quranm◉

Саҳифа 519

Range
from 50:16 to 50:35
Surahs covered
Тарҷума
20 Тарҷума

◉

50:16

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ ٱلۡوَرِيدِ ﴿16﴾

Ва ҳароина, Мо одамиро офаридаем ва медонем он чиро ки нафсаш ба ӯ васваса мекунад, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем.

50:17

إِذۡ يَتَلَقَّى ٱلۡمُتَلَقِّيَانِ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ قَعِيدٞ ﴿17﴾

Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. Пас фариштае, ки аз ҷониби рост аст амалҳои хубро менависад ва дигаре аз ҷониби чап аст, амалҳои бадро менависад.

50:18

مَّا يَلۡفِظُ مِن قَوۡلٍ إِلَّا لَدَيۡهِ رَقِيبٌ عَتِيدٞ ﴿18﴾

Ҳеҷ каломе намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.

50:19

وَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ ﴿19﴾

Ва ба ростй, ки беҳушии сахтии марг фаро расид. Эй инсон, ин ҳамон марг аст он чӣ аз он мегурехтй.

50:20

وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡوَعِيدِ ﴿20﴾

Ва дар сур бори дуввум дамида мешавад. Ин ҳамон рӯз аст, рӯзи ваъдаи азоб аст, ки Аллоҳ ба кофирон бим карда буд!

50:21

وَجَآءَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّعَهَا سَآئِقٞ وَشَهِيدٞ ﴿21﴾

Ҳар касе дар рӯзи маҳшар меояд ва ҳамроҳ бо ӯ фариштае ронандааст, ки ӯро ба сӯи маҳшар меронад ва фариштае, гувоҳидиҳандааст ва барои кори неку бадаш гувоҳӣ медиҳад.

50:22

لَّقَدۡ كُنتَ فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا فَكَشَفۡنَا عَنكَ غِطَآءَكَ فَبَصَرُكَ ٱلۡيَوۡمَ حَدِيدٞ ﴿22﴾

Эй инсон, ба дурустӣ, ту аз ин рӯзи сахт ғофил будӣ. Мо парда аз дидаи ту бардоштем, ғафлат аз ту дур шуд ва имрӯз аз он чи мебинӣ, чашмонат тезбин шудааст.

50:23

وَقَالَ قَرِينُهُۥ هَٰذَا مَا لَدَيَّ عَتِيدٌ ﴿23﴾

Ва ҳамроҳаш фариштаи нависандаи амалҳои ӯ гӯяд: «Ин девони амали ӯ аст он чӣ ман омода кардаам».

50:24

أَلۡقِيَا فِي جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٖ ﴿24﴾

Аллоҳ барои ҳар ду фаришта яке ронанда ва дигаре гувоҳидиҳанда, мефармояд: Ҳар носипоси саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед;

50:25

مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٖ مُّرِيبٍ ﴿25﴾

он: ҳар боздорандаи хайр, таҷовузкори шакковардаеро,

50:26

ٱلَّذِي جَعَلَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَأَلۡقِيَاهُ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلشَّدِيدِ ﴿26﴾

он касе, ки бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигаре қарор додааст. Пас, ӯро ба азоби сахти дӯзах бияндозед!

50:27

قَالَ قَرِينُهُۥ رَبَّنَا مَآ أَطۡغَيۡتُهُۥ وَلَٰكِن كَانَ فِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٖ ﴿27﴾

Ҳамнишини ӯ (шайтоне, ки дар дунё бо ӯ буд), бигӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ сахт дар гумроҳӣ буд».

50:28

قَالَ لَا تَخۡتَصِمُواْ لَدَيَّ وَقَدۡ قَدَّمۡتُ إِلَيۡكُم بِٱلۡوَعِيدِ ﴿28﴾

Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Назди Ман имрӯз, ки рӯзи ҷазо аст, муҷодала макунед. Ман пеш аз ин дар дунё бо шумо ҳушдор фиристонда будам.

50:29

مَا يُبَدَّلُ ٱلۡقَوۡلُ لَدَيَّ وَمَآ أَنَا۠ بِظَلَّـٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ ﴿29﴾

Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва касеро бо гуноҳи касе азоб намекунам. Ва Ман ба бандагон ситам намекунам, магар баъд аз он, ки ҳуҷҷат барояшон равшан шавад».

50:30

يَوۡمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ ٱمۡتَلَأۡتِ وَتَقُولُ هَلۡ مِن مَّزِيدٖ ﴿30﴾

(Ба ёд ор эй Расул,) рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Дӯзах мегӯяд: «Ҳеҷ зиёдатӣ аз ин ҳаст?» (Пас Аллоҳ қадами худро бар рӯи ҷаҳаннам мегузорад, он гоҳ ҷаҳанам фушурда мегардад ва мегӯяд бас аст, бас аст.)

50:31

وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ غَيۡرَ بَعِيدٍ ﴿31﴾

Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд ва аз онон дур нахоҳад буд, тавре ки неъматҳои шодӣ ва хурсандие, ки дар он ҳаст, мушоҳида мегардад.

50:32

هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٖ ﴿32﴾

Барояшон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунандаи аз гуноҳон парҳезгоре, ки бо фарзҳову тоъатҳои Парвардигораш муҳофизат дорад, ваъда дода мешуд.

50:33

مَّنۡ خَشِيَ ٱلرَّحۡمَٰنَ بِٱلۡغَيۡبِ وَجَآءَ بِقَلۡبٖ مُّنِيبٍ ﴿33﴾

Ҳамон касе, ки дар пинҳонӣ аз Аллоҳи меҳрубон битарсад ва бо дили тавбакор пеш ояд.

50:34

ٱدۡخُلُوهَا بِسَلَٰمٖۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُلُودِ ﴿34﴾

Барои ин мӯъминон гӯянд: «Ба саломат дохили биҳишт шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист».

50:35

لَهُم مَّا يَشَآءُونَ فِيهَا وَلَدَيۡنَا مَزِيدٞ ﴿35﴾

Дар он ҷо барои он мӯъминон ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва афзун бар он назди Мо неъматҳои дигаре вуҷуд дорад ва он нигаристан ба дидори Парвардигор аст.