Сура Al-Qasas 28:45
وَلَٰكِنَّآ أَنشَأۡنَا قُرُونٗا فَتَطَاوَلَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡعُمُرُۚ وَمَا كُنتَ ثَاوِيٗا فِيٓ أَهۡلِ مَدۡيَنَ تَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَا وَلَٰكِنَّا كُنَّا مُرۡسِلِينَ ﴿٤٥﴾
◉
Тарҷума
Вале Мо аз он пас (баъди Мӯсо) наслҳоеро биёфаридем, ки умри дароз ёфтанд. Пас, аҳди Аллоҳро фаромӯш карданд ва амрашро тарк намуданд. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки ба сӯи ту онро ваҳй гуфтем ва барои мардум туро ба Паёмбари фиристодем.
Ва [Мо пас аз Мӯсо] наслҳое офаридем ва солҳои тӯлонӣ бар онон гузашт [ва паймони илоҳиро фаромӯш карданд]. Ва ту дар миёни аҳли Мадян иқомат надоштӣ [ки аз достони Мӯсо бохабар бошӣ ва] оёти Моро бар онон [мардуми Макка] бихонӣ, балки Мо будем, ки [ин оётро ба сӯят] мефиристодем
Вале Мо аз он пас наслҳоеро биёфаридем, ки умрашон ба дароз кашид. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки паёмбароне мефиристодем.