Сура Al-An'am 6:30
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ وُقِفُواْ عَلَىٰ رَبِّهِمۡۚ قَالَ أَلَيۡسَ هَٰذَا بِٱلۡحَقِّۚ قَالُواْ بَلَىٰ وَرَبِّنَاۚ قَالَ فَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ ﴿٣٠﴾
◉
Тарҷума
Ва агар бубинӣ эй Паёмбар он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд онҳое, ки зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор карда буданд, гуфта шавад: «Оё ин ҳақ нест?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд (Аллоҳ таъоло): «Ба сабаби куфре, ки ба Аллоҳ ва расулаш дар дунё меварзидед, азобро бичашед!»
Ва агар ононро ҳангоме ки дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд, бубинӣ, [шигифтзада мешавӣ. Аллоҳ таоло ба онон] мегӯяд: «Оё ин [зиндагии пас аз марг] ҳақ нест?» Онон мегӯянд: «Бале, қасам ба Парвардигорамон [ки ҳақ аст]. [Аллоҳ таоло] мегӯяд: «Пас, ба сазои он ки куфр меварзидед, ин азобро бичашед»
Ва агар бубинӣ он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд. Худо мегӯяд: «Оё ин ба ҳақ набувад?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд,: «Ба ҷазои он, ки кофир будаед, азоби Худоро бичашед!»