Сура An-Nisa 4:154
وَرَفَعۡنَا فَوۡقَهُمُ ٱلطُّورَ بِمِيثَٰقِهِمۡ وَقُلۡنَا لَهُمُ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡبَابَ سُجَّدٗا وَقُلۡنَا لَهُمۡ لَا تَعۡدُواْ فِي ٱلسَّبۡتِ وَأَخَذۡنَا مِنۡهُم مِّيثَٰقًا غَلِيظٗا ﴿١٥٤﴾
◉
Тарҷума
Ва ба хотири паймоне, ки бо онҳо баста будем, кӯҳи Турро бар болои сарашон бардоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон (яъне, сарҳоятонро фурӯ андохта) аз он дари Байтудмуқаддас дохил шавед ва дар рӯзи шанбе аз ҳад магузаред, (яъне моҳӣ надоред)». Ва аз онҳо паймони сахт гирифтем, вале паймонро шикастанд.
Ва ба сабаби паймон [гирифтан аз] онон [кӯҳи] Тӯрро болои сарашон барафроштем ва ба эшон гуфтем: "Бо фурӯтанӣ аз дарвоза [-и Байт-ул-муқаддас] ворид шавед" ва [ҳамчунин] ба онон гуфтем: "Ҳурмати шанберо нашканед [ва аз сайди моҳӣ даст бикашед]" ва аз онон паймони сахту устувор гирифтем
Ва ба хотири паймоне, ки бо онҳо баста будем, кӯҳи Турро бар болои сарашон бидоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон аз он дар дохил шавед ва дар рӯзи шанбе аз ҳад нагузаред». Ва аз онҳо паймоне сахт гирифтем.