An-Nahl 16:119ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٌ ﴿١١٩﴾
Пас, бегумон Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ анҷомдиҳандаи кори зиште шаванд, сипас тавба кунанд аз гуноҳони худ ва ислоҳ шаванд ва ба он чи ки Аллоҳ дӯст медорад ва розӣ аст, амал намоянд, ҳамоно Парвардигори ту баъд аз тавбаашон барои онҳо омурзандаву меҳрубон аст!
Al-Isra 17:1سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ﴿١﴾
Пок аст он Аллоҳе, ки бандаи худро бо ҷасаду рӯҳ, бедор на хоб шабе аз Масҷидулҳаром (Макка) ба Масҷидулақсо, (Байтулмуқаддас) ки гирдогирдашро бо зироату меваҳо баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем, албатта, Ӯ шунавову биност!
Al-Isra 17:2وَءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ أَلَّا تَتَّخِذُواْ مِن دُونِي وَكِيلٗا ﴿٢﴾
Ва китоби Тавротро ба Мӯсо додем ва он китобро роҳнамои банӣ Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман сарпарасти дигаре дар амри дину дунёятон интихоб накунед.
Al-Isra 17:3ذُرِّيَّةَ مَنۡ حَمَلۡنَا مَعَ نُوحٍۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَبۡدٗا شَكُورٗا ﴿٣﴾
Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон бардоштем, Мо падарони шуморо аз ғарқ шудан наҷот додем. Пас, Аллоҳро дар муқобили неъматҳояш шукргузор бошед, бидонед, км ӯ (Нуҳ) бандае сипосгузор буд.
Al-Isra 17:4وَقَضَيۡنَآ إِلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَتُفۡسِدُنَّ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَّتَيۡنِ وَلَتَعۡلُنَّ عُلُوّٗا كَبِيرٗا ﴿٤﴾
Ва банӣ Исроилро дар Тавроте, ки ба онҳо нозил шуда буд, хабар додем, ки ду бор дар замини (Шом ва Байтулмуқаддас) фасод мекунед ва низ саркашӣ мекунед, ва сар ба туғён хоҳед дошт.
Al-Isra 17:5فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ أُولَىٰهُمَا بَعَثۡنَا عَلَيۡكُمۡ عِبَادٗا لَّنَآ أُوْلِي بَأۡسٖ شَدِيدٖ فَجَاسُواْ خِلَٰلَ ٱلدِّيَارِۚ وَكَانَ وَعۡدٗا مَّفۡعُولٗا ﴿٥﴾
Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони хешро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, бар сари шумо фиристодем. Онон ҳатто даруни хонаҳоро ҳам тафтиш мекарданд ва ин ваъда (ғалаба ва интиқом) ба анҷом расид.
Al-Isra 17:6ثُمَّ رَدَدۡنَا لَكُمُ ٱلۡكَرَّةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَمۡدَدۡنَٰكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ أَكۡثَرَ نَفِيرًا ﴿٦﴾
Бори дигар чун ислоҳ шудед, шуморо бар онҳо (Ҷолут ва лашкараш) ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шумораатон дар замони Довуд (алайҳиссалом) афзудем.
Al-Isra 17:7إِنۡ أَحۡسَنتُمۡ أَحۡسَنتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡۖ وَإِنۡ أَسَأۡتُمۡ فَلَهَاۚ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ لِيَسُـُٔواْ وُجُوهَكُمۡ وَلِيَدۡخُلُواْ ٱلۡمَسۡجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَلِيُتَبِّرُواْ مَا عَلَوۡاْ تَتۡبِيرًا ﴿٧﴾
Аллоҳ ба банӣ Исроил мегӯяд: Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ва чун ваъдаи дуввум фаро расид, касонеро бар саратон фиристодем, то шуморо бо озору алам расонидан ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.
Al-Isra 17:8عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يَرۡحَمَكُمۡۚ وَإِنۡ عُدتُّمۡ عُدۡنَاۚ وَجَعَلۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ حَصِيرًا ﴿٨﴾
Шояд Парвардигоратон бар шумо (эй банӣ Исроил) раҳмат оварад, агар аз гуноҳ тавба кунед. Ва агар ба маъсияту гунаҳкорӣ бозгардед, бозмегардем барои азоб карданатон дар ин ҷаҳон ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.
Taha 20:80يَٰبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ قَدۡ أَنجَيۡنَٰكُم مِّنۡ عَدُوِّكُمۡ وَوَٰعَدۡنَٰكُمۡ جَانِبَ ٱلطُّورِ ٱلۡأَيۡمَنَ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰ ﴿٨٠﴾
«Эй банӣ Исроил, ҳамоно шуморо аз душманатон наҷот додем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем барои нузули Таврот ва бароятон манн (ширинӣ) ва салво (бедона) фурӯ фиристодем.
Taha 20:81كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَلَا تَطۡغَوۡاْ فِيهِ فَيَحِلَّ عَلَيۡكُمۡ غَضَبِيۖ وَمَن يَحۡلِلۡ عَلَيۡهِ غَضَبِي فَقَدۡ هَوَىٰ ﴿٨١﴾
Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад магузаронед дар зулм кардани якдигар, то мабодо хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, ба ростӣ нобуд шудааст.
Taha 20:82وَإِنِّي لَغَفَّارٞ لِّمَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا ثُمَّ ٱهۡتَدَىٰ ﴿٨٢﴾
Ва ба ростӣ, ман бисёр омурзанда ҳастам барои касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, он гоҳ роҳ ёбад.
Taha 20:83۞وَمَآ أَعۡجَلَكَ عَن قَوۡمِكَ يَٰمُوسَىٰ ﴿٨٣﴾
Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, ки аз қавми худ пеш ойӣ?»
Taha 20:84قَالَ هُمۡ أُوْلَآءِ عَلَىٰٓ أَثَرِي وَعَجِلۡتُ إِلَيۡكَ رَبِّ لِتَرۡضَىٰ ﴿٨٤﴾
Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз пайи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯйи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ».
Taha 20:85قَالَ فَإِنَّا قَدۡ فَتَنَّا قَوۡمَكَ مِنۢ بَعۡدِكَ وَأَضَلَّهُمُ ٱلسَّامِرِيُّ ﴿٨٥﴾
Аллоҳ ба Мӯсо гуфт: «Ба дурустӣ, Мо қавми туро пас аз ту бо ибодати гӯсола озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт».
Taha 20:86فَرَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ غَضۡبَٰنَ أَسِفٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَمۡ يَعِدۡكُمۡ رَبُّكُمۡ وَعۡدًا حَسَنًاۚ أَفَطَالَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡعَهۡدُ أَمۡ أَرَدتُّمۡ أَن يَحِلَّ عَلَيۡكُمۡ غَضَبٞ مِّن رَّبِّكُمۡ فَأَخۡلَفۡتُم مَّوۡعِدِي ﴿٨٦﴾
Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё муддати набудани ман дароз шуд ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фуруд ояд, ки ваъдаи манро хилоф кардед?»
Taha 20:87قَالُواْ مَآ أَخۡلَفۡنَا مَوۡعِدَكَ بِمَلۡكِنَا وَلَٰكِنَّا حُمِّلۡنَآ أَوۡزَارٗا مِّن زِينَةِ ٱلۡقَوۡمِ فَقَذَفۡنَٰهَا فَكَذَٰلِكَ أَلۡقَى ٱلسَّامِرِيُّ ﴿٨٧﴾
Гуфтанд: Эй Мӯсо «Мо ба ихтиёри хеш ваъдаи ту хилоф накардем. Лекин мо аз зару зевари қавми Фиръавн бардоштем. Пас онҳоро ба фармони Сомирӣ дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ низ андохт он чиро ки бо худ дошт аз хоки зери пои аспи Ҷабраил алайҳиссалом.
Taha 20:88فَأَخۡرَجَ لَهُمۡ عِجۡلٗا جَسَدٗا لَّهُۥ خُوَارٞ فَقَالُواْ هَٰذَآ إِلَٰهُكُمۡ وَإِلَٰهُ مُوسَىٰ فَنَسِيَ ﴿٨٨﴾
Пас Сомирӣ барои банӣ Исроил ҷасади гӯсолае, ки садои говро дошт, бисохт ва дар фитна афтодагон ба баъзе гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсост. Ва Мӯсо маъбуди худро фаромӯш кардааст».
Taha 20:89أَفَلَا يَرَوۡنَ أَلَّا يَرۡجِعُ إِلَيۡهِمۡ قَوۡلٗا وَلَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ ضَرّٗا وَلَا نَفۡعٗا ﴿٨٩﴾
Оё касоне ки гӯсоларо парастиш карданд, намедонанд, ки он ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ фоидаву зиёне барояшон надорад?
Taha 20:90وَلَقَدۡ قَالَ لَهُمۡ هَٰرُونُ مِن قَبۡلُ يَٰقَوۡمِ إِنَّمَا فُتِنتُم بِهِۦۖ وَإِنَّ رَبَّكُمُ ٱلرَّحۡمَٰنُ فَٱتَّبِعُونِي وَأَطِيعُوٓاْ أَمۡرِي ﴿٩٠﴾
Албатта, Ҳорун низ пеш аз баргаштани Мӯсо ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд, то мӯъмин аз кофир маълум гардад. Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳи меҳрубон аст, аз пайи ман биёед ва дар тарки ибодати гӯсола фармонбардори ман бошед!»
Taha 20:91قَالُواْ لَن نَّبۡرَحَ عَلَيۡهِ عَٰكِفِينَ حَتَّىٰ يَرۡجِعَ إِلَيۡنَا مُوسَىٰ ﴿٩١﴾
Бархе аз гӯсолапарастон гуфтанд: «Мо барои парастиши гӯсола ҳамеша қоим хоҳем буд, то вақте ки Мӯсо ба сӯйи мо бозояд».
Taha 20:92قَالَ يَٰهَٰرُونُ مَا مَنَعَكَ إِذۡ رَأَيۡتَهُمۡ ضَلُّوٓاْ ﴿٩٢﴾
Мӯсо барои бародараш Ҳорун гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ гумроҳ шуданд, чӣ туро боздошт?
Taha 20:93أَلَّا تَتَّبِعَنِۖ أَفَعَصَيۡتَ أَمۡرِي ﴿٩٣﴾
Чаро аз пайи ман наомадӣ. Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?»
Taha 20:94قَالَ يَبۡنَؤُمَّ لَا تَأۡخُذۡ بِلِحۡيَتِي وَلَا بِرَأۡسِيٓۖ إِنِّي خَشِيتُ أَن تَقُولَ فَرَّقۡتَ بَيۡنَ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَلَمۡ تَرۡقُبۡ قَوۡلِي ﴿٩٤﴾
(Мӯсо даст ба риши Ҳорун ва мӯйи сари ӯ зад, вале Ҳорун ба Мӯсо) гуфт: «Эй писари модарам, магир аз ришу мӯйи сари ман. Ман тарсидам, ки агар онҳоро гузорам ва ба сӯйи ту оям, бигӯӣ: «Ту миёни банӣ Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва онҳоро ба гурӯҳ-гурӯҳ ҷудо намудӣ ва гуфтори маро риоят накардӣ».
Taha 20:95قَالَ فَمَا خَطۡبُكَ يَٰسَٰمِرِيُّ ﴿٩٥﴾
Мӯсо ба Сомирӣ гуфт: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?»
Taha 20:96قَالَ بَصُرۡتُ بِمَا لَمۡ يَبۡصُرُواْ بِهِۦ فَقَبَضۡتُ قَبۡضَةٗ مِّنۡ أَثَرِ ٱلرَّسُولِ فَنَبَذۡتُهَا وَكَذَٰلِكَ سَوَّلَتۡ لِي نَفۡسِي ﴿٩٦﴾
Сомирӣ гуфт: «Ман чизеро дидам, ки онҳо онро надида буданд. Муште аз хоке, ки пайи пойи аспи Ҷабраил, баргирифтам ва дар он қолабе, ки аз зар сохта будам ба шакли гӯсола дар даҳонаш андохтам ва нафси бади ман ин корро дар чашми ман биёрост..
Taha 20:97قَالَ فَٱذۡهَبۡ فَإِنَّ لَكَ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ أَن تَقُولَ لَا مِسَاسَۖ وَإِنَّ لَكَ مَوۡعِدٗا لَّن تُخۡلَفَهُۥۖ وَٱنظُرۡ إِلَىٰٓ إِلَٰهِكَ ٱلَّذِي ظَلۡتَ عَلَيۡهِ عَاكِفٗاۖ لَّنُحَرِّقَنَّهُۥ ثُمَّ لَنَنسِفَنَّهُۥ فِي ٱلۡيَمِّ نَسۡفًا ﴿٩٧﴾
Мӯсо ба Сомирӣ гуфт: Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯӣ: «Ба ман наздик машав». Ва низ туро ваъдаи дигарест, дар рӯзи қиёмат, ки аз он раҳо нашавӣ ва инак, ба сӯйи маъбуди худ, ки пайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки онро бисӯзонем ва онро ба дарё паҳн ва пароканда созем.
Taha 20:98إِنَّمَآ إِلَٰهُكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ وَسِعَ كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمٗا ﴿٩٨﴾
Ҷуз ин нест, ки маъбуди шумо Аллоҳ аст, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст.
Taha 20:99كَذَٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ مَا قَدۡ سَبَقَۚ وَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ مِن لَّدُنَّا ذِكۡرٗا ﴿٩٩﴾
Инчунин хабарҳои гузаштаро аз Мӯсо ва Фиръавн ва қавмашон барои ту эй Расул, ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ ин Қуръонро ато кардем, ки он панд аст барои шахсе ки панд мегирад.
Al-Hajj 22:17إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلصَّـٰبِـِٔينَ وَٱلنَّصَٰرَىٰ وَٱلۡمَجُوسَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ ﴿١٧﴾
Аллоҳ миёни онон, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собиён, ё насоро, ё маҷусият (оташпарастӣ)-ро баргузидаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад ва мӯъминонро ба ҷаннат ва кофиронро ба дӯзах медарорад. Бегумон Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст! Ва ҳар якро мувофиқи аъмолаш ҷазои муносиб медиҳад
Ash-Shu'ara 26:197أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَـٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ﴿١٩٧﴾
Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки ту эй Муҳаммад паёмбари барҳаққӣ, ҳол он ки уламои банӣ Исроил аз он огоҳанд?
An-Naml 27:76إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَقُصُّ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ أَكۡثَرَ ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ ﴿٧٦﴾
Ҳароина, ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки банӣ Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад.
An-Naml 27:77وَإِنَّهُۥ لَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿٧٧﴾
Ва ба ростӣ, Қуръон барои мӯъминон ҳидояту раҳмат аст.
An-Naml 27:78إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُم بِحُكۡمِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿٧٨﴾
Албатта, Парвардигори ту дар қиёмат ба ҳукми худ миёнашон доварӣ мекунад, ки Ӯ пирӯзманд аст, ҳукми Ӯро бозгардонда намешавад ва доност, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад!
An-Naml 27:79فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنَّكَ عَلَى ٱلۡحَقِّ ٱلۡمُبِينِ ﴿٧٩﴾
Пас, эй Паёмбар, ба Аллоҳ таваккал кун, ки бешак, ту бар дини рости равшан ҳастӣ!
An-Naml 27:80إِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ ﴿٨٠﴾
Эй Паёмбар, ҳароина, ту наметавонӣ суханатро ба мурдагон бишунавонӣ ва ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд, суханатро бирасонӣ.
An-Naml 27:81وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِي ٱلۡعُمۡيِ عَن ضَلَٰلَتِهِمۡۖ إِن تُسۡمِعُ إِلَّا مَن يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسۡلِمُونَ ﴿٨١﴾
Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон бозгардонӣ ва роҳ намоӣ. Ту танҳо метавонӣ сухани худро ба касоне бишунавонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд. Пас, онҳо дар баробари ҳақ таслимшудагон ҳастанд.
Al-Qasas 28:48فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ مِنۡ عِندِنَا قَالُواْ لَوۡلَآ أُوتِيَ مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ مُوسَىٰٓۚ أَوَلَمۡ يَكۡفُرُواْ بِمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ مِن قَبۡلُۖ قَالُواْ سِحۡرَانِ تَظَٰهَرَا وَقَالُوٓاْ إِنَّا بِكُلّٖ كَٰفِرُونَ ﴿٤٨﴾
Чун паёмбари ростгӯй (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, (кофирони Қурайш) гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо аз мӯъҷизаҳо дода шуд, ба ӯ дода нашудааст?» (Эй Расул, бигӯ барояшон:) Оё инҳо (яҳудиҳо) пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳарду (Тавроту Қуръон) ҷодуанд ва пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ба ҳар кадоме аз онҳо имон намеоварем.
Al-Qasas 28:49قُلۡ فَأۡتُواْ بِكِتَٰبٖ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ هُوَ أَهۡدَىٰ مِنۡهُمَآ أَتَّبِعۡهُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿٤٩﴾
Бигӯ эй Расул: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Аллоҳ китобе биёваред, ки аз ин ду (Тавроту Қуръон) беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»
Al-Qasas 28:50فَإِن لَّمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَكَ فَٱعۡلَمۡ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّنِ ٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ بِغَيۡرِ هُدٗى مِّنَ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿٥٠﴾
Пас, агар ин сухани туро иҷобат накарданд, бидон, ки аз пайи ҳавои нафси хеш мераванд ва кист гумроҳтар аз касе, ки бе раҳнамоӣ аз сӯи Аллоҳ, аз пайи ҳавои нафси худ меравад? Ҳароина, Аллоҳ мардуми ситамкорро, ки мухолифати амри Ӯ карданд ва аз ҳудудаш берун рафтанд, ҳидоят намекунад.
Al-Qasas 28:51۞وَلَقَدۡ وَصَّلۡنَا لَهُمُ ٱلۡقَوۡلَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ﴿٥١﴾
Барояшон сухан дар сухан пайвастем (яъне, пай дар пай оёти Қуръонро нозил кардем), бошад, ки пандпазир гарданд.
Al-Qasas 28:52ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِهِۦ هُم بِهِۦ يُؤۡمِنُونَ ﴿٥٢﴾
Касоне, ки пеш аз ин китоб (Қуръон) китобашон дода будем, (яъне, яҳуду насорое, ки китоби Аллоҳро табдил надода буданд) ба он Қуръон ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон меоваранд.
Al-Qasas 28:53وَإِذَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِهِۦٓ إِنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّنَآ إِنَّا كُنَّا مِن قَبۡلِهِۦ مُسۡلِمِينَ ﴿٥٣﴾
Ва чун бар онҳо Қуръон тиловат карда шуд, гуфтанд: «Ба он имон овардем. Бегумон ин аз ҷониби Парвардигори мо аст ва ҳақиқатан мо пеш аз нузули он ҳам мусалмон будем».
Al-Qasas 28:54أُوْلَـٰٓئِكَ يُؤۡتَوۡنَ أَجۡرَهُم مَّرَّتَيۡنِ بِمَا صَبَرُواْ وَيَدۡرَءُونَ بِٱلۡحَسَنَةِ ٱلسَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ﴿٥٤﴾
Онҳо касонеанд, ки ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор ба онҳо подош дода мешаванд. Зеро онҳо имон ба китоби худашон доранд ва низ имон ба Қуръон доранд. Инҳо бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чи рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.
Al-Qasas 28:55وَإِذَا سَمِعُواْ ٱللَّغۡوَ أَعۡرَضُواْ عَنۡهُ وَقَالُواْ لَنَآ أَعۡمَٰلُنَا وَلَكُمۡ أَعۡمَٰلُكُمۡ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ لَا نَبۡتَغِي ٱلۡجَٰهِلِينَ ﴿٥٥﴾
Ва чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ мекунанд ва мегӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»
Al-Qasas 28:56إِنَّكَ لَا تَهۡدِي مَنۡ أَحۡبَبۡتَ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ ﴿٥٦﴾
Ҳароина, ту эй Расул, ҳар касро, ки дӯст дорӣ наметавонӣ, ҳидоят кунӣ, вале Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад.
Al-'Ankabut 29:46۞وَلَا تُجَٰدِلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡۖ وَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا بِٱلَّذِيٓ أُنزِلَ إِلَيۡنَا وَأُنزِلَ إِلَيۡكُمۡ وَإِلَٰهُنَا وَإِلَٰهُكُمۡ وَٰحِدٞ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ﴿٤٦﴾
Бо аҳли китоб (яъне, бо яҳуду насоро) ба некӯтарин шева муҷодала кунед. Магар бо онҳое, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба тамоми он чи бар мо нозил шуда аз Қуръон ва он чи бар шумо нозил шудааст аз Таврот ва Инҷил, имон овардем, ки ҳама аз назди Аллоҳ таолост. Ва маъбуди мову маъбуди шумо якест ва на барои У шарике аст на зидде ва на ҳамтое ва мо дар баробари Ӯ фармонбардорем.
As-Sajdah 32:23وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَلَا تَكُن فِي مِرۡيَةٖ مِّن لِّقَآئِهِۦۖ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ﴿٢٣﴾
Дар ҳақиқат ба Мӯсо китоб додем, (чунон ки ба ту эй Расул Қуръонро додем.) Пас аз дидори Мӯсо дар шаби Исро ва Меъроҷ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои банӣ Исроил қарор додем.
As-Sajdah 32:24وَجَعَلۡنَا مِنۡهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا لَمَّا صَبَرُواْۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يُوقِنُونَ ﴿٢٤﴾
Ва аз фарзандони Исроил пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо мардумро ҳидоят мекарданд ва онҳоро ба ибодати Аллоҳ даъват мекарданд ва чун сабр пеша карданд бар душвориҳои даъват ва ҳидояти мардум ва ба оёти Мо, яқин доштанд.
As-Sajdah 32:25إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ ﴿٢٥﴾
Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ кофирон ва мӯъминон ихтилоф мекарданд, миёнашон бо адл доварӣ мекунад ва ҳар киро ҷазои муносиб хоҳад дод.