Сура Al-Baqarah 2:181
فَمَنۢ بَدَّلَهُۥ بَعۡدَ مَا سَمِعَهُۥ فَإِنَّمَآ إِثۡمُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ ﴿١٨١﴾
◉
Тарҷума
Пас ҳар кас, ки он васияти майитро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Ҳамоно Аллоҳ мешунавад васияти шуморо ва медонад он чиро, ки махфӣ медоред дар дил; (ба майл кардан суи ҳақ ва адл ё зулму ҳалокӣ.)
Пас, ҳар ки он [васият]-ро пас аз шуниданаш тағйир диҳад, гуноҳаш танҳо бар [уҳдаи] касонест, ки онро тағйир медиҳанд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
Пас ҳар кас, ки он васиятро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Худо шунаво ва доност!