Сура Ash-Shuraa 42:14
وَمَا تَفَرَّقُوٓاْ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى لَّقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ أُورِثُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ ﴿١٤﴾
◉
Тарҷума
Ва гурӯҳ-гурӯҳ нашуданд, магар баъд аз илм ва огоҳӣ. Ва ин тафриқаҷӯй фақат ба хотири ситамгарӣ ва каҷравӣ дар миёни худашон буд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда, буд, ки онҳоро то замони муъайяне мӯҳлат аст, бегумон дар миёни онҳо доварӣ мешуд. Ва бегумон касоне, ки баъд аз онҳо (яҳуду насоро) вориси китоби Аллоҳ шудаанд, ҳароина, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.
Ҳангоме ки далоили маҳками нубуввати паёмбар бар кофирон арза шуд, онон аз рӯйи бартарихоҳӣ [ва ҳасодат]-е ки байнашон буд, роҳи тафриқа тай намуданд ва агар фармони Парвардигорат [дар мавриди муҳлат ва таъхири азоб] то замоне муайян аз пеш муқаррар нашуда буд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва аммо пас аз кофирон [ва ба далели инкору ихтилофи онон] ворисони китоб [Таврот ва Инҷил низ] дар мавриди Қуръон сахт дар тардид ва бадгумонӣ ҳастанд
Аз рӯи ҳасаду адоват фирқа-фирқа шуданд, аз он пас, ки ба дониш даст ёфтанд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда буд, ки онҳоро то замоне муъайян мӯҳлат аст, бар онҳо ҳукми азоб мерафт. Ва касоне, ки баъд аз онҳо вориси китоби Худо шудаанд, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.