quranm◉

Surah At-Tahrim transliteration

◉ Сура · ∞

66:1

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ لِمَ تُحَرِّمُ مَآ أَحَلَّ ٱللَّهُ لَكَۖ تَبۡتَغِي مَرۡضَاتَ أَزۡوَٰجِكَۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿1﴾

Transliteration: Ya ayyuha alnnabiyyu lima tuharrimu ma ahalla Allahu laka tabtaghee mardata azwajika waAllahu ghafoorun raheemun

Translation: Эй Паёмбар, чаро ба худ чизеро, ки Аллоҳ бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Аллоҳ барои ту омӯрзанда ва меҳрубон аст!

66:2

قَدۡ فَرَضَ ٱللَّهُ لَكُمۡ تَحِلَّةَ أَيۡمَٰنِكُمۡۚ وَٱللَّهُ مَوۡلَىٰكُمۡۖ وَهُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿2﴾

Transliteration: Qad farada Allahu lakum tahillata aymanikum waAllahu mawlakum wahuwa alAAaleemu alhakeemu

Translation: Аллоҳ барои шумо эй мӯъминон кушодани (шикастан) савгандҳоятонро муқаррар доштааст; ва он ба даҳ мискин таъом додан ё пӯшондани онҳо ё як ғулом озод кардан аст, пас касе чизе наёфт, лозим аст бар вай се рӯз рӯза дорад. Аллоҳ ёвар ва нусратдиҳандаи шумост, Ӯст доно ба он чи ки салоҳ ва наҷоти шумо дар он аст ва дар афъол ва суханони хеш ҳаким аст!

66:3

وَإِذۡ أَسَرَّ ٱلنَّبِيُّ إِلَىٰ بَعۡضِ أَزۡوَٰجِهِۦ حَدِيثٗا فَلَمَّا نَبَّأَتۡ بِهِۦ وَأَظۡهَرَهُ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ عَرَّفَ بَعۡضَهُۥ وَأَعۡرَضَ عَنۢ بَعۡضٖۖ فَلَمَّا نَبَّأَهَا بِهِۦ قَالَتۡ مَنۡ أَنۢبَأَكَ هَٰذَاۖ قَالَ نَبَّأَنِيَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡخَبِيرُ ﴿3﴾

Transliteration: Waith asarra alnnabiyyu ila baAAdi azwajihi hadeethan falamma nabbaat bihi waathharahu Allahu AAalayhi AAarrafa baAAdahu waaAArada AAan baAAdin falamma nabbaaha bihi qalat man anbaaka hatha qala nabbaaniya alAAaleemu alkhabeeru

Translation: Ва он гоҳ ки Паёмбар бо яке аз занони худ (Ҳафса разияллоҳу анҳо) сирре дар миён ниҳод, чун он зан он сир бо дигаре (Оиша разияллоҳу анҳо) боз гуфт, Аллоҳ Паёмбарро аз фош кардани он сир огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он сирро бар он зан (Ҳафса) ошкор кард ва рӯи лутфу меҳрубонӣ аз баъзеи дигараш худдорӣ кард. Чун ӯро аз он хабар дод, (Ҳафса) гуфт: «чӣ касе туро аз ин хабар огоҳ кардааст?» Гуфт: Он Аллоҳи донои огоҳ ба ман хабар додааст, ки бар Вай чизе пинҳон намемонад.

66:4

إِن تَتُوبَآ إِلَى ٱللَّهِ فَقَدۡ صَغَتۡ قُلُوبُكُمَاۖ وَإِن تَظَٰهَرَا عَلَيۡهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ هُوَ مَوۡلَىٰهُ وَجِبۡرِيلُ وَصَٰلِحُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۖ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ بَعۡدَ ذَٰلِكَ ظَهِيرٌ ﴿4﴾

Transliteration: In tatooba ila Allahi faqad saghat quloobukuma wain tathahara AAalayhi fainna Allaha huwa mawlahu wajibreelu wasalihu almumineena waalmalaikatu baAAda thalika thaheerun

Translation: Агар шумо ду зан (Ҳафса ва Оиша) ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, беҳтар аст, ҳамоно каме каҷ шуд дили шумо аз роҳи ҳақ. Ва агар бар зидди ӯ ҳамдаст шавед, пас бидонед, ки Аллоҳ сарвар ва мададгори ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиста ва фариштагон баъд аз ин нусрати Аллоҳ ва Ҷабраил ва мӯъминони шоиста пуштибони он хоҳанд буд.

66:5

عَسَىٰ رَبُّهُۥٓ إِن طَلَّقَكُنَّ أَن يُبۡدِلَهُۥٓ أَزۡوَٰجًا خَيۡرٗا مِّنكُنَّ مُسۡلِمَٰتٖ مُّؤۡمِنَٰتٖ قَٰنِتَٰتٖ تَـٰٓئِبَٰتٍ عَٰبِدَٰتٖ سَـٰٓئِحَٰتٖ ثَيِّبَٰتٖ وَأَبۡكَارٗا ﴿5﴾

Transliteration: AAasa rabbuhu in tallaqakunna an yubdilahu azwajan khayran minkunna muslimatin muminatin qanitatin taibatin AAabidatin saihatin thayyibatin waabkaran

Translation: Шояд агар шуморо эй занон талоқ диҳад, Парвардигораш ба ҷойи шумо заноне беҳтар аз шумо барояш бидиҳад. Заноне мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, ахли ибодату рӯзагир, хоҳ шавҳар карда, хоҳ бокира.

66:6

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَيۡهَا مَلَـٰٓئِكَةٌ غِلَاظٞ شِدَادٞ لَّا يَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَآ أَمَرَهُمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ﴿6﴾

Transliteration: Ya ayyuha allatheena amanoo qoo anfusakum waahleekum naran waqooduha alnnasu waalhijaratu AAalayha malaikatun ghilathun shidadun la yaAAsoona Allaha ma amarahum wayafAAaloona ma yumaroona

Translation: Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, худ ва хонаводаи худро бо анҷом додани амрҳои Аллоҳ ва манъкардаҳош аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд. Ҳар чӣ Аллоҳ бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.

66:7

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَعۡتَذِرُواْ ٱلۡيَوۡمَۖ إِنَّمَا تُجۡزَوۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿7﴾

Transliteration: Ya ayyuha allatheena kafaroo la taAAtathiroo alyawma innama tujzawna ma kuntum taAAmaloona

Translation: Барои касоне, ки маъбуди барҳақро инкор менамоянд, ҳангоми партофтанашон ба дӯзах гуфта мешавад: Эй кофирон, имрӯз узр пеш маёред. Фақат барои коре, ки дар дунё кардаед, ҷазо дода мешавед.

66:8

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ تُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ تَوۡبَةٗ نَّصُوحًا عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يُكَفِّرَ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَيُدۡخِلَكُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ يَوۡمَ لَا يُخۡزِي ٱللَّهُ ٱلنَّبِيَّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥۖ نُورُهُمۡ يَسۡعَىٰ بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَبِأَيۡمَٰنِهِمۡ يَقُولُونَ رَبَّنَآ أَتۡمِمۡ لَنَا نُورَنَا وَٱغۡفِرۡ لَنَآۖ إِنَّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿8﴾

Transliteration: Ya ayyuha allatheena amanoo tooboo ila Allahi tawbatan nasoohan AAasa rabbukum an yukaffira AAankum sayyiatikum wayudkhilakum jannatin tajree min tahtiha alanharu yawma la yukhzee Allahu alnnabiyya waallatheena amanoo maAAahu nooruhum yasAAa bayna aydeehim wabiaymanihim yaqooloona rabbana atmim lana noorana waighfir lana innaka AAala kulli shayin qadeerun

Translation: Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос, ки баъд аз он гуноҳе набошад. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар зери қасрҳои он дарёҳо ҷорист. Дар он рӯз Аллоҳ Паёмбар ва касонеро, ки бо ҳамроҳии ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш аз самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон, то аз сироти қиёмат гузарем ва ба ҷаннат муваффақ шавем ва моро биёмӯрз, ки ҳароина, ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»

66:9

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ جَٰهِدِ ٱلۡكُفَّارَ وَٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱغۡلُظۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿9﴾

Transliteration: Ya ayyuha alnnabiyyu jahidi alkuffara waalmunafiqeena waoghluth AAalayhim wamawahum jahannamu wabisa almaseeru

Translation: Эй Паёмбар, бар кофирону мунофиқон бо ҳуҷҷат ва бурҳон ва барпо доштани ҳудуд ва шаъоири дин ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон дар охират ҷаҳаннам аст ва бад саранҷомест дӯзах!

66:10

ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱمۡرَأَتَ نُوحٖ وَٱمۡرَأَتَ لُوطٖۖ كَانَتَا تَحۡتَ عَبۡدَيۡنِ مِنۡ عِبَادِنَا صَٰلِحَيۡنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمۡ يُغۡنِيَا عَنۡهُمَا مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـٔٗا وَقِيلَ ٱدۡخُلَا ٱلنَّارَ مَعَ ٱلدَّـٰخِلِينَ ﴿10﴾

Transliteration: Daraba Allahu mathalan lillatheena kafaroo imraata noohin waimraata lootin kanata tahta AAabdayni min AAibadina salihayni fakhanatahuma falam yughniya AAanhuma mina Allahi shayan waqeela odkhula alnnara maAAa alddakhileena

Translation: Аллоҳ барои кофирон дар омезиш ва муошироти онҳо бо мусалмонон ҳеҷ фоидае надорад мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лут алайҳимассалом дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд, чунки он ду зан кофир буданд. Пас он ду паёмбар натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва барои он ду зан гуфта шуд: «Бо ҳамроҳи дигарон ба оташ дароед!»

66:11

وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱمۡرَأَتَ فِرۡعَوۡنَ إِذۡ قَالَتۡ رَبِّ ٱبۡنِ لِي عِندَكَ بَيۡتٗا فِي ٱلۡجَنَّةِ وَنَجِّنِي مِن فِرۡعَوۡنَ وَعَمَلِهِۦ وَنَجِّنِي مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿11﴾

Transliteration: Wadaraba Allahu mathalan lillatheena amanoo imraata firAAawna ith qalat rabbi ibni lee AAindaka baytan fee aljannati wanajjinee min firAAawna waAAamalihi wanajjinee mina alqawmi alththalimeena

Translation: Ва Аллоҳ барои касоне, ки имон овардаанд ва танҳо Ӯро ибодат кардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд, ки омезишу муомилот ва муошироти онҳо бо кофирон ҳеҷ зарарашон намеорад ва аз ин сабаб зани Фиръавнро, ки мӯъминазан буд, дар дасти ашаддитарини кофирон ҳаёт ба сар мебурд мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ, маро аз мардуми ситамкор бираҳон!»

66:12

وَمَرۡيَمَ ٱبۡنَتَ عِمۡرَٰنَ ٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتۡ بِكَلِمَٰتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِۦ وَكَانَتۡ مِنَ ٱلۡقَٰنِتِينَ ﴿12﴾

Transliteration: Wamaryama ibnata AAimrana allatee ahsanat farjaha fanafakhna feehi min roohina wasaddaqat bikalimati rabbiha wakutubihi wakanat mina alqaniteena

Translation: Ва низ мисоли дигареро барои мӯъминон меорад, ки Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. (Яъне, ба Ҷабраил фармон додем, то дар кисаи куртаи вай бидамад, пас он дам ба раҳми вай расид, ба Исо алайҳиссалом бордор шуд) Ва ӯ (Марям) калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ба шариъате, ки бар бандагонаш муқаррар карда буд, ба он амал намуд. Ва ӯ (Марям) аз фармонбардорон буд.

Transliteration source: English Transliteration by Tanzil. Used under Tanzil's non-commercial terms; see the source and latest updates at Tanzil. Tanzil translation download