарёҳо ҷорист. Дар он рӯз Аллоҳ Паёмбар ва касонеро, ки бо ҳамроҳии ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш аз самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон, то аз сироти қиёмат гузарем ва ба ҷаннат муваффақ шавем ва моро биёмӯрз, ки ҳароина, ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»
Эй Паёмбар, бар кофирону мунофиқон бо ҳуҷҷат ва бурҳон ва барпо доштани ҳудуд ва шаъоири дин ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон дар охират ҷаҳаннам аст ва бад саранҷомест дӯзах!
Ва низ мисоли дигареро барои мӯъминон меорад, ки Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. (Яъне, ба Ҷабраил фармон додем, то дар кисаи куртаи вай бидамад, пас он дам ба раҳми вай расид, ба Исо алайҳиссалом бордор шуд) Ва ӯ (Марям) калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ба шариъате, ки бар бандагонаш муқаррар карда буд, ба он амал намуд. Ва ӯ (Марям) аз фармонбардорон буд.