quranm◉

Саҳифа 263

Range
from 15:16 to 15:31
Surahs covered
Тарҷума
16 Тарҷума

◉

15:16

وَلَقَدۡ جَعَلۡنَا فِي ٱلسَّمَآءِ بُرُوجٗا وَزَيَّنَّـٰهَا لِلنَّـٰظِرِينَ ﴿16﴾

Ва ҳароина, дар осмони дунё бурҷҳое офаридем барои ситорагон ва осмонро бо ситорагон барои бинандагонашон биёростем, то андеша кунанд ва панд бигиранд.

15:17

وَحَفِظۡنَٰهَا مِن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٍ ﴿17﴾

Ва осмонро аз ҳар шайтони раҷиме ки аз раҳмати Аллоҳ маҳрум аст, ҳифз кардем.

15:18

إِلَّا مَنِ ٱسۡتَرَقَ ٱلسَّمۡعَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ مُّبِينٞ ﴿18﴾

Магар он шайтоне, ки дуздона гӯш медод ва шиҳобе (оташпорае) равшан дар пайи вай афтад.

15:19

وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَيۡءٖ مَّوۡزُونٖ ﴿19﴾

Ва заминро васеъ кардем ва дар он кӯҳҳои азиме партофтем. Ва барои эҳтиёҷи бандагон аз ҳар чизе санҷида дар он рӯёнидем.

15:20

وَجَعَلۡنَا لَكُمۡ فِيهَا مَعَٰيِشَ وَمَن لَّسۡتُمۡ لَهُۥ بِرَٰزِقِينَ ﴿20﴾

Ва дар он ҷо барои шумо асбоби зиндагӣ қарор додем ва низ касонеро, ки шумо рӯзидиҳандаи онҳо нестед, аз ходимону чорпоҳо.

15:21

وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا عِندَنَا خَزَآئِنُهُۥ وَمَا نُنَزِّلُهُۥٓ إِلَّا بِقَدَرٖ مَّعۡلُومٖ ﴿21﴾

Ҳар чи ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муайян онро фурӯ намефиристем.

15:22

وَأَرۡسَلۡنَا ٱلرِّيَٰحَ لَوَٰقِحَ فَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَسۡقَيۡنَٰكُمُوهُ وَمَآ أَنتُمۡ لَهُۥ بِخَٰزِنِينَ ﴿22﴾

Ва бодҳои бордоркунанда абрҳоро фиристодем ва аз паси он аз осмон обе нозил кардем барои нӯшокии шумо ва заминатон ва чорпоёнатон ва шуморо бо он сероб сохтем ва шумо хазинадори он нестед.

15:23

وَإِنَّا لَنَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَنَحۡنُ ٱلۡوَٰرِثُونَ ﴿23﴾

Албатта, Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва ҷамии халоиқро мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем.

15:24

وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَقۡدِمِينَ مِنكُمۡ وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَـٔۡخِرِينَ ﴿24﴾

Ва ба таҳқиқ медонем ҳоли касонеро, ки аз шумо аз ин пеш рафтаанд аз мурдаҳо ва кушташудаҳо ва медонем ҳоли касоне, ки боқӣ мондаанд дар ҳаёт ё баъд ба дунё меоянд.

15:25

وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحۡشُرُهُمۡۚ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٞ ﴿25﴾

Ва ҳамоно Парвардигори ту ҳамаро аз аввал то охир барои ҳисобу ҷазо зинда карда, ҷамъ мегардонад, зеро Ӯст ҳакиму доно чизе аз Ӯ пинҳон намемонад!

15:26

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ ﴿26﴾

Мо одамиро аз гили хушк, аз лойи сиёҳи бӯйгирифта офаридем.

15:27

وَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ ﴿27﴾

Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем.

15:28

وَإِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلَـٰٓئِكَةِ إِنِّي خَٰلِقُۢ بَشَرٗا مِّن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ ﴿28﴾

Ва ба ёд ор эй Паёмбар ҳангоме, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳамоно ман аз гили хушкида, аз гили сиёҳи бӯйнок инсонеро меофаринам.

15:29

فَإِذَا سَوَّيۡتُهُۥ وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُۥ سَٰجِدِينَ ﴿29﴾

Пас, чун ӯро рост кунам ва аз рӯҳи Худ дар он бидамам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед».

15:30

فَسَجَدَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ كُلُّهُمۡ أَجۡمَعُونَ ﴿30﴾

Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд,

15:31

إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰٓ أَن يَكُونَ مَعَ ٱلسَّـٰجِدِينَ ﴿31﴾

магар Иблис, ки саркашӣ кард, ки бо саҷдакунандагон бошад.