Сура Al-Jathiyah 45:30
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَيُدۡخِلُهُمۡ رَبُّهُمۡ فِي رَحۡمَتِهِۦۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡمُبِينُ ﴿٣٠﴾
◉
Тарҷума
Аммо касоне, ки дар дунё имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Парвардигорашон ононро дар ҷавори раҳмати Хеш дар биҳишт дохил мекунад ва ин комёбии ошкор аст.
Муъминони некукорро Парвардигорашон фарогирифтаи раҳмати хеш қарор хоҳад дод. Ин ҳамон комёбии ошкор аст
Аммо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд. Парвардигорашон дохил дар раҳмати Худ мекунад ва ин зафари ошкор аст.