فَمَنۡ خَافَ مِن مُّوصٖ جَنَفًا أَوۡ إِثۡمٗا فَأَصۡلَحَ بَيۡنَهُمۡ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿182﴾فَمَنۡ خَافَ مِن مُّوصٖ جَنَفًا أَوۡ إِثۡمٗا فَأَصۡلَحَ بَيۡنَهُمۡ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Гар касе донад, ки васияткунандае дар васияти худ дур аст аз ҳақ, хоҳ қасдан бошад ё саҳван ва насиҳат кунад васияткунандаро ба адл ва ӯ насиҳатро қабул накунад, пас агар ислоҳе миёни онон пардозад, ба тағйир додани васият то мувофиқи шариъат шавад муртакиби гуноҳе нашудааст. Ба дурустӣ Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст!
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ ﴿183﴾يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ
Эй касоне, имон овардаед, рӯза доштан бар шумо фарз шуд, ҳамчунон ки бар касони пеш аз шумо буда, фарз шуда буд. Бояд ки аз Парвардигоратон битарсед, ва байни худатон ва гуноҳоятон қалъае аз тоъату ибодати Ӯ қарор диҳед.
أَيَّامٗا مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۚ وَعَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدۡيَةٞ طَعَامُ مِسۡكِينٖۖ فَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥۚ وَأَن تَصُومُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ﴿184﴾أَيَّامٗا مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۚ وَعَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدۡيَةٞ طَعَامُ مِسۡكِينٖۖ فَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥۚ وَأَن تَصُومُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
Рӯзҳои башумор рӯза доштанаш бар шумо фарз шудааст. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад ва рӯзадорӣ ба ӯ вазнинӣ кунад, пас рӯзаашро бихӯрад ба ҳамон ададе, ки рӯзаашро хӯрд аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии рӯзаро надоранд, монанди пирсолон, бемороне, ки умеди шифоро надоранд ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд, яъне фидя бидиҳанд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст. Ва рӯза бароятон беҳтар аст, гарчанде бо машаққат бошад аз фидя додан, агар шумо манзалати бузургии рӯзаро дар назди Аллоҳи таъоло медонистед.
شَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُۖ وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۗ يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلۡيُسۡرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلۡعُسۡرَ وَلِتُكۡمِلُواْ ٱلۡعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ﴿185﴾شَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُۖ وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۗ يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلۡيُسۡرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلۡعُسۡرَ وَلِتُكۡمِلُواْ ٱلۡعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон ҳамчун раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Пас ҳар кас, ки аз шумо ин моҳро дарёбад, бояд ки дар рӯзҳои он моҳ рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, барои ӯ рухсат аст рӯза надорад, баъд аз он барои вай ба шумораи он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар рӯза доштанаш лозим аст. Аллоҳ дар шариъати худ барои шумо осониро мехоҳад ва ба шумо душворӣ ва машаққатро намехоҳад ва мехоҳад, ки иддаро комил созед. Ва дар иди Рамазон пас аз адои рӯза Аллоҳро бо такбир ёд кунед ва бар ҳидоятёфтанатон Ӯро бузург доред ва бар тавфиқе, ки ба шумо арзонӣ намудааст, шукргузор бошед.
وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌۖ أُجِيبُ دَعۡوَةَ ٱلدَّاعِ إِذَا دَعَانِۖ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لِي وَلۡيُؤۡمِنُواْ بِي لَعَلَّهُمۡ يَرۡشُدُونَ ﴿186﴾وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌۖ أُجِيبُ دَعۡوَةَ ٱلدَّاعِ إِذَا دَعَانِۖ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لِي وَلۡيُؤۡمِنُواْ بِي لَعَلَّهُمۡ يَرۡشُدُونَ
Эй Муҳаммад, чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, Ман ба онҳо наздикам ва ба нидои касе, ки Манро бихонад, ҷавоб медиҳам. Пас Манро дар он чи ки онҳоро фармудаам ва аз он чи ки онҳоро манъ намудаам, итоъат кунанд. Ва ба Ман имон оранд. Бошад, ки роҳи ободии дину дунёашонро дарёбанд!