Сура Al-Qasas 28:31
وَأَنۡ أَلۡقِ عَصَاكَۚ فَلَمَّا رَءَاهَا تَهۡتَزُّ كَأَنَّهَا جَآنّٞ وَلَّىٰ مُدۡبِرٗا وَلَمۡ يُعَقِّبۡۚ يَٰمُوسَىٰٓ أَقۡبِلۡ وَلَا تَخَفۡۖ إِنَّكَ مِنَ ٱلۡأٓمِنِينَ ﴿٣١﴾
◉
Тарҷума
Асоятро бияндоз! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, тарсид ва гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо, пеш ой ва матарс. Ҳароина, Ту аз ҳама нохушиҳо дар амон ҳастӣ.
Ва асоятро бияфкан». Пас, чун [Мӯсо чунин карду] онро дид, ки ҳамчун море [босуръат] мехазад, [аз тарс] пушт карду гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] «Эй Мӯсо, пеш о ва натарс. Ҳатман, ту аз [осеби хатарҳо] эмин шудаӣ
Асоятро бипарто! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, пеш ою матарс. Ту дар амон ҳастӣ.