Сура Al-Baqarah 2:60
۞وَإِذِ ٱسۡتَسۡقَىٰ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ فَقُلۡنَا ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡحَجَرَۖ فَٱنفَجَرَتۡ مِنۡهُ ٱثۡنَتَا عَشۡرَةَ عَيۡنٗاۖ قَدۡ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٖ مَّشۡرَبَهُمۡۖ كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ مِن رِّزۡقِ ٱللَّهِ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ﴿٦٠﴾
◉
Тарҷума
Ва ба ёд оред он гоҳ, ки ташналабону саргардон будед, пас Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар санг бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он баромад. Ҳар гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист, то байнашон кашмакаш нашавад. Ва барояшон гуфтем: Аз рӯзии Аллоҳ бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин бо фасод саркашӣ макунед!
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро, ки Мӯсо барои қавми хеш об хост, пас, гуфтем: "Асои худро бар санг бизан". Он гоҳ дувоздаҳ чашма аз он ҷӯшид ва ҳар гурӯҳе обнӯшгоҳи худро донист [ва гуфтем]: "Аз рӯзии Аллоҳ таоло бихӯред ва биёшомед ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед"
Ва ба ёд оред он гоҳро, ки Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар он санг бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он баромад. Ҳар гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист. Аз рӯзии Худо бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин ба фасод саркашӣ макунед!