quranm◉

Сура Al-An'am 6:93

وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ قَالَ أُوحِيَ إِلَيَّ وَلَمۡ يُوحَ إِلَيۡهِ شَيۡءٞ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثۡلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُۗ وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّـٰلِمُونَ فِي غَمَرَٰتِ ٱلۡمَوۡتِ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَكُنتُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهِۦ تَسۡتَكۡبِرُونَ ﴿٩٣﴾

◉

Тарҷума

Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Аллоҳ нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ эй Паёмбар, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азоби хоркунандае азоб мекунанд ва ин ҷазо бар он аст, ки дар бораи Аллоҳ ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва кист ситамгортар аз он ки дурӯғе ба Аллоҳ таоло бибандад ё бигӯяд: «Ба ман [низ] ваҳй шудааст», дар ҳоле ки ҳеҷ ваҳйе ба ӯ нарасидааст ва [ё] касе, ки бигӯяд: «Ман [ҳам] монанди он чи ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, [бароятон] нозил мекунам»? Ва [эй паёмбар, саҳнаи ҳавлноке аст] агар ҳангомеро бубинӣ, ки [ин] ситамгорон дар [тарсу] сахтиҳои марг фурӯ рафтаанд ва фариштагон [-и қабзи рӯҳ] дастҳояшонро [ба сӯйи онон] кушудаанд [ва фарёд мезананд]: «Ҷонҳои хешро [аз бадан] берун диҳед. Имрӯз ба [сазои] он чи ба ноҳақ бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебастед ва дар баробари оёташ такаббур мекардед, ба азоби хоркунанда муҷозот мешавед»
— Pioneers of Translation Center
Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Худо нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоика бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азобе хоркунанда азоб мекунанд ва ин ба ҷазои он аст, ки дар бораи Худо ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ сарпечӣ мекардед.
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞