Сура Al-An'am 6:27
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ وُقِفُواْ عَلَى ٱلنَّارِ فَقَالُواْ يَٰلَيۡتَنَا نُرَدُّ وَلَا نُكَذِّبَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّنَا وَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿٢٧﴾
◉
Тарҷума
Агар эй Паёмбар, онҳоро (мушриконро) дар он рӯзи қиёмат бингарӣ, ки дар баробари дӯзах нигоҳашон доштаанд, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд ба ҳаёти дунё, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нашуморем ва ба он амал кунем ва аз гӯруҳи мӯъминон бошем!»
Ва агар [ононро] ҳангоме ки дар баробари оташ [-и дузах] нигаҳ доштаанд, бубинӣ, [аз ҳолашон шигифтзада мешавӣ, ки] мегӯянд: «Эй кош, [ба дунё] бозгардонда мешудем ва оёти Парвардигорамонро такзиб намекардем ва аз муъминон будем»!
Агар онҳоро дар он рӯз, ки баробари оташ нигоҳашон доштаанд, бингарӣ, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нагӯем ва аз мӯъминон бошем!»