quranm◉

Сура Al-An'am 6:31

قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱللَّهِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةٗ قَالُواْ يَٰحَسۡرَتَنَا عَلَىٰ مَا فَرَّطۡنَا فِيهَا وَهُمۡ يَحۡمِلُونَ أَوۡزَارَهُمۡ عَلَىٰ ظُهُورِهِمۡۚ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ ﴿٣١﴾

◉

Тарҷума

Ҳамоно зиён карданд онҳое, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд (мушрикон): «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири амалҳои зиште, ки кардем дар дунё». Инҳо бори гуноҳонашонро бар пушти худ мебардоранд. Огоҳ бошед, бад чизест он чи мебардоранд.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Касоне, ки дидори Парвардигорро дурӯғ ангоштаанд, ҳатман, зиён диданд, [пас] ҳангоме ки ногаҳон қиёмат бар онон фаро расад, дар ҳоле ки бори [сангини] гуноҳҳони хешро бар пушташон ҳамл мекунанду мегӯянд: «Эй дареғ, бар мо аз он чи дар бораи он [дар дунё] кӯтоҳӣ кардем»! Ҳон! Чи бад аст боре, ки [бар дӯш] мекашанд!
— Pioneers of Translation Center
Зиён карданд онҳое, ки дидор бо Худоро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд; «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири кӯтоҳие, ки кардем». Инҳо бори гуноҳашонро бар пушт мекашанд. Хон, чӣ бад бореро бар дӯш мекашанд!
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞