Сура Al-Qasas 28:32
ٱسۡلُكۡ يَدَكَ فِي جَيۡبِكَ تَخۡرُجۡ بَيۡضَآءَ مِنۡ غَيۡرِ سُوٓءٖ وَٱضۡمُمۡ إِلَيۡكَ جَنَاحَكَ مِنَ ٱلرَّهۡبِۖ فَذَٰنِكَ بُرۡهَٰنَانِ مِن رَّبِّكَ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦٓۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ ﴿٣٢﴾
◉
Тарҷума
Дастатро дар гиребони худ фурӯ кун, то сафед ва дурахшанда берун ояд, бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биёромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду мӯъҷиза асо ва дасти дурахшон аз ҷониби Парвардигорат бурҳони равшан барои Фиръавн ва ашрофи қавми ӯст, бегумон онон мардуме саркашанд».
Ва дастро дар гиребонат фурӯ бар [то] сапеду бидуни айб [ва бемории песӣ] хориҷ шавад ва [барои раҳоӣ] аз ин тарс дастонатро ба самти худ ҷамъ кун [ва ба синаат бичаспон]. Ин ду [муъҷизаи асо ва яди байзо] ду далели [равшан] аз сӯи Парвардигорат барои Фиръавн ва бузургони [қавми] ӯст. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе нофармонанд»
Дасти худ ба гиребон бибар то берун ояд сафед бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биёромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду аз ҷониби Парвардигорат ҳуҷҷатҳои ту барои Фиръавн ва атрофиёни ӯст, ки онон мардуме нофармонанд».