Сура Yunus 10:45
وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ كَأَن لَّمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا سَاعَةٗ مِّنَ ٱلنَّهَارِ يَتَعَارَفُونَ بَيۡنَهُمۡۚ قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱللَّهِ وَمَا كَانُواْ مُهۡتَدِينَ ﴿٤٥﴾
◉
Тарҷума
Ва рӯзе, ки Аллоҳ он мушриконро барои ҳисобу китоб дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ, (эй Паёмбар), ки танҳо дар қабрҳояшон ба миқдори соате аз рӯз дар дунё истодаанд, то якдигарро бишиносанд. Баъд аз он аз ҳавли даҳшати қиёмат соати шиносоӣ бурида мешавад. Онҳо, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ меҳисобанд, зиёндидаанд ва ҳидоятнаёфтагонанд!
Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро [дар пешгоҳи хеш] гирд меоварад, [чунон эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ ҷуз соате аз рӯз [дар дунё] диранг накардаанд [ва дар онҷо] якдигарро мешиносанд. Бе тардид, касоне, ки дидори Аллоҳ таолоро дурӯғ меангоштанд, зиён диданд ва ҳидоят наёфтанд
Ва рӯзе, ки Худованд ононро дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ, ки танҳо соате аз рӯз дар дунё истодаанд, якдигарро бишиносанд. Онҳо, ки дидор бо Худоро дурӯғ, меҳисобиданд, зяёндидаанд ва ҳидоятнаёфтаанд!