quranm◉

Саҳифа 363

Range
from 25:33 to 25:43
Surahs covered
Тарҷума
11 Тарҷума

◉

25:33

وَلَا يَأۡتُونَكَ بِمَثَلٍ إِلَّا جِئۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَأَحۡسَنَ تَفۡسِيرًا ﴿33﴾

Ҳеҷ масале барои ту наёваранд, магар он, ки посухашро (ҷавобашро) ба ростӣ ва некӯтарин баён биёварем.

25:34

ٱلَّذِينَ يُحۡشَرُونَ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ إِلَىٰ جَهَنَّمَ أُوْلَـٰٓئِكَ شَرّٞ مَّكَانٗا وَأَضَلُّ سَبِيلٗا ﴿34﴾

Кофиронро, ки бар рӯй мекашанду дар ҷаҳаннам гирд меоваранд, онҳо ба ҷойгоҳ бадтару ба роҳи ҳақ гумгаштатаранд.

25:35

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلۡنَا مَعَهُۥٓ أَخَاهُ هَٰرُونَ وَزِيرٗا ﴿35﴾

Ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем ва бародараш Ҳорунро мададгораш сохтем.

25:36

فَقُلۡنَا ٱذۡهَبَآ إِلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا فَدَمَّرۡنَٰهُمۡ تَدۡمِيرٗا ﴿36﴾

Ва гуфтем: «Назди мардуме, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд, биравед». Ва он қавмро ба сахтӣ ҳалок кардем.

25:37

وَقَوۡمَ نُوحٖ لَّمَّا كَذَّبُواْ ٱلرُّسُلَ أَغۡرَقۡنَٰهُمۡ وَجَعَلۡنَٰهُمۡ لِلنَّاسِ ءَايَةٗۖ وَأَعۡتَدۡنَا لِلظَّـٰلِمِينَ عَذَابًا أَلِيمٗا ﴿37﴾

Қавми Нӯҳро, чун паёмбаронро дурӯғгӯ шумурдаанд, ғарқ кардем ва онҳоро барои мардум ибрате сохтем. Ва барои ситамгорон азобе дардовар омода кардем.

25:38

وَعَادٗا وَثَمُودَاْ وَأَصۡحَٰبَ ٱلرَّسِّ وَقُرُونَۢا بَيۡنَ ذَٰلِكَ كَثِيرٗا ﴿38﴾

Ва қабилаи Од ва Самуд ва асҳоби Расс ва наслҳои бисёреро, ки миёни онҳо буданд, низ ҳалок кардем.

25:39

وَكُلّٗا ضَرَبۡنَا لَهُ ٱلۡأَمۡثَٰلَۖ وَكُلّٗا تَبَّرۡنَا تَتۡبِيرٗا ﴿39﴾

Ва барои ҳамаи қавмҳо мисолҳое овардем бо ин ҳам имон наоварданд ва ҳамаро несту нобуд сохтем.

25:40

وَلَقَدۡ أَتَوۡاْ عَلَى ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِيٓ أُمۡطِرَتۡ مَطَرَ ٱلسَّوۡءِۚ أَفَلَمۡ يَكُونُواْ يَرَوۡنَهَاۚ بَلۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ نُشُورٗا ﴿40﴾

Ҳамоно расиданд мушрикони Макка ба деҳае, ки борони санг борида буд дар он. Оё надиданд ин деҳаро, то ибрат бигиранд? (Не), балки умеди аз нав зинда шуданро надоштанд.

25:41

وَإِذَا رَأَوۡكَ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِي بَعَثَ ٱللَّهُ رَسُولًا ﴿41﴾

Чун туро диданд, эй Расул, масхараат карданд, ки оё ин аст он паёмбаре, ки Аллоҳ бар мо фиристодааст?

25:42

إِن كَادَ لَيُضِلُّنَا عَنۡ ءَالِهَتِنَا لَوۡلَآ أَن صَبَرۡنَا عَلَيۡهَاۚ وَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ حِينَ يَرَوۡنَ ٱلۡعَذَابَ مَنۡ أَضَلُّ سَبِيلًا ﴿42﴾

Қариб буд, ки гумроҳ кунад моро аз парастиши маъбудони мо (яъне, бутҳо) агар сабру тоқат намекардем. Чун азобро бубинанд, хоҳанд донист чӣ касе гумроҳтар будааст.

25:43

أَرَءَيۡتَ مَنِ ٱتَّخَذَ إِلَٰهَهُۥ هَوَىٰهُ أَفَأَنتَ تَكُونُ عَلَيۡهِ وَكِيلًا ﴿43﴾

Бингар эй Расул, оё он касро, ки ҳавои нафсро маъбуди худ гирифта буд, дидӣ? Оё ту зомини имоноварии ӯ ҳастӣ?