Сура At-Tawbah 9:59
وَلَوۡ أَنَّهُمۡ رَضُواْ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ سَيُؤۡتِينَا ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَرَسُولُهُۥٓ إِنَّآ إِلَى ٱللَّهِ رَٰغِبُونَ ﴿٥٩﴾
◉
Тарҷума
Агар онон, ки туро дар тақсимоти садақот айбдор мекунанд, ба он чи Аллоҳу паёмбараш ба онон додааст, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Аллоҳ моро бас аст ва Аллоҳу паёмбараш моро аз фазли худ бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Аллоҳ рағбат мекунем?», ин барояшон беҳтар ва фоидаовар буд.
Ва [ҳатман, бар эшон беҳтар буд], агар онон ба ончи Аллоҳ таоло ва паёмбараш ба эшон додаанд, хушнуд мегаштанд ва мегуфтанд: «Аллоҳ таоло бароямон кофист, ба зудӣ Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз фазлу бахшиши худ ба мо медиҳад ва мо ба Аллоҳ таоло [умедвор ва ] муштоқем»
Чӣ мешавад, агар ба он чӣ Худову паёмбараш ба онон ато мекунад, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Худо моро бас аст ва Худову паёмбараш моро аз фазли худ бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Худо рағбат мекунем?»