Сура Al-An'am 6:56
قُلۡ إِنِّي نُهِيتُ أَنۡ أَعۡبُدَ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۚ قُل لَّآ أَتَّبِعُ أَهۡوَآءَكُمۡ قَدۡ ضَلَلۡتُ إِذٗا وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُهۡتَدِينَ ﴿٥٦﴾
◉
Тарҷума
Бигӯ (эй Паёмбар ба он мушрикон:) «Ҳамоно манъ карда шуд манро, ки ибодат кунам он чизеро, ки шумо аз ғайри Аллоҳ мепарастед». Бигӯ эй Паёмбар: «Пайравӣ намекунам орзуву ҳавасҳои шуморо, агар пайравӣ кунам ҳамоно гумроҳ шуда бошам дар ин вақт ва набошам аз ҷумлаи роҳёфтагон».
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман наҳй шудаам аз ин ки касонеро бипарастам, ки шумо ба ҷойи Аллоҳи мутаол мехонед». Бигӯ: «Ман аз ҳавасҳоятон пайравӣ намекунам, ки [агар чунин кунам] ҳатман, гумроҳ шудаам ва аз ҳидоятёфтагон нахоҳам буд»
Бигӯ: «Маро манъ кардаакд, ки он худоёнро, ки ғайри Оллоҳ мехонед, парастиш кунам». Бигӯ; «Ба ҳавасҳои шумо пайравӣ намекунам, то мабодо гумроҳ шавам ва аз ҳидоятёфтагон набошам».