Сура Hud 11:94
وَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا شُعَيۡبٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَأَخَذَتِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلصَّيۡحَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دِيَٰرِهِمۡ جَٰثِمِينَ ﴿٩٤﴾
◉
Тарҷума
Ва чун замони азоби Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш наҷот додем. Ва ситамкоронро наъраи ваҳшатангези азоб фаро гирифт ва дар хонаҳои хеш ба зону афтода, мурданд,
Ва чун фармони Мо фаро расид, Шуайб ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш наҷот додем ва касонеро, ки ситам карданд, бонге [маргбор] фаро гирифт, пас, дар ҷойи худ ба рӯ афтоданд ва ҳалок шуданд;
Чун амри Мо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ раҳонидем. Ва ситамкоронро фарёди сахте фурӯ гирифт ва дар хонаҳои хеш бар ҷой мурданд,