Сура Taha 20:86
فَرَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ غَضۡبَٰنَ أَسِفٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَمۡ يَعِدۡكُمۡ رَبُّكُمۡ وَعۡدًا حَسَنًاۚ أَفَطَالَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡعَهۡدُ أَمۡ أَرَدتُّمۡ أَن يَحِلَّ عَلَيۡكُمۡ غَضَبٞ مِّن رَّبِّكُمۡ فَأَخۡلَفۡتُم مَّوۡعِدِي ﴿٨٦﴾
◉
Тарҷума
Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё муддати набудани ман дароз шуд ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фуруд ояд, ки ваъдаи манро хилоф кардед?»
Пас, Мӯсо хашмгин [ва] андӯҳнок ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва] гуфт: «Эй қавми ман, магар Парвардигоратон [дар бораи нузули Таврот] ваъдаи наку ба шумо надода буд? Оё бар паймони шумо [бо Аллоҳ таоло] замоне тӯлонӣ гузашт [ва ҳамаро аз ёд бурдед] ё хостед, хашме аз [сӯи] Парвардигоратон бар шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»
Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё дер кардани ман дароз кашид ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»