quranm◉

Hizb 38

Range
from 26:181 to 27:81
Surahs covered
Тарҷума
128 Тарҷума

◉

26:181

أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ ﴿181﴾

Шуъайб барояшон гуфт: Паймонаро тамом бипардозед ва аз зумраи зиёндиҳандагон мабошед.

26:182

وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ ﴿182﴾

Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед.

26:183

وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ﴿183﴾

Ба мардум ашёашонро кам мадиҳед ва дар замин ба фасод макӯшед.

26:184

وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿184﴾

Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш аз шуморо офаридааст, битарсед».

26:185

قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ ﴿185﴾

Гуфтанд: Эй Шуъайб ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.

26:186

وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ﴿186﴾

Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки ҳамоно ту дурӯғ мегӯӣ.

26:187

فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ ﴿187﴾

Агар рост мегӯӣ, пас Аллоҳатро дуъо кун, ки пораи азобе аз осмон бар сари мо афтад, то нобуд созад моро.

26:188

قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ ﴿188﴾

Шуъайб гуфт: «Парвардигори ман ба ҳар коре, ки мекунед, донотар аст».

26:189

فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ﴿189﴾

Пас ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд ва гармии сахт онҳоро фаро гирифт ва зери сояи абр қарор гирифтанд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ гирифт. Ҳамоно он, азоби рӯзи бузург буд!

26:190

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿190﴾

Албатта, дар ин азобе, ки бар онҳо фуруд омад ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд.

26:191

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ﴿191﴾

Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст, ба бандагони яктопарасташ.

26:192

وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿192﴾

Ва ҳароина, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

26:193

نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ ﴿193﴾

Онро Рӯҳуламин нозил кардааст.

26:194

عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ ﴿194﴾

Бар дили ту эй Муҳаммад, то аз бимдиҳандагон бошӣ ва ба василаи он мардумро ҳидоят намоӣ,

26:195

بِلِسَانٍ عَرَبِيّٖ مُّبِينٖ ﴿195﴾

ба забони арабии равшан, ки беҳтарини забонҳост.

26:196

وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿196﴾

Ва ҳароина, зикри Қуръон дар китобҳои паёмбарони пешиниён низ ҳаст.

26:197

أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَـٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ﴿197﴾

Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки ту эй Муҳаммад паёмбари барҳаққӣ, ҳол он ки уламои банӣ Исроил аз он огоҳанд?

26:198

وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ ﴿198﴾

Ва агар он Қуръонро бар яке аз аҷамиён (ғайри арабҳо) нозил карда будем

26:199

فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ ﴿199﴾

ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд.

26:200

كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ﴿200﴾

Ба ин сон инкор кардани Қуръонро дар дилҳои гунаҳгрон роҳ додем.

26:201

لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ ﴿201﴾

Ба хотири зулмашон ба он имон намеоваранд, то азоби дарднокро бо чашми худ бингаранд.

26:202

فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ﴿202﴾

Ва дар дунё он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фуруд меояд.

26:203

فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ ﴿203﴾

Пас, азобро мушоҳида карда мегӯянд: «Оё ба мо мӯҳлате дода хоҳад шуд?»

26:204

أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ ﴿204﴾

Оё онҳоро мӯҳлат додани Ман мағрур кардааст, ки барои фуруд омадани азоби Мо мешитобанд?

26:205

أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ ﴿205﴾

Магар намедонӣ, ки солҳо баҳрамандашон созем,

26:206

ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ ﴿206﴾

сипас азобе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад, бар сари онҳо биёяд.

26:207

مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ ﴿207﴾

Вақте ки аз шарик оварданашон тавба накарданд он баҳрамандиҳояшон дар ҳаёти дунё фоидае барои онҳо нахоҳад дошт.

26:208

وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ ﴿208﴾

Ва Мо аҳли ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар ки барояшон бимдиҳандагоне буданд,

26:209

ذِكۡرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَٰلِمِينَ ﴿209﴾

то пандашон диҳанд ва мардумро аз кори бад нигоҳ доранд. Ва Мо ситамкор набудем, ки онҳоро пеш аз бим додан нобуд созем.

26:210

وَمَا تَنَزَّلَتۡ بِهِ ٱلشَّيَٰطِينُ ﴿210﴾

Ва ин Қуръонро шайтонҳо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил накардаанд, чунон ки кофирон гумон мебаранд.

26:211

وَمَا يَنۢبَغِي لَهُمۡ وَمَا يَسۡتَطِيعُونَ ﴿211﴾

Онон на лоиқи ин коранд ва на тавоноии он доранд.

26:212

إِنَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّمۡعِ لَمَعۡزُولُونَ ﴿212﴾

Ҳароина, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд.

26:213

فَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُعَذَّبِينَ ﴿213﴾

Пас, ба Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дароӣ.

26:214

وَأَنذِرۡ عَشِيرَتَكَ ٱلۡأَقۡرَبِينَ ﴿214﴾

Эй Паёмбар, хешовандони наздикатро битарсон, то ба сабаби куфрашон азоб бар онҳо фуруд наояд.

26:215

وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿215﴾

Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, хоксор бош.

26:216

فَإِنۡ عَصَوۡكَ فَقُلۡ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ ﴿216﴾

Ва агар бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз корҳои ширки шумо безорам!»

26:217

وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ ﴿217﴾

Ва бар Аллоҳи пирӯзманду меҳрубон таваккал кун.

26:218

ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ ﴿218﴾

Ҳамоно касе, ки туро ба ҳангоме ки барои ибодат дар торикии шаб бармехезӣ мебинад,

26:219

وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّـٰجِدِينَ ﴿219﴾

ва нишастану бархостани туро дар миёни саҷдакунандагон мебинад.

26:220

إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿220﴾

Албатта, Ӯ шунаво аст ба тиловати ту ва доно аст, ба нияту амали ту!

26:221

هَلۡ أُنَبِّئُكُمۡ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ ٱلشَّيَٰطِينُ ﴿221﴾

Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?

26:222

تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٖ ﴿222﴾

Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд,

26:223

يُلۡقُونَ ٱلسَّمۡعَ وَأَكۡثَرُهُمۡ كَٰذِبُونَ ﴿223﴾

ва шунидаҳои худро, ки аз осмон дуздиданд ба дуругӯён мепартоянд ва аксари онҳо дурӯғгӯёнанд.

26:224

وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ ﴿224﴾

Ва шоирон касоне ҳастанд, ки гумроҳон аз паи онҳо мераванд.

26:225

أَلَمۡ تَرَ أَنَّهُمۡ فِي كُلِّ وَادٖ يَهِيمُونَ ﴿225﴾

Оё гумроҳии онҳоро надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие (аз водиҳои шеър) саргардонанд?

26:226

وَأَنَّهُمۡ يَقُولُونَ مَا لَا يَفۡعَلُونَ ﴿226﴾

Ва сифати шоирон ин аст, ки чизҳое мегӯянд, ки худ амал намекунанд?

26:227

إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَيَّ مُنقَلَبٖ يَنقَلِبُونَ ﴿227﴾

Магар он шоироне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Аллоҳро бисёр ёд карданд ва дар васфи ягонагии Аллоҳ ва дифоъ аз паёмбари Аллоҳ шеърҳо гуфтанд, ки мардумро ба ёди Аллоҳ меандозад ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, бо василаи шеъри худ аз мушрикону кофирон интиқом гирифтанд. Ва ситамгорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.

27:1

طسٓۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡقُرۡءَانِ وَكِتَابٖ مُّبِينٍ ﴿1﴾

То, Син. Ин оёти Қуръон ва китоби равшан аст, ки маънояш возеҳ ва шомили илмҳову ҳикматҳо ва шариъатҳост.

27:2

هُدٗى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿2﴾

Оёти Қуръон раҳнамо аст дар дунё ва охират ва хушхабарест барои мӯъминон:

27:3

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ ﴿3﴾

Сифати онон, ин аст, ки панҷ вақт намозро мукаммал мегузоранд ва ҳаққи закоти фарзиро пурра ба мустаҳиққонаш медиҳанд ва ба савобу иқоби рӯзи қиёмат яқин доранд.

27:4

إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ زَيَّنَّا لَهُمۡ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَهُمۡ يَعۡمَهُونَ ﴿4﴾

Бегумон касоне, ки ба охират имон намеоваранд, амалҳои бади онҳоро дар назарашон биёростем. Пас, онҳо дар ин дунё саргардону ҳайрон мешаванд ва гумон доранд, ки дар амал некӯкорӣ мекунанд.

27:5

أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَهُمۡ سُوٓءُ ٱلۡعَذَابِ وَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡأَخۡسَرُونَ ﴿5﴾

Онҳо ҳамон касонанд, ки барояшон дар дунё азоби бад аст ва онҳо дар охират зиёнкортаринанд.

27:6

وَإِنَّكَ لَتُلَقَّى ٱلۡقُرۡءَانَ مِن لَّدُنۡ حَكِيمٍ عَلِيمٍ ﴿6﴾

Ту эй Расул, касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Аллоҳи ҳакиму доно ба ту нозил мешавад.

27:7

إِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِأَهۡلِهِۦٓ إِنِّيٓ ءَانَسۡتُ نَارٗا سَـَٔاتِيكُم مِّنۡهَا بِخَبَرٍ أَوۡ ءَاتِيكُم بِشِهَابٖ قَبَسٖ لَّعَلَّكُمۡ تَصۡطَلُونَ ﴿7﴾

Ба ёд ор қиссаи Мӯсоро, ҳангоме ки аз Мадян ба Миср сафар мекард, ба хонаводаи худ гуфт: "Биистед, ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре аз роҳ биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед".

27:8

فَلَمَّا جَآءَهَا نُودِيَ أَنۢ بُورِكَ مَن فِي ٱلنَّارِ وَمَنۡ حَوۡلَهَا وَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿8﴾

Чун ба назди оташ расид, Аллоҳ нидояш дод, ки муборак бод касе, ки даруни оташ аст (мурод фариштагон аст) ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Аллоҳи якто, он Парвардигори ҷаҳониён аст!

27:9

يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّهُۥٓ أَنَا ٱللَّهُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿9﴾

(Аллоҳ ба ӯ хабар дод:) «Эй Мӯсо, Ман Аллоҳи пирӯзманд ҳастам бар душманонам ва ҳаким ҳастам дар корҳо ва офариниши худ.

27:10

وَأَلۡقِ عَصَاكَۚ فَلَمَّا رَءَاهَا تَهۡتَزُّ كَأَنَّهَا جَآنّٞ وَلَّىٰ مُدۡبِرٗا وَلَمۡ يُعَقِّبۡۚ يَٰمُوسَىٰ لَا تَخَفۡ إِنِّي لَا يَخَافُ لَدَيَّ ٱلۡمُرۡسَلُونَ ﴿10﴾

Эй Мӯсо, асои худро биафкан!» Чун асоро дид, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. (Аллоҳ ба ӯ хабар дод:) «Эй Мӯсо, матарс. Ҳароина, паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд,

27:11

إِلَّا مَن ظَلَمَ ثُمَّ بَدَّلَ حُسۡنَۢا بَعۡدَ سُوٓءٖ فَإِنِّي غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿11﴾

магар касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас тавба кунад ва бадиро ба некӣ табдил намояд. Пас, бегумон Ман омурзандаву меҳрубон ҳастам!

27:12

وَأَدۡخِلۡ يَدَكَ فِي جَيۡبِكَ تَخۡرُجۡ بَيۡضَآءَ مِنۡ غَيۡرِ سُوٓءٖۖ فِي تِسۡعِ ءَايَٰتٍ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَقَوۡمِهِۦٓۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ ﴿12﴾

Ва дасти худро ба гиребони худ дарор, то сафед шуда бе ҳеҷ айбе берун ояд. Бо нӯҳ мӯъҷиза назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки онҳо мардуми фосиқанд».

27:13

فَلَمَّا جَآءَتۡهُمۡ ءَايَٰتُنَا مُبۡصِرَةٗ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ مُّبِينٞ ﴿13﴾

Чун нишонаҳои равшани Моро диданд, ки бар ҳақ далолат мекард, гуфтанд: «Ин ҷодуи ошкоро аст!»

27:14

وَجَحَدُواْ بِهَا وَٱسۡتَيۡقَنَتۡهَآ أَنفُسُهُمۡ ظُلۡمٗا وَعُلُوّٗاۚ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ﴿14﴾

Ва он мӯъҷизоти Илоҳиро аз рӯи ситамгарию саркашӣ инкор карданд ва ҳол он ки дилҳояшон ба он яқин дошт, ки инҳо мӯъҷизоти Илоҳӣ ҳастанд. Пас бингар, эй Расул, ки охири кори фасодкорон чӣ гуна буд? (Яъне, Аллоҳ онҳоро нобуд кард ва дар дарё ғарқашон кард).

27:15

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ عِلۡمٗاۖ وَقَالَا ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي فَضَّلَنَا عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّنۡ عِبَادِهِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿15﴾

Мо ба Довуду Сулаймон дониши бузурге додем. Он ду гуфтанд: «Сипос аз они Аллоҳ аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»

27:16

وَوَرِثَ سُلَيۡمَٰنُ دَاوُۥدَۖ وَقَالَ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ عُلِّمۡنَا مَنطِقَ ٱلطَّيۡرِ وَأُوتِينَا مِن كُلِّ شَيۡءٍۖ إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَضۡلُ ٱلۡمُبِينُ ﴿16﴾

Ва Сулаймон вориси Довуд шуд (дар паёмбарӣ, илм ва мулк) ва Сулаймон гуфт: «Эй мардум, ба мо забони парандагон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате арзонӣ доштанд. Бегумон ин фазли ошкорест, ки аз дигарон моро бартарӣ доданд!»

27:17

وَحُشِرَ لِسُلَيۡمَٰنَ جُنُودُهُۥ مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ وَٱلطَّيۡرِ فَهُمۡ يُوزَعُونَ ﴿17﴾

Лашкарҳои Сулаймон аз ҷинну одамӣ ва парандагон гирд оварда шуданд, он гоҳ нигоҳ дошта шуданд, то ҳама онҳо ба якдигар бипайванданд.

27:18

حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَوۡاْ عَلَىٰ وَادِ ٱلنَّمۡلِ قَالَتۡ نَمۡلَةٞ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّمۡلُ ٱدۡخُلُواْ مَسَٰكِنَكُمۡ لَا يَحۡطِمَنَّكُمۡ سُلَيۡمَٰنُ وَجُنُودُهُۥ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ﴿18﴾

Пас, ҳаракат карданд, то ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: «Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо поймол накунанд, дар ҳоле ки намефаҳманд».

27:19

فَتَبَسَّمَ ضَاحِكٗا مِّن قَوۡلِهَا وَقَالَ رَبِّ أَوۡزِعۡنِيٓ أَنۡ أَشۡكُرَ نِعۡمَتَكَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَٰلِدَيَّ وَأَنۡ أَعۡمَلَ صَٰلِحٗا تَرۡضَىٰهُ وَأَدۡخِلۡنِي بِرَحۡمَتِكَ فِي عِبَادِكَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿19﴾

Сулаймон аз сухани он мӯрча табассум карду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ, то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва тавфиқ ато фармо то корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат дарор!»

27:20

وَتَفَقَّدَ ٱلطَّيۡرَ فَقَالَ مَالِيَ لَآ أَرَى ٱلۡهُدۡهُدَ أَمۡ كَانَ مِنَ ٱلۡغَآئِبِينَ ﴿20﴾

Ва Сулаймон миёни парандагон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Ё ӯ аз ғоибон аст? Пас яқин донист, ки ӯ ғоиб аст, гуфт:

27:21

لَأُعَذِّبَنَّهُۥ عَذَابٗا شَدِيدًا أَوۡ لَأَاْذۡبَحَنَّهُۥٓ أَوۡ لَيَأۡتِيَنِّي بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٖ ﴿21﴾

Ҳатман, ҳудҳудро ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, магар он ки барои ман далели равшане биёварад».

27:22

فَمَكَثَ غَيۡرَ بَعِيدٖ فَقَالَ أَحَطتُ بِمَا لَمۡ تُحِطۡ بِهِۦ وَجِئۡتُكَ مِن سَبَإِۭ بِنَبَإٖ يَقِينٍ ﴿22﴾

Дере нагузашта буд, ки ҳудҳуд биёмаду гуфт: «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз сарзамини Сабаъ бароят хабари дуруст овардаам.

27:23

إِنِّي وَجَدتُّ ٱمۡرَأَةٗ تَمۡلِكُهُمۡ وَأُوتِيَتۡ مِن كُلِّ شَيۡءٖ وَلَهَا عَرۡشٌ عَظِيمٞ ﴿23﴾

Занеро ёфтам, ки бар онҳо подшоҳӣ мекунад. Ва аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахти бузурге дорад.

27:24

وَجَدتُّهَا وَقَوۡمَهَا يَسۡجُدُونَ لِلشَّمۡسِ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَصَدَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ فَهُمۡ لَا يَهۡتَدُونَ ﴿24﴾

Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Аллоҳи якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон аъмолашонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Аллоҳ гумроҳашон кардааст, чунонки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.

27:25

أَلَّاۤ يَسۡجُدُواْۤ لِلَّهِ ٱلَّذِي يُخۡرِجُ ٱلۡخَبۡءَ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُخۡفُونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ ﴿25﴾

Шайтон ин кор ва роҳу равиши ботилеро, ки дар он қарор доштанд, барояшон ороста буд, то саҷда накунанд барои Аллоҳе, ки чизи пӯшидаро дар осмонҳову замин берун меоварад; аз борону наботот ва он чи махфӣ аст, ошкор мекунад ва ҳар чиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад.

27:26

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ۩ ﴿26﴾

Аллоҳе, ки ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест. Парвардигори Арши азим аст».

27:27

قَالَ سَنَنظُرُ أَصَدَقۡتَ أَمۡ كُنتَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ﴿27﴾

Гуфт (Сулаймон барои ҳудҳуд): «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори дурӯғгӯёнӣ.

27:28

ٱذۡهَب بِّكِتَٰبِي هَٰذَا فَأَلۡقِهۡ إِلَيۡهِمۡ ثُمَّ تَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَٱنظُرۡ مَاذَا يَرۡجِعُونَ ﴿28﴾

Ин номаи маро бибар ва бар аҳли Сабаъ биафкан, сипас як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд»,

27:29

قَالَتۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ إِنِّيٓ أُلۡقِيَ إِلَيَّ كِتَٰبٞ كَرِيمٌ ﴿29﴾

( Маликаи Сабаъ) гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман афканда шуд.

27:30

إِنَّهُۥ مِن سُلَيۡمَٰنَ وَإِنَّهُۥ بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ﴿30﴾

Ҳамоно нома аз Сулаймон аст ва сароғози он чунин аст: «Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон».

27:31

أَلَّا تَعۡلُواْ عَلَيَّ وَأۡتُونِي مُسۡلِمِينَ ﴿31﴾

«Бар ман такаббур накунед дар он чизҳое, ки шуморо ба он даъват менамоям ва таслим шуда назди ман биёед».

27:32

قَالَتۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ أَفۡتُونِي فِيٓ أَمۡرِي مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمۡرًا حَتَّىٰ تَشۡهَدُونِ ﴿32﴾

(Малика) гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки ман ҳеҷ гоҳ бераъй ва машварати шумо коре накардаам».

27:33

قَالُواْ نَحۡنُ أُوْلُواْ قُوَّةٖ وَأُوْلُواْ بَأۡسٖ شَدِيدٖ وَٱلۡأَمۡرُ إِلَيۡكِ فَٱنظُرِي مَاذَا تَأۡمُرِينَ ﴿33﴾

Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони набарди сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ ва мо ҳамеша фармонбардори ту ҳастем.

27:34

قَالَتۡ إِنَّ ٱلۡمُلُوكَ إِذَا دَخَلُواْ قَرۡيَةً أَفۡسَدُوهَا وَجَعَلُوٓاْ أَعِزَّةَ أَهۡلِهَآ أَذِلَّةٗۚ وَكَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ ﴿34﴾

(Малика) гуфт: «Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд, бо куштан ва асир гирифтани мардум вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Ва ҳамчунин мекунанд.

27:35

وَإِنِّي مُرۡسِلَةٌ إِلَيۡهِم بِهَدِيَّةٖ فَنَاظِرَةُۢ بِمَ يَرۡجِعُ ٱلۡمُرۡسَلُونَ ﴿35﴾

Малика гуфт: Ман, ҳатман, ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки фиристодагон чӣ ҷавоб меоваранд».

27:36

فَلَمَّا جَآءَ سُلَيۡمَٰنَ قَالَ أَتُمِدُّونَنِ بِمَالٖ فَمَآ ءَاتَىٰنِۦَ ٱللَّهُ خَيۡرٞ مِّمَّآ ءَاتَىٰكُمۚ بَلۡ أَنتُم بِهَدِيَّتِكُمۡ تَفۡرَحُونَ ﴿36﴾

Чун фиристодаи Малика назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чи Аллоҳ ба ман дода, беҳтар аст аз он чи ба шумо додааст. Балки, ин шумо ҳастед, ки ба ҳадяатон шодмон мешавед. Аммо ман ба он дилхуш намешавам ва ба моли дунё ниёзе надорам.

27:37

ٱرۡجِعۡ إِلَيۡهِمۡ فَلَنَأۡتِيَنَّهُم بِجُنُودٖ لَّا قِبَلَ لَهُم بِهَا وَلَنُخۡرِجَنَّهُم مِّنۡهَآ أَذِلَّةٗ وَهُمۡ صَٰغِرُونَ ﴿37﴾

Сулаймон ба фиристодаи малика мегӯяд: Акнун ҳамроҳи ҳадяат ба наздашон бозгард. Пас, албатта, бо лашкароне ба сӯи онҳо хоҳем омад, ки ҳаргиз тоқати онро надошта бошанд. Ва онҳоро аз он сарзамин бо хорию пастӣ берун хоҳем кард».

27:38

قَالَ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ أَيُّكُمۡ يَأۡتِينِي بِعَرۡشِهَا قَبۡلَ أَن يَأۡتُونِي مُسۡلِمِينَ ﴿38﴾

Сулаймон гуфт: «Эй бузургон, кадом аз шумо тахти ӯро пеш аз он, ки фармонбардоршуда назди ман ояд, бароям меоваред?»

27:39

قَالَ عِفۡرِيتٞ مِّنَ ٱلۡجِنِّ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبۡلَ أَن تَقُومَ مِن مَّقَامِكَۖ وَإِنِّي عَلَيۡهِ لَقَوِيٌّ أَمِينٞ ﴿39﴾

Ифрите аз миёни ҷинҳо гуфт: Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ, онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман бар ин кор ҳам тавонояму ҳам амин ва чизеро аз он кам ва иваз нахоҳам кард.

27:40

قَالَ ٱلَّذِي عِندَهُۥ عِلۡمٞ مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبۡلَ أَن يَرۡتَدَّ إِلَيۡكَ طَرۡفُكَۚ فَلَمَّا رَءَاهُ مُسۡتَقِرًّا عِندَهُۥ قَالَ هَٰذَا مِن فَضۡلِ رَبِّي لِيَبۡلُوَنِيٓ ءَأَشۡكُرُ أَمۡ أَكۡفُرُۖ وَمَن شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّي غَنِيّٞ كَرِيمٞ ﴿40﴾

Ва он кас, ки аз илми китоби илоҳӣ баҳрае дошт, гуфт: «Албатта, ман, пеш аз он, ки чашм барҳам занӣ (мижа занӣ), онро назди ту меоварам». Пас Сулаймон ба ӯ рухсат дод, ӯ дуо кард ва тахти Малика оварда шуд. Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки сипосгузорам ё носипосӣ мекунам. Пас ҳар кӣ сипос гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Парвардигори ман бениёзу карим аст».

27:41

قَالَ نَكِّرُواْ لَهَا عَرۡشَهَا نَنظُرۡ أَتَهۡتَدِيٓ أَمۡ تَكُونُ مِنَ ٱلَّذِينَ لَا يَهۡتَدُونَ ﴿41﴾

Гуфт: «Тахташро барои имтиҳон дигаргун кунед, бубинем онро мешиносад ё аз онҳост, ки бознатавонанд шинохт».

27:42

فَلَمَّا جَآءَتۡ قِيلَ أَهَٰكَذَا عَرۡشُكِۖ قَالَتۡ كَأَنَّهُۥ هُوَۚ وَأُوتِينَا ٱلۡعِلۡمَ مِن قَبۡلِهَا وَكُنَّا مُسۡلِمِينَ ﴿42﴾

Чун (Маликаи Сабаъ) омад, барояш гуфтанд: «Оё тахти ту чунин буд?» Гуфт: «Гӯё ин ҳамон аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ба қудрати Аллоҳ ва ҳақ будани паёмбарии Сулаймон алайҳиссалом ва мусалмон ва фармонбардор ҳастем.»

27:43

وَصَدَّهَا مَا كَانَت تَّعۡبُدُ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ إِنَّهَا كَانَتۡ مِن قَوۡمٖ كَٰفِرِينَ ﴿43﴾

Ва он чи ба ҷои Аллоҳи якто мепарастид, ӯро аз роҳи ислом боздошта буд. Зеро ӯ (Малика) ҳақиқатан дар зумраи кофирон буд.

27:44

قِيلَ لَهَا ٱدۡخُلِي ٱلصَّرۡحَۖ فَلَمَّا رَأَتۡهُ حَسِبَتۡهُ لُجَّةٗ وَكَشَفَتۡ عَن سَاقَيۡهَاۚ قَالَ إِنَّهُۥ صَرۡحٞ مُّمَرَّدٞ مِّن قَوَارِيرَۗ قَالَتۡ رَبِّ إِنِّي ظَلَمۡتُ نَفۡسِي وَأَسۡلَمۡتُ مَعَ سُلَيۡمَٰنَ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿44﴾

Гуфтанд (ба Билқис): «Ба саҳни қаср дароӣ!» Чун онро бидид, пиндошт, ки ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Ин саҳнаест соф аз шиша», пас, ҳоҷат ба доман бар задан нест. Малика Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳароина, ман бо шарик овардан ба хештан ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».

27:45

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ فَإِذَا هُمۡ فَرِيقَانِ يَخۡتَصِمُونَ ﴿45﴾

Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед ва бо Аллоҳ шарик маёред. Ҳангоме ки Солеҳ онҳоро ба яктопарастӣ даъват кард, ногаҳон ду гурӯҳ шуданд, баъзе мӯъмин шуданд ва баъзе кофар шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.

27:46

قَالَ يَٰقَوۡمِ لِمَ تَسۡتَعۡجِلُونَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبۡلَ ٱلۡحَسَنَةِۖ لَوۡلَا تَسۡتَغۡفِرُونَ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ﴿46﴾

Солеҳ ба гӯруҳи кофирон гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед ва ба ҷои раҳмат азоби Илоҳиро металабед? Чаро аз Аллоҳ омурзиш намехоҳед? То шояд мавриди раҳмат қарор гиред».

27:47

قَالُواْ ٱطَّيَّرۡنَا بِكَ وَبِمَن مَّعَكَۚ قَالَ طَـٰٓئِرُكُمۡ عِندَ ٱللَّهِۖ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ تُفۡتَنُونَ ﴿47﴾

Ба Солеҳ гуфтанд: «Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Солеҳ ба онҳо гуфт: «Он чи аз неку бад ба шумо мерасад он бар шумо тақдир карда шудааст ва фоли бади шумо назди Аллоҳ аст. Балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки мавриди озмоиш қарор мегиред!»

27:48

وَكَانَ فِي ٱلۡمَدِينَةِ تِسۡعَةُ رَهۡطٖ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ ﴿48﴾

Дар шаҳри (Ҳиҷр) нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод мекарданд ва ислоҳ намекарданд.

27:49

قَالُواْ تَقَاسَمُواْ بِٱللَّهِ لَنُبَيِّتَنَّهُۥ وَأَهۡلَهُۥ ثُمَّ لَنَقُولَنَّ لِوَلِيِّهِۦ مَا شَهِدۡنَا مَهۡلِكَ أَهۡلِهِۦ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ ﴿49﴾

Гуфтанд: «Ба Аллоҳ савганд хӯред, ки ҳатман бар ӯ (Солеҳ) ва хонаводааш шабехун мезанем ва онҳоро мекушем. Ва чун касе бар талаби хунаш бархезад, бигӯем: «Мо ба ҳангоми ҳалокат ва нобудии хонаводааш ҳозир набудем ва аз онҳо хабар надорем ва бегумон мо ростгуфторем».

27:50

وَمَكَرُواْ مَكۡرٗا وَمَكَرۡنَا مَكۡرٗا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ﴿50﴾

Ва онҳо барои қатли Солеҳ ва пайравонаш ҳила ва найранге ба кор бурданд ва Мо низ ҳила ва тадбире барои ҳалоки онҳо ва наҷоти Солеҳ ва пайравонаш андешидем, дар ҳоле ки онҳо намедонистанд.

27:51

فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ مَكۡرِهِمۡ أَنَّا دَمَّرۡنَٰهُمۡ وَقَوۡمَهُمۡ أَجۡمَعِينَ ﴿51﴾

Бингар, эй Расул, ки оқибати макрашон чӣ шуд? Ҳароина, Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем.

27:52

فَتِلۡكَ بُيُوتُهُمۡ خَاوِيَةَۢ بِمَا ظَلَمُوٓاْۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ ﴿52﴾

Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, (ширке) ки мекарданд, холӣ аз сокинонаш мондааст. Ҳароина, дар ин қиссаи мазкур ибратест барои гурӯҳе, ки медонанд.

27:53

وَأَنجَيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ ﴿53﴾

Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.

27:54

وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ وَأَنتُمۡ تُبۡصِرُونَ ﴿54﴾

Ва Лутро ба ёд ор. Он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт (лавота) мекунед, дар ҳоле ки худ саранҷом ва зиштии онро мебинед?

27:55

أَئِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ شَهۡوَةٗ مِّن دُونِ ٱلنِّسَآءِۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ تَجۡهَلُونَ ﴿55﴾

Оё шумо аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед? Балки шумо мардуми нодон ҳастед!»

27:56

فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَخۡرِجُوٓاْ ءَالَ لُوطٖ مِّن قَرۡيَتِكُمۡۖ إِنَّهُمۡ أُنَاسٞ يَتَطَهَّرُونَ ﴿56﴾

Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки (ба якдигар масхараомезона) гуфтанд: «Хонадони Лутро аз шаҳри худ берун кунед, ки онҳо мардумони покдоман ва покизаҷӯ ҳастанд».

27:57

فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَٰهَا مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ ﴿57﴾

Пас, ӯ ва хонаводаашро наҷот додем, магар занаш, ки муқаддар кардем ӯ аз бозмондагон дар он шаҳр бошад.

27:58

وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ ﴿58﴾

Ва бороне аз санг бар сари онҳо боронидем ва борони бимдодашудагон чӣ бад боронест!

27:59

قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ وَسَلَٰمٌ عَلَىٰ عِبَادِهِ ٱلَّذِينَ ٱصۡطَفَىٰٓۗ ءَآللَّهُ خَيۡرٌ أَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿59﴾

Бигӯ эй Паёмбар: «Сипос Аллоҳро ва салом бар бандагони интихоб кардаи Ӯ. Оё Аллоҳ беҳтар аст ё он чизҳое, ки шарики Ӯ қарор медиҳанд? Онҳо на барои худ ва на барои дигарон нафъ ё зараре расонида наметавонанд.

27:60

أَمَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ حَدَآئِقَ ذَاتَ بَهۡجَةٖ مَّا كَانَ لَكُمۡ أَن تُنۢبِتُواْ شَجَرَهَآۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٞ يَعۡدِلُونَ ﴿60﴾

Оё ин маъбудони ботили шумо беҳтаранд ё касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он боғҳои хуррам ва зебо рӯёнидем, ки шумо ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтони онро надоштед. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? На, балки онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ каҷ мераванд ва бутҳоро бо Аллоҳ шарик меоваранд!

27:61

أَمَّن جَعَلَ ٱلۡأَرۡضَ قَرَارٗا وَجَعَلَ خِلَٰلَهَآ أَنۡهَٰرٗا وَجَعَلَ لَهَا رَوَٰسِيَ وَجَعَلَ بَيۡنَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ حَاجِزًاۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿61﴾

Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки заминро оромгоҳ сохт ва дар миёни он дарёҳо падид овард ва барои замин кӯҳҳоро собиту устувор сохт ва миёни ду баҳр монеае қарор дод? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? На, балки аксари онҳо намедонанд!

27:62

أَمَّن يُجِيبُ ٱلۡمُضۡطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكۡشِفُ ٱلسُّوٓءَ وَيَجۡعَلُكُمۡ خُلَفَآءَ ٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ ﴿62﴾

Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки дуои дармондаро чун бихонадаш, иҷобат мекунад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Чӣ андак панд мегиред!

27:63

أَمَّن يَهۡدِيكُمۡ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَمَن يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦٓۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ تَعَٰلَى ٱللَّهُ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿63﴾

Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва Он ки пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Аллоҳ бартар аст аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд!

27:64

أَمَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَمَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿64﴾

Оё ин маъбудони ботил беҳтаранд ё касе, ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бори дигар бозмегардонад ва касе, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Эй Паёмбар бигӯ: «Агар рост мегӯед: далелатонро биёваред!»

27:65

قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ ﴿65﴾

Эй Паёмбар, бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»

27:66

بَلِ ٱدَّـٰرَكَ عِلۡمُهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ مِّنۡهَاۖ بَلۡ هُم مِّنۡهَا عَمُونَ ﴿66﴾

Балки илми мушрикон дар охират такомул меёбад ва ҳолу аҳволи қиёматро дар охират ба чашми сар мебинанд, аммо камоли илмашон дар охират ҳеҷ суде ба ҳолашон надорад, балки онҳо дар дунё аз вуҷуди охират дар шак қарор доранд, балки онҳо дар мавриди он кӯрдиланд ва чизе аз далелҳои охиратро дарк намекунанд.

27:67

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبٗا وَءَابَآؤُنَآ أَئِنَّا لَمُخۡرَجُونَ ﴿67﴾

Кофирон гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, оё боз зинда мешавем ва аз гӯрҳо берун оварда мешавем?

27:68

لَقَدۡ وُعِدۡنَا هَٰذَا نَحۡنُ وَءَابَآؤُنَا مِن قَبۡلُ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿68﴾

Ба дурустӣ, ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае дода буданд. Агар ин амр рост буд, меомад. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест».

27:69

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ﴿69﴾

( Эй Паёмбар), барои онҳо бигӯ: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳгорон чӣ гуна будааст! Ва Аллоҳ низ ба шумо чунин кунад, агар аз куфратон бознагардед.

27:70

وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُن فِي ضَيۡقٖ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ ﴿70﴾

Ва бар имон наовардани онҳо андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешиданд, дилтанг машав.

27:71

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿71﴾

Ва (эй Паёмбар мушрикони қавмат ба ту) мегӯянд: Агар рост мегӯед он ваъдаи қиёмат чи вақт хоҳад буд?

27:72

قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ رَدِفَ لَكُم بَعۡضُ ٱلَّذِي تَسۡتَعۡجِلُونَ ﴿72﴾

Эй Паёмбар, бигӯ: «Шояд баъзе аз он чиро, ки ба шитоб металабед, ба шумо наздик шуда бошад».

27:73

وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ ﴿73﴾

Ва бегумон Парвардигори ту фазли худро бар мардум арзонӣ медорад ва бар маъсият карданашон онҳоро зуд ба азоб гирифтор намекунад, вале аксари онҳо шукр намегузоранд!

27:74

وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُونَ ﴿74﴾

Ва ҳароина, Парвардигори ту медонад, ки чӣ чизро дар дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд!

27:75

وَمَا مِنۡ غَآئِبَةٖ فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٍ ﴿75﴾

Ва ҳеҷ пинҳоне дар осмону замин нест, магар он, ки дар Китоби равшан, Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст.

27:76

إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَقُصُّ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ أَكۡثَرَ ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ ﴿76﴾

Ҳароина, ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки банӣ Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад.

27:77

وَإِنَّهُۥ لَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿77﴾

Ва ба ростӣ, Қуръон барои мӯъминон ҳидояту раҳмат аст.

27:78

إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُم بِحُكۡمِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿78﴾

Албатта, Парвардигори ту дар қиёмат ба ҳукми худ миёнашон доварӣ мекунад, ки Ӯ пирӯзманд аст, ҳукми Ӯро бозгардонда намешавад ва доност, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад!

27:79

فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنَّكَ عَلَى ٱلۡحَقِّ ٱلۡمُبِينِ ﴿79﴾

Пас, эй Паёмбар, ба Аллоҳ таваккал кун, ки бешак, ту бар дини рости равшан ҳастӣ!

27:80

إِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ ﴿80﴾

Эй Паёмбар, ҳароина, ту наметавонӣ суханатро ба мурдагон бишунавонӣ ва ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд, суханатро бирасонӣ.

27:81

وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِي ٱلۡعُمۡيِ عَن ضَلَٰلَتِهِمۡۖ إِن تُسۡمِعُ إِلَّا مَن يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسۡلِمُونَ ﴿81﴾

Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон бозгардонӣ ва роҳ намоӣ. Ту танҳо метавонӣ сухани худро ба касоне бишунавонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд. Пас, онҳо дар баробари ҳақ таслимшудагон ҳастанд.