Сура Al-Baqarah 2:188
وَلَا تَأۡكُلُوٓاْ أَمۡوَٰلَكُم بَيۡنَكُم بِٱلۡبَٰطِلِ وَتُدۡلُواْ بِهَآ إِلَى ٱلۡحُكَّامِ لِتَأۡكُلُواْ فَرِيقٗا مِّنۡ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ بِٱلۡإِثۡمِ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ﴿١٨٨﴾
◉
Тарҷума
Молҳои якдигарро ба ноҳақ (ба монанди қасами бар дурӯғ, ба зӯрӣ гирифтан, дуздӣ, пора...) махӯред ва амволи худро ба ришват ба ҳокимон мадиҳед, то бад-он сабаб молҳои гурӯҳи дигарро ба ноҳақ бихӯред. Ва шумо худ ҳаром будани инро медонед.
Ва амволатонро байни худ ба ботил [ва ноҳақ] нахӯред ва барои он, ки бахше аз моли мардумро ба гуноҳ бихӯред, қазияро ба ҳокимон накашонед, дар ҳоле ки медонед [ки ин кор гуноҳ аст]
Молҳои, якдигарро ба ношоист махӯред ва онро ба ришват ба ҳакимон мадиҳед то бад-он сабаб молҳои гурӯҳе дигарро ба ноҳақ бихӯред. Ва шумо худ медонед.