Сура Al-Qasas 28:46
وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ ٱلطُّورِ إِذۡ نَادَيۡنَا وَلَٰكِن رَّحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوۡمٗا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٖ مِّن قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ﴿٤٦﴾
◉
Тарҷума
Эй Расул, ту дар канори кӯҳи Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо додем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳӣ. Бошад, ки онҳо пандпазир шаванд ва ҳар хубиро ба ҷо оранд ва аз ҳар бадӣ дурӣ гиранд.
Ва он гоҳ ки [ба Мӯсо] нидо додем, ту дар канори кӯҳи Тӯр набудӣ, вале ба унвони раҳмате аз сӯйи Парвадигорат [ба ту ваҳй намудем], то гурӯҳеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае ба суроғашон наомадааст, [бо ин оёт] бим диҳӣ, бошад, ки панд пазиранд
Ту дар канори Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо кардем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳй. Бошад, ки пандпазир шаванд.