Сура Al-Baqarah 2:182
فَمَنۡ خَافَ مِن مُّوصٖ جَنَفًا أَوۡ إِثۡمٗا فَأَصۡلَحَ بَيۡنَهُمۡ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿١٨٢﴾
◉
Тарҷума
Гар касе донад, ки васияткунандае дар васияти худ дур аст аз ҳақ, хоҳ қасдан бошад ё саҳван ва насиҳат кунад васияткунандаро ба адл ва ӯ насиҳатро қабул накунад, пас агар ислоҳе миёни онон пардозад, ба тағйир додани васият то мувофиқи шариъат шавад муртакиби гуноҳе нашудааст. Ба дурустӣ Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст!
Пас, касе, ки аз беадолатӣ [ва майли беҷойи] васияткунанда [нисбат ба ворисон] ё аз гуноҳи ӯ [дар васият ба кори хилоф] битарсад ва [бо ислоҳи васият] миёни онон [ворисон]-ро созиш диҳад, бар ӯ гуноҳе нест, [ки] ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ҳар гоҳ хавфи он равад, ки васияткунандае дар васияти худ дастхуши ситам ё гуноҳе шуда бошад, агар касе ба ислоҳи миёни онон пардозад, муртакиби гуноҳе нашудааст, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст!