quranm◉

Саҳифа 39

Range
from 2:238 to 2:245
Surahs covered
Тарҷума
8 Тарҷума

◉

2:238

حَٰفِظُواْ عَلَى ٱلصَّلَوَٰتِ وَٱلصَّلَوٰةِ ٱلۡوُسۡطَىٰ وَقُومُواْ لِلَّهِ قَٰنِتِينَ ﴿238﴾

Аллоҳ фармон медиҳад, то бар адои намозҳо давомат шавад ва бар адои намози вусто, (ки намози аср аст) муҳофизат шавад. ва дар намозатон барои Аллоҳ фармонбардор ва дар ҳолати хушӯъ бошед.

2:239

فَإِنۡ خِفۡتُمۡ فَرِجَالًا أَوۡ رُكۡبَانٗاۖ فَإِذَآ أَمِنتُمۡ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَمَا عَلَّمَكُم مَّا لَمۡ تَكُونُواْ تَعۡلَمُونَ ﴿239﴾

Ва агар аз душманонатон тарсидед, пас дар ин сурат пиёда ё дар ҳоле ки бар асп ва соири савораҳо ҳастед, намоз бихонед. Пас, ҳар вақте ки тарс аз шумо дур шуд, намозро бо оромиш хонед. Ва Аллоҳро дар он ёд кунед ва онро аз ҳайати аслиаш кам накунед ва шукри Ӯро ба ҷо оред, бинобар он чизҳое, ки шуморо таълим дод аз ибодатҳо ва аҳком, ки шумо намедонистед.

2:240

وَٱلَّذِينَ يُتَوَفَّوۡنَ مِنكُمۡ وَيَذَرُونَ أَزۡوَٰجٗا وَصِيَّةٗ لِّأَزۡوَٰجِهِم مَّتَٰعًا إِلَى ٱلۡحَوۡلِ غَيۡرَ إِخۡرَاجٖۚ فَإِنۡ خَرَجۡنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ فِي مَا فَعَلۡنَ فِيٓ أَنفُسِهِنَّ مِن مَّعۡرُوفٖۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ﴿240﴾

Ва касоне аз шумо мемиранд ва занонеро бар ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсарони худ васият кунанд, ки ворисони шавҳар онҳоро то як сол кумак кунанд ва онҳоро аз хона берун накунанд ва агар худашон берун рафтанд, пас дар он чи онҳо ба таври шоиста дар бораи худ анҷом медиҳанд, гуноҳе бар шумо нест, Аллоҳ азизу ҳаким аст.

2:241

وَلِلۡمُطَلَّقَٰتِ مَتَٰعُۢ بِٱلۡمَعۡرُوفِۖ حَقًّا عَلَى ٱلۡمُتَّقِينَ ﴿241﴾

Ва талоқшудагонро тибқи шариъат, ба пӯшок ва нафақаи хуб баҳраманд сохтан лозим аст, онҳо касонеанд, ки аз Аллоҳи худ метарсанд ва амру наҳйяшро ба ҷо меоранд.

2:242

كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ ﴿242﴾

Ҳамчунин Аллоҳ аҳкоми худро дар бораи фарзандон ва занон равшан баён медорад. Ҳадаф аз баёни он барои бандагон ин аст, ки онро бифаҳманд ва дар он бияндешанд ва ба он амал намоянд.

2:243

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ خَرَجُواْ مِن دِيَٰرِهِمۡ وَهُمۡ أُلُوفٌ حَذَرَ ٱلۡمَوۡتِ فَقَالَ لَهُمُ ٱللَّهُ مُوتُواْ ثُمَّ أَحۡيَٰهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ ﴿243﴾

Эй Расул, оё ин қиссаи аҷибро, ки барои гузаштагони шумо пеш омад, нашунидаӣ? Он гоҳ, ки вабо (бемории сирояткунанда ва паҳншаванда) сарзамини онҳоро фаро гирифт, онҳо ҳазорон нафар буданд, барои ин ки аз дасти марг фирор кунанд, аз сарзамини худ берун рафтанд, аммо фирор онҳоро наҷот надод ва натавонист, чизеро ки аз вуқуъи он метарсиданд, аз онҳо дур намояд. Ва Аллоҳ бар хилофи мақсудашон бо онҳо бархӯрд кард ва ҳамаро ҳалок гардонд. Баъд аз муддате Аллоҳ онҳоро ба сабаби фазл ва эҳсони худ зинда гардонид, то ин ки умри худро давом диҳанд ва ибрат гирифта бо тавба бозгарданд. Ва онҳо мебоист шукри неъматҳои Илоҳиро баҷо оваранд, вале бештарашон дар анҷоми фаризаи шукргузорӣ кӯтоҳӣ варзиданд.

2:244

وَقَٰتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ ﴿244﴾

Эй мусалмонон, барои нусрати дини Аллоҳ дар роҳи Аллоҳ бо кофирон биҷангед ва бидонед, ки Аллоҳ ба суханони шумо шунаво ва ба ният ва амалҳои шумо доност!

2:245

مَّن ذَا ٱلَّذِي يُقۡرِضُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥٓ أَضۡعَافٗا كَثِيرَةٗۚ وَٱللَّهُ يَقۡبِضُ وَيَبۡصُۜطُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ﴿245﴾

Кист ба Аллоҳ қарзи некӯ диҳад. Ва Аллоҳ ба ӯ ваъда додааст, ки подоши ӯро чандин баробар намояд!? Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад зиёд, ё кам мекунад. Пас тарс аз фақр набояд монеъи нафақа шавад ва одамӣ набояд гумон барад, ки амволеро, ки нафақа намуда зоеъ гардондааст, балки бозгашти ҳамаи бандагон ба сӯи Аллоҳ аст. Ва нафақакунандагон ва амалкунандагон муздашонро назди Аллоҳ меёбанд.