Сура Al-Qasas 28:57
وَقَالُوٓاْ إِن نَّتَّبِعِ ٱلۡهُدَىٰ مَعَكَ نُتَخَطَّفۡ مِنۡ أَرۡضِنَآۚ أَوَلَمۡ نُمَكِّن لَّهُمۡ حَرَمًا ءَامِنٗا يُجۡبَىٰٓ إِلَيۡهِ ثَمَرَٰتُ كُلِّ شَيۡءٖ رِّزۡقٗا مِّن لَّدُنَّا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿٥٧﴾
◉
Тарҷума
Мушрикон гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой надодаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале аксари мушрикон қадри ин неъматҳоро намедонанд, то шукри Аллоҳро ба ҷо оранд.
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Агар ҳамроҳи ту аз ҳидоят пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон мерабоянд». Оё мо ононро дар ҳарами амне ҷой надодем, ки анвои маҳсулот – ба унвони рӯзие аз ҷониби Мо – ба сӯяшон сарозер мегардад? Вале бештарашон [қадри неъматҳои илоҳиро] намедонанд
Гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой на додаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале бештаринашон намедонанд.