Сура Al-Mulk 67:27
فَلَمَّا رَأَوۡهُ زُلۡفَةٗ سِيٓـَٔتۡ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقِيلَ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ ﴿٢٧﴾
◉
Тарҷума
Пас чун он кофирон ваъдаи Аллоҳро аз наздик бинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шуданд сиёҳу андӯҳгин мегардад ва ба онҳо сарзаниш карда гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки шумо онро дар дунё бо шитоб металабидед.
Пас, чун он [ваъда ва азоби илоҳӣ]-ро аз наздик бубинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шудаанд, сиёҳу андӯҳгин мегардад ва [ба онон] гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархост мекардед»
Кофирон чун аз наздикаш бингаранд, чеҳраашон гирифта шавад, Ва ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед!