quranm◉

Hizb 54

Range
from 56:1 to 58:13
Surahs covered
Тарҷума
138 Тарҷума

◉

56:1

إِذَا وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ ﴿1﴾

Ҳангоме ки воқеъа барпо шавад, (яъне, қиёмат воқеъ шавад),

56:2

لَيۡسَ لِوَقۡعَتِهَا كَاذِبَةٌ ﴿2﴾

ки воқеъ шудани онро ягон касе дурӯғгӯянда нест,

56:3

خَافِضَةٞ رَّافِعَةٌ ﴿3﴾

қиёмат душманони Аллоҳро дар дӯзах пасткунандааст ва дӯстони Аллоҳро дар ҷаннат баландкунанда.

56:4

إِذَا رُجَّتِ ٱلۡأَرۡضُ رَجّٗا ﴿4﴾

Он гоҳ ки замин ба сахтӣ биларзад.

56:5

وَبُسَّتِ ٱلۡجِبَالُ بَسّٗا ﴿5﴾

Ва кӯҳҳо ба пуррагӣ реза-реза карда шаванд.

56:6

فَكَانَتۡ هَبَآءٗ مُّنۢبَثّٗا ﴿6﴾

Ва чун ғуборе дар ҳаво пароканда гарданд.

56:7

وَكُنتُمۡ أَزۡوَٰجٗا ثَلَٰثَةٗ ﴿7﴾

Ва шумо эй мардум се гурӯҳ хоҳед шуд:

56:8

فَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ ﴿8﴾

Пас гурӯҳи рост, соҳиби ҷойҳои олианд. Чи хуб аст ҷойгоҳашон!

56:9

وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ ﴿9﴾

Ва гурӯҳи чап, соҳиби ҷойҳои пастанд. Чи бад аст ҳолашон!!

56:10

وَٱلسَّـٰبِقُونَ ٱلسَّـٰبِقُونَ ﴿10﴾

Ва пешсафон сӯи хубиҳо дар дунё, онҳо пешсафон сӯи дараҷаҳо дар охират мебошанд. Касоне, ки дар дунё дар анҷом додани корҳои хуб пешсафанд, дар охират пеш аз ҳама вориди ҷаннат мешаванд.

56:11

أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ﴿11﴾

Инҳо муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ ҳастанд, наздик карда шудагонанд дар назди Аллоҳ,

56:12

فِي جَنَّـٰتِ ٱلنَّعِيمِ ﴿12﴾

дар биҳиштҳои пурнозу неъмат хоҳанд буд.

56:13

ثُلَّةٞ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿13﴾

Дохил мешавад ба ҷаннат, гурӯҳе аз пешиниёни ин уммат ва умматони дигар.

56:14

وَقَلِيلٞ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ ﴿14﴾

Ва шумораи андаке аз пасомадагон ҳастанд,

56:15

عَلَىٰ سُرُرٖ مَّوۡضُونَةٖ ﴿15﴾

бар тахтҳои гавҳарнишон хоҳанд нишаст.

56:16

مُّتَّكِـِٔينَ عَلَيۡهَا مُتَقَٰبِلِينَ ﴿16﴾

Такязада рӯ ба рӯйи якдигар нишаста бошанд.

56:17

يَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ ﴿17﴾

Бар гирди онҳо мегарданд, барои хидмати онҳо писарони ҳамеша ҷавон, ки пир намешаванд ва на мемиранд.

56:18

بِأَكۡوَابٖ وَأَبَارِيقَ وَكَأۡسٖ مِّن مَّعِينٖ ﴿18﴾

Бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷаннат ҷорист,

56:19

لَّا يُصَدَّعُونَ عَنۡهَا وَلَا يُنزِفُونَ ﴿19﴾

ки аз нӯшидани он сардард нашаванд ва на аз ҳуш мераванд.

56:20

وَفَٰكِهَةٖ مِّمَّا يَتَخَيَّرُونَ ﴿20﴾

Ва ин ходимон барои ҷаннатиҳо биёранд ҳар навъ меваеро, ки мехоҳанд.

56:21

وَلَحۡمِ طَيۡرٖ مِّمَّا يَشۡتَهُونَ ﴿21﴾

Ва гӯшти парранда, аз ҳар навъе, ки писандашон бошад.

56:22

وَحُورٌ عِينٞ ﴿22﴾

Ва барои онҳост ҳурони занони шаҳлочашм,

56:23

كَأَمۡثَٰلِ ٱللُّؤۡلُوِٕ ٱلۡمَكۡنُونِ ﴿23﴾

монанди марворидҳое дар садаф пинҳон кардашуда.

56:24

جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ﴿24﴾

Ин ҳама неъматҳое, ки барояшон дода мешавад, мукофоти амалҳои некест, ки дар дунё мекарданд.

56:25

لَا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا تَأۡثِيمًا ﴿25﴾

Дар ҷаннат на сухани беҳуда мешунаванд ва на ҳарфе, ки гуфтани он гуноҳ бошад,

56:26

إِلَّا قِيلٗا سَلَٰمٗا سَلَٰمٗا ﴿26﴾

ҷуз сухане, ки солим аз ин айбҳо бошад ва ба якдигар салом гӯянд.

56:27

وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ ﴿27﴾

Ва аҳли саодат, чи бузург аст макон ва подоши онҳо!

56:28

فِي سِدۡرٖ مَّخۡضُودٖ ﴿28﴾

Дар зери дарахтони сидри бехор.

56:29

وَطَلۡحٖ مَّنضُودٖ ﴿29﴾

Ва дарахтони мавз (банан), ки меваҳояшон бар якдигар чида шудаанд.

56:30

وَظِلّٖ مَّمۡدُودٖ ﴿30﴾

Ва сояи доимӣ.

56:31

وَمَآءٖ مَّسۡكُوبٖ ﴿31﴾

Ва оби ҷорӣ.

56:32

وَفَٰكِهَةٖ كَثِيرَةٖ ﴿32﴾

Ва дар миёни меваҳои фаровон ҳастанд,

56:33

لَّا مَقۡطُوعَةٖ وَلَا مَمۡنُوعَةٖ ﴿33﴾

ки на тамом мешавад ва на манъ мегардад.

56:34

وَفُرُشٖ مَّرۡفُوعَةٍ ﴿34﴾

Ва бистарҳои баланд.

56:35

إِنَّآ أَنشَأۡنَٰهُنَّ إِنشَآءٗ ﴿35﴾

Мо биёфаридем занҳои аҳли ҷаннатро ғайри офаринишие, ки дар дунё буданд, яъне, офариниши комиле, ки нобуд намешаванд.

56:36

فَجَعَلۡنَٰهُنَّ أَبۡكَارًا ﴿36﴾

Ва ононро дӯшиза (бикр) гардонидем.

56:37

عُرُبًا أَتۡرَابٗا ﴿37﴾

Назди шавҳарони дӯстдоранда ҳамсинну сол.

56:38

لِّأَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ﴿38﴾

Ҳамаи ин неъматҳо барои аҳли саодат аст,

56:39

ثُلَّةٞ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿39﴾

Гурӯҳи бисёре аз пешиниёнанд.

56:40

وَثُلَّةٞ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ ﴿40﴾

Ва гурӯҳи зиёде аз пас омадагонанд.

56:41

وَأَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ ﴿41﴾

Ва аҳли шақоват, он бадбахтон чӣ ҳоли баде доранд?

56:42

فِي سَمُومٖ وَحَمِيمٖ ﴿42﴾

Дар боди гарми ҷаҳаннам ва оби ҷӯшонанд,

56:43

وَظِلّٖ مِّن يَحۡمُومٖ ﴿43﴾

дар сояи дуди сиёҳ,

56:44

لَّا بَارِدٖ وَلَا كَرِيمٍ ﴿44﴾

ки ин соя на хунук бошад ва на боиззат.

56:45

إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَبۡلَ ذَٰلِكَ مُتۡرَفِينَ ﴿45﴾

Ҳамоно аҳли дӯзах, пеш аз ин дар дунё дар нозу неъмати ҳаром буданд ва саркашӣ мекарданд аз он чизе, ки паёмбарон барои онҳо оварда буданд.

56:46

وَكَانُواْ يُصِرُّونَ عَلَى ٱلۡحِنثِ ٱلۡعَظِيمِ ﴿46﴾

Ва ҳамеша бар гуноҳи бузург (ширк) мудавомат мекарданд. Ва нияти тавба надоштанд аз ширку гуноҳ.

56:47

وَكَانُواْ يَقُولُونَ أَئِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ ﴿47﴾

Ва мегуфтанд он мункирони рӯзи қиёмат: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, оё боз мо зинда мешаваем?

56:48

أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ ﴿48﴾

Оё падарони наухстини мо низ зинда мешаванд?

56:49

قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَوَّلِينَ وَٱلۡأٓخِرِينَ ﴿49﴾

Бигӯ эй Паёмбар: «Албатта, ҳамаро аввалин ва охирин фарзандони Одам,

56:50

لَمَجۡمُوعُونَ إِلَىٰ مِيقَٰتِ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ ﴿50﴾

бегумон дар ваъдагоҳи он рӯзи муайян (қиёмат) ҷамъ карда шаванд.

56:51

ثُمَّ إِنَّكُمۡ أَيُّهَا ٱلضَّآلُّونَ ٱلۡمُكَذِّبُونَ ﴿51﴾

Спас шумо, эй гумроҳони роҳи ҳидоят, дурӯғшуморандагони ваъда ва азоби Аллоҳ,

56:52

لَأٓكِلُونَ مِن شَجَرٖ مِّن زَقُّومٖ ﴿52﴾

ҳатман аз дарахти заққум хоҳед хӯрд.

56:53

فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ ﴿53﴾

Ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард.

56:54

فَشَٰرِبُونَ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡحَمِيمِ ﴿54﴾

Ва бар болои он оби ҷӯшоне, ки ташнагиро намешиканад, хоҳед нӯшид,

56:55

فَشَٰرِبُونَ شُرۡبَ ٱلۡهِيمِ ﴿55﴾

Ва монанди шутурони мубтало ба бемории ташнагӣ менӯшед.

56:56

هَٰذَا نُزُلُهُمۡ يَوۡمَ ٱلدِّينِ ﴿56﴾

Он чизеро, ки дучор мешаванд аз азоб, зиёфатест, ки тайёркарда шудааст барои онҳо дар рӯзи қиёмат.

56:57

نَحۡنُ خَلَقۡنَٰكُمۡ فَلَوۡلَا تُصَدِّقُونَ ﴿57﴾

Мо шуморо эй одамон аз нестӣ ба ҳастӣ офаридем, пас чаро аз нав зинда шуданро бовар намекунед?

56:58

أَفَرَءَيۡتُم مَّا تُمۡنُونَ ﴿58﴾

Оё шумо мебинед он чи (оби маниро), ки мерезонед дар баччадони зан?

56:59

ءَأَنتُمۡ تَخۡلُقُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡخَٰلِقُونَ ﴿59﴾

Оё шумо он маниро ба сурати инсон меофаринед ё Мо офаринандаем?

56:60

نَحۡنُ قَدَّرۡنَا بَيۡنَكُمُ ٱلۡمَوۡتَ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ ﴿60﴾

Мо муайян кардем дар миёни шумо маргро ва ҳаргиз оҷиз карда шуда нестем,

56:61

عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ أَمۡثَٰلَكُمۡ وَنُنشِئَكُمۡ فِي مَا لَا تَعۡلَمُونَ ﴿61﴾

аз ин, ки тағйир диҳем халқияти шуморо дар рӯзи қиёмат. Ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем.

56:62

وَلَقَدۡ عَلِمۡتُمُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُولَىٰ فَلَوۡلَا تَذَكَّرُونَ ﴿62﴾

Ва ҳамоно шумо хуб донистед, ки Аллоҳ таъоло нахустин бор шуморо аз нестӣ офарид, пас чаро қудрати Аллоҳро ба ёд намеоред бар ин, ки ӯ қодир аст шуморо дубора халқ мекунад?

56:63

أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَحۡرُثُونَ ﴿63﴾

Дар он чизе, кишт мекунед, андешидаед?

56:64

ءَأَنتُمۡ تَزۡرَعُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلزَّـٰرِعُونَ ﴿64﴾

Оё шумо мерӯёнедаш аз замин ё Мо рӯёнандаем?

56:65

لَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَٰهُ حُطَٰمٗا فَظَلۡتُمۡ تَفَكَّهُونَ ﴿65﴾

Агар мехостем, ҳароина он зироъатро гиёҳи хушку дарҳамшикаста мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед, пас дар ин ҳол, таъаҷубкунон мегӯед:

56:66

إِنَّا لَمُغۡرَمُونَ ﴿66﴾

Албатта мо зиёнкардаву азобкардагонем,

56:67

بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ ﴿67﴾

балки мо аз ризқу рӯзӣ бенасиб мондагонем.

56:68

أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلۡمَآءَ ٱلَّذِي تَشۡرَبُونَ ﴿68﴾

Оё дар обе, ки менӯшед, андешидаед?

56:69

ءَأَنتُمۡ أَنزَلۡتُمُوهُ مِنَ ٱلۡمُزۡنِ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنزِلُونَ ﴿69﴾

Оё шумо онро аз абр фуруд овардаед сӯи замин, ё Мо фуруд орандагонем?

56:70

لَوۡ نَشَآءُ جَعَلۡنَٰهُ أُجَاجٗا فَلَوۡلَا تَشۡكُرُونَ ﴿70﴾

Агар мехостем, ин обро шӯр мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед. Пас, чаро шукри Парвардигоратонро бар фуруди ин оби ширин намегӯед?

56:71

أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي تُورُونَ ﴿71﴾

Оё дар оташе, ки аз шохҳои дарахт меафрӯзед, андешидаед?

56:72

ءَأَنتُمۡ أَنشَأۡتُمۡ شَجَرَتَهَآ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنشِـُٔونَ ﴿72﴾

Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?

56:73

نَحۡنُ جَعَلۡنَٰهَا تَذۡكِرَةٗ وَمَتَٰعٗا لِّلۡمُقۡوِينَ ﴿73﴾

Мо он оташеро, ки меафрӯзед ҳушдоре аз дӯзах ва барои манфиъати мусофирони роҳгузар матоъе сохтем.

56:74

فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ﴿74﴾

Пас ба покӣ ёд кун эй Паёмбар номи Парвардигори бузургатро!

56:75

فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَوَٰقِعِ ٱلنُّجُومِ ﴿75﴾

(Савганд ёд карда мегӯяд Аллоҳ таъоло:) Савганд ба ҷойгоҳи фӯру рафтани ситораҳо дар ғурубгоҳи осмон!

56:76

وَإِنَّهُۥ لَقَسَمٞ لَّوۡ تَعۡلَمُونَ عَظِيمٌ ﴿76﴾

Ва ин ҳароина, хеле савганди бузург аст, агар бидонед.

56:77

إِنَّهُۥ لَقُرۡءَانٞ كَرِيمٞ ﴿77﴾

Адбатта, ин Қуръоне, (ки ба Муҳаммад нозил шудааст,) Қуръони бузургу гиромиқадр ва фоидаовар аст.

56:78

فِي كِتَٰبٖ مَّكۡنُونٖ ﴿78﴾

Дар китобе нигаҳ дошта шудааст, ки аз чашми халқ пӯшида аст (ва ин китоби пинҳон Лавҳи Маҳфузаст, ки дар назди Аллоҳ ва фариштагон манзалати бузург дорад.)

56:79

لَّا يَمَسُّهُۥٓ إِلَّا ٱلۡمُطَهَّرُونَ ﴿79﴾

Даст намерасонад ба Қуръон, магар фариштагони гиромиқадре, ки Аллоҳ таъоло онҳоро аз офату гуноҳон пок гардонидааст. (Ва инчунин даст намерасонад Қуръонро магар касоне, ки пок ҳастанд аз ширк, ҷанобат ва бе таҳоратӣ.)

56:80

تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿80﴾

Ин Қуръони карим, нозилшудааст аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. (Пас он ҳақ аст.)

56:81

أَفَبِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَنتُم مُّدۡهِنُونَ ﴿81﴾

Оё нисбати ин калом сустӣ ва бепарвоӣ мекунед?

56:82

وَتَجۡعَلُونَ رِزۡقَكُمۡ أَنَّكُمۡ تُكَذِّبُونَ ﴿82﴾

Ва ба ҷои шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо додааст, шумоён онро дӯруғ мебароред ва кофир мешавед?

56:83

فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ ﴿83﴾

Пас, чаро ҳангоме, ки ҷон ба ҳулқум мерасад тавоноии бозгардонидани онро надоред.

56:84

وَأَنتُمۡ حِينَئِذٖ تَنظُرُونَ ﴿84﴾

Ва шумо дар ин ҳангом ҳозирастеду менигаред? (Албатта наметавонед!)

56:85

وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُبۡصِرُونَ ﴿85﴾

Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.

56:86

فَلَوۡلَآ إِن كُنتُمۡ غَيۡرَ مَدِينِينَ ﴿86﴾

Пас агар метавонед ин ки дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед,

56:87

تَرۡجِعُونَهَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿87﴾

агар рост мегӯед, он руҳро боз гардонед. (Ҳаргиз наметавонед!)

56:88

فَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ﴿88﴾

Пас, чун мурда аз муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ бошад,

56:89

فَرَوۡحٞ وَرَيۡحَانٞ وَجَنَّتُ نَعِيمٖ ﴿89﴾

пас барои ӯст ҳангоми маргаш раҳмату осоишу гули хушбӯй ва биҳишти пурнеъмат дар охират.

56:90

وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ﴿90﴾

Ва аммо агар мурда аз ёрони рост (аҳли саъодат бошад),

56:91

فَسَلَٰمٞ لَّكَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ﴿91﴾

пас гуфта мешавад ба ӯ: Салом ва амон бод ба ту аз ҷониби ёрони рост (аҳли саъодат).

56:92

وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٱلضَّآلِّينَ ﴿92﴾

Ва аммо агар мурда аз дурӯғшуморандагони баъсу гумроҳони роҳи ҳидоят бошад,

56:93

فَنُزُلٞ مِّنۡ حَمِيمٖ ﴿93﴾

пас ӯро ба оби гарму ҷӯшони дӯзах меҳмонӣ кунанд.

56:94

وَتَصۡلِيَةُ جَحِيمٍ ﴿94﴾

Ва саранҷоми ӯ дарафтодан ба дӯзах аст.

56:95

إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ ٱلۡيَقِينِ ﴿95﴾

Албатта ин хабарҳое, ки эй Паёмбар ба ту зикр кардем, ҳама росту дуруст аст!

56:96

فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ﴿96﴾

Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй ва Ӯро пок шумор аз он чи золимон мегӯянд!

57:1

سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿1﴾

Аллоҳро ба покӣ ёд мекунад, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷамиъи махлуқоташ ва Ӯ бар халқаш пирӯзманд ва дар тадбири корашон ҳаким аст!

57:2

لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ﴿2﴾

Фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност. Он чи хост шуд ва он чи нахост нашуд.

57:3

هُوَ ٱلۡأَوَّلُ وَٱلۡأٓخِرُ وَٱلظَّـٰهِرُ وَٱلۡبَاطِنُۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ ﴿3﴾

Ӯст аввалин пеш аз ҳама чиз ва Ӯст охирин баъд аз ҳама чиз ва Ӯст ошкор пайдо аст, ки болотар аз Ӯ чизе нест ва Ӯст пинҳон нопайдо аст, ки пинҳонтар аз Ӯ чизе нест ва Ӯ ба ҳама чиз доност. Ва чизе дар осмон ва замин бар Ӯ пӯшида намемонад!

57:4

هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يَعۡلَمُ مَا يَلِجُ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا يَخۡرُجُ مِنۡهَا وَمَا يَنزِلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا يَعۡرُجُ فِيهَاۖ وَهُوَ مَعَكُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ﴿4﴾

Ӯст, ки осмонҳову заминро ва он чи миёни онҳост дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арши Худ ва болои ҳамаи халқаш истиво ёфт. Ҳар чизеро, ки дар замин фурӯ меравад аз дона ва борон ва чизеро, ки аз замин берун меояд аз наботот ва зироатҳо ва ҳар чизеро, ки аз осмон фурӯ меояд аз борон ва ҳар чизеро, ки ба осмон боло меравад, аз фариштагон ва амалҳои бандагон медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, бо илми Худ ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност ва бар он амалҳои неке, ки мекунед шуморо подош медиҳад!

57:5

لَّهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ ﴿5﴾

Фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ боз мегардад ва мувофиқи амалҳояшон бандагонашро подош медиҳад.

57:6

يُولِجُ ٱلَّيۡلَ فِي ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِي ٱلَّيۡلِۚ وَهُوَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ﴿6﴾

Шабро аз вақташ кам карда дар рӯз дохил мекунад ва рӯзро меафзояд ва рӯзро аз вақташ кам карда дар шаб дохил мекунад ва шабро меафзояд. Ва Аллоҳ ба ҳар чӣ дар дилҳост, аз нек ё бад огоҳ аст.

57:7

ءَامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَأَنفِقُواْ مِمَّا جَعَلَكُم مُّسۡتَخۡلَفِينَ فِيهِۖ فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَأَنفَقُواْ لَهُمۡ أَجۡرٞ كَبِيرٞ ﴿7﴾

Ба Аллоҳу паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон биёваред ва аз он чи ки Аллоҳ шуморо дар он ҷонишин сохтааст аз молҳоятон, дар роҳи Ӯ харҷ кунед. Пас эй одамон, касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва аз молҳояшон дар роҳи Аллоҳ харҷ кардаанд, барояшон савоби бузургест.

57:8

وَمَا لَكُمۡ لَا تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلرَّسُولُ يَدۡعُوكُمۡ لِتُؤۡمِنُواْ بِرَبِّكُمۡ وَقَدۡ أَخَذَ مِيثَٰقَكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿8﴾

Ва шуморо чи шудааст, ки ба Аллоҳ имон намеоваред ва ба шариъати Ӯ амал намекунед ва ҳол он ки паёмбар шуморо ба он даъват мекунад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва агар мӯъмин бошед, ба ростӣ Аллоҳ аз шумо паймонатонро гирифтааст?

57:9

هُوَ ٱلَّذِي يُنَزِّلُ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦٓ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖ لِّيُخۡرِجَكُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ بِكُمۡ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ ﴿9﴾

Ӯст он Аллоҳе, ки бар бандаи худ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам оёти равшанро аз Қуръон нозил мекунад, то шуморо аз торикии куфр ба рӯшноии имон берун оварад. Ва ҳароина, Аллоҳ ба шумо дар берун оварданатон аз торикӣ ба сӯи рӯшноӣ, ҳатман, мушфиқу меҳрубон аст ва шуморо ба некӯтарин савоб подош медиҳад.

57:10

وَمَا لَكُمۡ أَلَّا تُنفِقُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلِلَّهِ مِيرَٰثُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَا يَسۡتَوِي مِنكُم مَّنۡ أَنفَقَ مِن قَبۡلِ ٱلۡفَتۡحِ وَقَٰتَلَۚ أُوْلَـٰٓئِكَ أَعۡظَمُ دَرَجَةٗ مِّنَ ٱلَّذِينَ أَنفَقُواْ مِنۢ بَعۡدُ وَقَٰتَلُواْۚ وَكُلّٗا وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿10﴾

Ва чаро дар роҳи Аллоҳ нафақа намеқунед ва ҳол он ки аз они Аллоҳ аст мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ шудани Макка нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, бо онон, ки баъд аз фатҳ нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, дар аҷру савоб баробар нестанд. Дараҷаҳои онон (гурӯҳи аввал) болотар аст, аз онҳое, ки баъд аз фатҳ ҷанг ва нафақа кардаанд. Ва Аллоҳ ҳар як аз ду гурӯҳро ваъдаи нек (ҷаннат) медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.

57:11

مَّن ذَا ٱلَّذِي يُقۡرِضُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥ وَلَهُۥٓ أَجۡرٞ كَرِيمٞ ﴿11﴾

Кист, ки Аллоҳро қарзи некӯ (яъне, дар роҳи Аллоҳ садақаи бе миннат) диҳад, ба он умед, ки то аҷру савоби онро барояш чандон баробар зиёд кунад ва ӯро подоши некӯ бошад ва он ҷаннат аст?

57:12

يَوۡمَ تَرَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ يَسۡعَىٰ نُورُهُم بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَبِأَيۡمَٰنِهِمۖ بُشۡرَىٰكُمُ ٱلۡيَوۡمَ جَنَّـٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ﴿12﴾

Рӯзе, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро мебинӣ, ки нурашон пешопеши онон дар самти росташон меравад. Дар он рӯз шуморо башорат бод ба биҳиштҳое, ки дар он дарёҳо равон аст ва дар он ҷовидон хоҳед монд ва ин комёбии бузургест барои шумо дар охират.

57:13

يَوۡمَ يَقُولُ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتُ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱنظُرُونَا نَقۡتَبِسۡ مِن نُّورِكُمۡ قِيلَ ٱرۡجِعُواْ وَرَآءَكُمۡ فَٱلۡتَمِسُواْ نُورٗاۖ فَضُرِبَ بَيۡنَهُم بِسُورٖ لَّهُۥ بَابُۢ بَاطِنُهُۥ فِيهِ ٱلرَّحۡمَةُ وَظَٰهِرُهُۥ مِن قِبَلِهِ ٱلۡعَذَابُ ﴿13﴾

Рӯзе мардони мунофиқу занони мунофиқ ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо нигоҳ кунед, то аз нуратон равшанӣ гирем!» Фариштагон барояшон тамасхӯрона гӯянд: «Ба ақиб ба дунё бозгардед ва аз он ҷо нур биталабед!» Онгоҳ миёни онҳо деворе зада мешавад, ки бар он девор даре бошад, даруни он ки рӯ ба мӯъминон аст раҳмат бошаду беруни он ки рӯ ба мунофиқон аст, азоб аст.

57:14

يُنَادُونَهُمۡ أَلَمۡ نَكُن مَّعَكُمۡۖ قَالُواْ بَلَىٰ وَلَٰكِنَّكُمۡ فَتَنتُمۡ أَنفُسَكُمۡ وَتَرَبَّصۡتُمۡ وَٱرۡتَبۡتُمۡ وَغَرَّتۡكُمُ ٱلۡأَمَانِيُّ حَتَّىٰ جَآءَ أَمۡرُ ٱللَّهِ وَغَرَّكُم بِٱللَّهِ ٱلۡغَرُورُ ﴿14﴾

Ва мунофиқон онҳоро (яъне, мӯъминонро) нидо диҳанд, ки оё мо дар дунё бо шумо ҳамроҳ набудем ва мисли шумо ибодат мекардем? Мӯъминон барояшон мегӯянд: «Бале, аммо шумо худро ба нифоқу маъсият дар бало афкандед ва ба марги паёмбар ва нобудии мусалмонон интизорӣ кардед ва ба рӯзи аз нав зинда шудани баъди мурдан дар шак будед ва орзуҳои дунё шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Аллоҳ (аҷал) даррасид ва фиребгарии шайтон дар фармонбардорӣ ба Аллоҳ фиребатон дод.

57:15

فَٱلۡيَوۡمَ لَا يُؤۡخَذُ مِنكُمۡ فِدۡيَةٞ وَلَا مِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ مَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُۖ هِيَ مَوۡلَىٰكُمۡۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿15﴾

Пас имрӯз аз ҳеҷ яке аз шумо мунофиқон фидяе (ивазе) гирифта намешавад, то худро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад ва на фидя гирифта мешавад аз касоне, ки кофир шуданд. "Ҷойгоҳатон оташ аст. Оташ ёвар ва сарпарасти шумост ва чи бад саранҷомест!»

57:16

أَلَمۡ يَأۡنِ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَن تَخۡشَعَ قُلُوبُهُمۡ لِذِكۡرِ ٱللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ ٱلۡحَقِّ وَلَا يَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلُ فَطَالَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَمَدُ فَقَسَتۡ قُلُوبُهُمۡۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ ﴿16﴾

Оё барои он касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд, вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари ёди Аллоҳ ва шунидани сухани ҳақ (Қуръон), ки нозил шудааст, нарм гардад? Ва низ монанди касоне (яъне, яҳуду насоро) набошанд, ки пеш аз ин Қуръон ба онҳо китоб дода шудаааст ва рӯзгор бар онҳо дароз омад, каломи Аллоҳро табдил доданд, онгоҳ дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онҳо фосиқонанд.

57:17

ٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۚ قَدۡ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ ﴿17﴾

Бидонед, ки ҳароина, Аллоҳ ба борон заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Инчунин қодир ҳаст бар зинда гардондани мурдаҳо дар рӯзи қиёмат ва қодир ҳаст дилҳои сахтро нарм гардонад. Ба таҳқиқ, Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем, то ин ки шумо хирад варзед!

57:18

إِنَّ ٱلۡمُصَّدِّقِينَ وَٱلۡمُصَّدِّقَٰتِ وَأَقۡرَضُواْ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا يُضَٰعَفُ لَهُمۡ وَلَهُمۡ أَجۡرٞ كَرِيمٞ ﴿18﴾

Ҳароина, Аллоҳ ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳанда ва онҳое, ки ба нияти холис ба Аллоҳ қарзи некӯ медиҳанд, чандон баробар зиёд барояшон подош дода мешавад ва онон подоши гаронқадр доранд ва он ҷаннат аст.

57:19

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦٓ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلصِّدِّيقُونَۖ وَٱلشُّهَدَآءُ عِندَ رَبِّهِمۡ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ وَنُورُهُمۡۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ ﴿19﴾

Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон овардаанд ва миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе наниҳоданд, онҳо сиддиқонанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Барои онҳост подошашон ва нурашон рӯзи қиёмат. Ва онҳое, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, на барояшон подош ва на нур аст, балки онҳо соҳибони ҷаҳаннаманд.

57:20

ٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا لَعِبٞ وَلَهۡوٞ وَزِينَةٞ وَتَفَاخُرُۢ بَيۡنَكُمۡ وَتَكَاثُرٞ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِۖ كَمَثَلِ غَيۡثٍ أَعۡجَبَ ٱلۡكُفَّارَ نَبَاتُهُۥ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَىٰهُ مُصۡفَرّٗا ثُمَّ يَكُونُ حُطَٰمٗاۖ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٞ شَدِيدٞ وَمَغۡفِرَةٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٞۚ وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ ﴿20﴾

Бидонед, ки эй мардум, дар ҳақиқат зиндагии инҷаҳонӣ бозиву беҳудагист, ки ба он баданҳо бозӣ мекунанд ва дилҳо саргарм мешаванд ва ороиш аст, ки худро ба он зиннат медиҳанд ва миёни шумо фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову фарзандон ба монанди боронест, ки рӯиданиҳояш кишоварзонро дар тааҷҷуб оварад. Сипас он гиёҳ пажмурда мешавад, пас мебинӣ, ки зард гаштааст, сипас хасу хошок шудааст ва дар охират барои кофирон азоби сахт аст ва барои ахли имон омурзиши Аллоҳ ва хушнудии Ӯст. Ва зиндагии дунё барои касе, ки охираташро фаромӯш кардааст, ҷуз матоъе фиребанда чизи дигаре нест.

57:21

سَابِقُوٓاْ إِلَىٰ مَغۡفِرَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ وَجَنَّةٍ عَرۡضُهَا كَعَرۡضِ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أُعِدَّتۡ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۚ ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ ﴿21﴾

Эй мардум, барои расидан ба сабабҳои омӯрзиши Парвардигоратон ба воситаи тавбаи насуҳ ва дурӣ аз гуноҳ ва ба биҳиште, ки васеъии он монанди васеъии осмонҳову замин аст, бар якдигар мусобиқа кунед. Ин биҳишт барои касоне муҳайё шудааст, ки ба Аллоҳу паёмбаронаш имон овардаанд. Ин бахшоишест аз ҷониби Аллоҳ, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби бахшоише бузург аст. (Ин оят далел аст; ки бе бахшоиш ва раҳмати Аллоҳ ва амали солеҳ ҳеҷ кас ба биҳишт ворид намешавад.)

57:22

مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ أَن نَّبۡرَأَهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ﴿22﴾

Ҳеҷ мусибате дар замин ва на дар ҷонатон нарасад, магар пеш аз он ки онро биёварем дар китобе (Лавҳи Маҳфуз) навишта шудааст. Бегумон ин амр бар Аллоҳ осон аст!

57:23

لِّكَيۡلَا تَأۡسَوۡاْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا تَفۡرَحُواْ بِمَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٍ ﴿23﴾

Ин бар он хотир аст, ки то бар он чӣ ки дар дунё аз дастатон меравад, андӯҳгин мабошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. (Яъне, фахр ва такаббур накунед) Ва Аллоҳ ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад:

57:24

ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ وَيَأۡمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلۡبُخۡلِۗ وَمَن يَتَوَلَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ ﴿24﴾

Онҳо (мутакаббирон), ки дар адои закоти молҳои худ бухл меварзанд ва дар роҳи Аллоҳ онҳоро харҷ намекунанд ва мардумро ба бухл мефармоянд. Ва ҳар кӣ аз тоъати Аллоҳ рӯй мегардонад, ба ҷуз худ касеро зарар намерасонад. Пас бидонад, ки бегумон Аллоҳ аз тамоми халқаш бениёз ва сутудааст. Ӯрост тамоми сифатҳои накӯ.

57:25

لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَأَنزَلۡنَا مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمِيزَانَ لِيَقُومَ ٱلنَّاسُ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَأَنزَلۡنَا ٱلۡحَدِيدَ فِيهِ بَأۡسٞ شَدِيدٞ وَمَنَٰفِعُ لِلنَّاسِ وَلِيَعۡلَمَ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥ وَرُسُلَهُۥ بِٱلۡغَيۡبِۚ إِنَّ ٱللَّهَ قَوِيٌّ عَزِيزٞ ﴿25﴾

Ҳамоно Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобро ба аҳкому шариъатҳояш ва тарозуро низ нозил кардем, то мардум байни якдигар ба адолат амал кунанд ва оҳанро, ки дар он нерӯи сахт ва манфиъатҳои дигаре барои мардум ҳаст, фурӯ фиристодем, то Аллоҳ бидонад ва бубинад дар олами воқеъ чӣ касе нодида Ӯро ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Албатта, Аллоҳ тавоно аст, нотавон карда намешавад, пирӯзманд аст, мағлуб карда намешавад!

57:26

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحٗا وَإِبۡرَٰهِيمَ وَجَعَلۡنَا فِي ذُرِّيَّتِهِمَا ٱلنُّبُوَّةَ وَٱلۡكِتَٰبَۖ فَمِنۡهُم مُّهۡتَدٖۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ ﴿26﴾

Ва ҳамоно Мо Нӯҳу Иброҳимро ба сӯи қавмашон ба паёмбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Пас аз миёни онҳо баъзеашон ҳидоятёфтагон буданд, вале бисёре аз онҳо фосиқанд.

57:27

ثُمَّ قَفَّيۡنَا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم بِرُسُلِنَا وَقَفَّيۡنَا بِعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡإِنجِيلَۖ وَجَعَلۡنَا فِي قُلُوبِ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ رَأۡفَةٗ وَرَحۡمَةٗۚ وَرَهۡبَانِيَّةً ٱبۡتَدَعُوهَا مَا كَتَبۡنَٰهَا عَلَيۡهِمۡ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ رِضۡوَٰنِ ٱللَّهِ فَمَا رَعَوۡهَا حَقَّ رِعَايَتِهَاۖ فَـَٔاتَيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنۡهُمۡ أَجۡرَهُمۡۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ ﴿27﴾

Боз аз паи онҳо Нӯҳу Иброҳим паёмбарони худро фиристодем. Ва Исо ибни Марямро аз паси онҳо фиристодем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш меҳрубонию бахшииш қарор додем. Ва раҳбонияте, ки худ ӯро пайдо карда буданд. Мо онро барояшон фарз накарда будем, аммо дар он хушнудии Аллоҳ меҷӯстанд, вале ҳаққи онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз миёни онҳо касонеро, ки имон ба Аллоҳу паёмбаронаш оварда буданд, мувофиқ ба имонашон подош додем, вале бисёре аз онҳо фосиқонанд.

57:28

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَءَامِنُواْ بِرَسُولِهِۦ يُؤۡتِكُمۡ كِفۡلَيۡنِ مِن رَّحۡمَتِهِۦ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ نُورٗا تَمۡشُونَ بِهِۦ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿28﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати хеш ду баробар музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, то ба он роҳ равед ва барои шумо гуноҳонатонро меомӯрзад. Ва Аллоҳ бо бандагонаш омӯрзандаву меҳрубон аст,

57:29

لِّئَلَّا يَعۡلَمَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ أَلَّا يَقۡدِرُونَ عَلَىٰ شَيۡءٖ مِّن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱلۡفَضۡلَ بِيَدِ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ ﴿29﴾

то аҳли китоб (онон, ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон наовардаанд), бидонанд, ки онҳо бар чизе аз фазли Аллоҳ қодир нестанд ва ҳароина, ин фазл ва ато ба дасти Ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад, арзонӣ медорад ва Аллоҳ дорои бахшоиши азиме аст!

58:1

قَدۡ سَمِعَ ٱللَّهُ قَوۡلَ ٱلَّتِي تُجَٰدِلُكَ فِي زَوۡجِهَا وَتَشۡتَكِيٓ إِلَى ٱللَّهِ وَٱللَّهُ يَسۡمَعُ تَحَاوُرَكُمَآۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعُۢ بَصِيرٌ ﴿1﴾

Ба таҳқиқ Аллоҳ сухани Хавла бинти Саълабаро, ки дар бораи шавҳараш Авс бинни Сомит он чизе, ки аз ӯ содир шуд, бо ту гуфтугӯ мекард ва ба Аллоҳ шикоят мекард, шунид. Ва Аллоҳ гуфтугӯи шуморо бегумон мешунавад, Аллоҳ шунавою бино ба ҳама чиз аст! Ҳеч чиз аз Ӯ пӯшида намемонад.

58:2

ٱلَّذِينَ يُظَٰهِرُونَ مِنكُم مِّن نِّسَآئِهِم مَّا هُنَّ أُمَّهَٰتِهِمۡۖ إِنۡ أُمَّهَٰتُهُمۡ إِلَّا ٱلَّـٰٓـِٔي وَلَدۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَيَقُولُونَ مُنكَرٗا مِّنَ ٱلۡقَوۡلِ وَزُورٗاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٞ ﴿2﴾

Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор мекунанд, ҳамоно пеши Аллоҳ гунаҳгоранд ва мухолифати шариъат кардаанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нашаванд, балки ҳамсаронашон ҳастанд. Модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд. Албатта ин ашхоси зиҳоркунанда сухани дӯруғу нописанде мегӯянд, ки ҳақиқат надорад. Ва ҳароина, Аллоҳ аз баъзе гуноҳони содиршуда даргузаранда ва омӯрзанда аст. Ва он омӯрзиш ба тавбаи насуҳ аст.

58:3

وَٱلَّذِينَ يُظَٰهِرُونَ مِن نِّسَآئِهِمۡ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُواْ فَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مِّن قَبۡلِ أَن يَتَمَآسَّاۚ ذَٰلِكُمۡ تُوعَظُونَ بِهِۦۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿3﴾

Ва онон, ки бо занони худ зиҳор мекунанд, сипас аз он чӣ гуфтаанд, бозмегарданд, пас озод кардани ғуломе пеш аз он ки зану мард бо якдигар ҳамхобӣ кунанд, воҷиб аст. Ин дарс ва панде аст, ки ба шумо дода мешавад ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.

58:4

فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ شَهۡرَيۡنِ مُتَتَابِعَيۡنِ مِن قَبۡلِ أَن يَتَمَآسَّاۖ فَمَن لَّمۡ يَسۡتَطِعۡ فَإِطۡعَامُ سِتِّينَ مِسۡكِينٗاۚ ذَٰلِكَ لِتُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ ﴿4﴾

Пас ҳар касе, ки ғуломеро барои озод кардан наёбад, воҷиб аст бар вай ду моҳ пай дар пай (бе фосила) пеш аз ҳамхобӣ, рӯза бидорад, пас ҳар кӣ рӯза доштанро ба узри шаръӣ, натавонад, пас бояд шаст мискинро ба серӣ таъом диҳад. Ин ҳукмҳои зиҳоре, ки барои шумо баён кардем ба он сабаб аст, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва корҳои давраи ҷоҳилиятро тарк намоед. Ва ин аҳкоми баёншуда ҳадди қонуни муқарраркардаи Аллоҳ аст, пас онро таҷовуз накунед. Ва барои мункирони ин ҳукм азоби дарднок аст!

58:5

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُحَآدُّونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ كُبِتُواْ كَمَا كُبِتَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ وَقَدۡ أَنزَلۡنَآ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۚ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٞ مُّهِينٞ ﴿5﴾

Ҳароина, касоне, ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат (зиддият, муқобала) меварзанд, хору залил мешаванд, ҳамчунон ки умматони пешина хор шудаанд. Ва ҳамоно Мо оятҳои возиҳу равшане нозил кардем, ки далолат мекунад бар ин, ки шариъати Аллоҳ ҳақ аст ва мункирони ин оятҳоро азоби хоркунандае аст дар ҷаҳаннам!

58:6

يَوۡمَ يَبۡعَثُهُمُ ٱللَّهُ جَمِيعٗا فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوٓاْۚ أَحۡصَىٰهُ ٱللَّهُ وَنَسُوهُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ ﴿6﴾

Ба ёд ор эй Паёмбар рузи қиёматро, рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаи мурдагонро зинда мекунад ва аввалину охиринро дар як замин ҷамъ меоварад, пас хабар медиҳад ба онҳо он амалҳои бад ва некеро, ки анҷом дода буданд. Ёд дошт ва ҳифз кард онҳоро Аллоҳ дар Лавҳи Маҳфуз ва навишт онҳоро дар номаҳои аъмолашон. Ва ҳамоно инҳо онро фаромӯш карданд. Ва Аллоҳ бар ҳама чиз шоҳид аст, чизе аз Ӯ махфи намемонад!

58:7

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ مَا يَكُونُ مِن نَّجۡوَىٰ ثَلَٰثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمۡ وَلَا خَمۡسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمۡ وَلَآ أَدۡنَىٰ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمۡ أَيۡنَ مَا كَانُواْۖ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ ﴿7﴾

Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани бади махфӣ) кунанд, Аллоҳ бо илмаш чаҳорумини онҳост ва панҷ кас бошанд, Аллоҳ шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, ҳар ҷо ки бошанд ва бештар аз ин, Аллоҳ бо илмаш дар куҷое бошанд, бо онҳост. Чизе аз Ӯ махфӣ намемонад. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳои баду неке, ки кардаанд, огоҳ мекунад ва ҷазояшон медиҳад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст!

58:8

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نُهُواْ عَنِ ٱلنَّجۡوَىٰ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا نُهُواْ عَنۡهُ وَيَتَنَٰجَوۡنَ بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَمَعۡصِيَتِ ٱلرَّسُولِۖ وَإِذَا جَآءُوكَ حَيَّوۡكَ بِمَا لَمۡ يُحَيِّكَ بِهِ ٱللَّهُ وَيَقُولُونَ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ لَوۡلَا يُعَذِّبُنَا ٱللَّهُ بِمَا نَقُولُۚ حَسۡبُهُمۡ جَهَنَّمُ يَصۡلَوۡنَهَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿8﴾

Оё на нигаристаӣ эй Паёмбар, ба яҳудиёне, ки аз наҷво, ки дар нафси мӯъминон шакку шубҳаро меоварад, манъ шуда буданд, боз ҳам ба гуноҳ наҷво мекунанд. Ва бо якдигар пинҳонӣ сухан мегӯянд, сухане, ки дар он гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар аст? Ва чун (эй Паёмбар) он яҳудиён назди ту барои коре меоянд, ба тавре туро салом мегӯянд, ки Аллоҳ туро ба он тавр салом нагуфтааст ва дар байни худ мегӯянд: Чаро Аллоҳ моро ба он чӣ ба Муҳаммад мегӯем, азоб намекунад, агар ӯ паёмбари барҳақ бошад? Чаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест!

58:9

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا تَنَٰجَيۡتُمۡ فَلَا تَتَنَٰجَوۡاْ بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَمَعۡصِيَتِ ٱلرَّسُولِ وَتَنَٰجَوۡاْ بِٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ﴿9﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар бо якдигар наҷво (роз, сухани махфӣ) мекунед, дар боби гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар наҷво (сухан бад) магӯед, балки дар боби некиву парҳезгорӣ наҷво кунед. Ва аз Аллоҳ битарсед бо ба ҷой овардани амрҳояш ва ба парҳез кардан аз манъ кардаҳояш, пас ҳамагон (ба амалҳо ва суханҳоятон) ба сӯи Ӯ бозмегардед ва зуд аст, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад.

58:10

إِنَّمَا ٱلنَّجۡوَىٰ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ لِيَحۡزُنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَيۡسَ بِضَآرِّهِمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ﴿10﴾

Ҳароина наҷво (роз гуфтани бад), аз васвасаи шайтон аст, ки мехоҳад мӯьминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармону хоҳиши Аллоҳ ба онҳо намерасонад. Ва мӯъминон бояд, ки бар Аллоҳи ягона таваккал кунанд!

58:11

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَكُمۡ تَفَسَّحُواْ فِي ٱلۡمَجَٰلِسِ فَٱفۡسَحُواْ يَفۡسَحِ ٱللَّهُ لَكُمۡۖ وَإِذَا قِيلَ ٱنشُزُواْ فَٱنشُزُواْ يَرۡفَعِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ دَرَجَٰتٖۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿11﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷлисҳо ҷой васеъ кунед, пас ҷой васеъ кунед, то Аллоҳ дар дунёву охират барои шумо васеъ кунад. Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Аллоҳ онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ахли илм мебошанд ба дараҷаҳои баланди савоб ва мартабаҳои ризвон бардорад ва Аллоҳ таъоло ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст. Аз Ӯ чизе махфӣ намемонад ва мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад)!

58:12

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نَٰجَيۡتُمُ ٱلرَّسُولَ فَقَدِّمُواْ بَيۡنَ يَدَيۡ نَجۡوَىٰكُمۡ صَدَقَةٗۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ لَّكُمۡ وَأَطۡهَرُۚ فَإِن لَّمۡ تَجِدُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ﴿12﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун бихоҳед, ки бо паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наҷво кунед (пинҳонӣ сухан гӯед), пеш аз наҷво карданатон садақа бидиҳед ба ҳоҷатмандон. Ин барои шумо аз ҷиҳати савоб беҳтар ва бар дилҳоятон покизатар аст. Ва агар барои садақа чизе наёфтед боке нест, пас ҳамоно Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!

58:13

ءَأَشۡفَقۡتُمۡ أَن تُقَدِّمُواْ بَيۡنَ يَدَيۡ نَجۡوَىٰكُمۡ صَدَقَٰتٖۚ فَإِذۡ لَمۡ تَفۡعَلُواْ وَتَابَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمۡ فَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥۚ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ ﴿13﴾

Оё тарсидед аз садақа додан, пеш аз рози пинҳонӣ гуфтан бо паёмбар ин, ки камбағал мешавед? Пас чун накардед (яъне садақа надодед) ва Аллоҳ шуморо бахшид ва рухсат дод шуморо ба садақа надодан, пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, ки Аллоҳ ба корҳое мекунед, огоҳ аст ва шуморо мувофиқи он ҷазо медиҳад!