Сура Az-Zukhruf 43:40
أَفَأَنتَ تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ أَوۡ تَهۡدِي ٱلۡعُمۡيَ وَمَن كَانَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ ﴿٤٠﴾
◉
Тарҷума
Оё ту эй Паёмбар, мехоҳӣ ба ношунавоён сухан бишнавонӣ ё кӯронеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ бинамоӣ? Ин дар ӯҳдаи ту нест, ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст.
[Эй Паёмбар] Оё метавонӣ [паёми худро] ба гӯши ношунавоён бирасонӣ ё нобиноён ва гумроҳони ошкорро [ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ?
Оё ту мехоҳӣ ба карон сухан бишунавонӣ ё курон ва онҳоеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ нишон диҳӣ?