quranm◉

Саҳифа 561

Range
from 66:8 to 66:12
Surahs covered
Тарҷума
5 Тарҷума

◉

66:8

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ تُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ تَوۡبَةٗ نَّصُوحًا عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يُكَفِّرَ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَيُدۡخِلَكُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ يَوۡمَ لَا يُخۡزِي ٱللَّهُ ٱلنَّبِيَّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥۖ نُورُهُمۡ يَسۡعَىٰ بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَبِأَيۡمَٰنِهِمۡ يَقُولُونَ رَبَّنَآ أَتۡمِمۡ لَنَا نُورَنَا وَٱغۡفِرۡ لَنَآۖ إِنَّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿8﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос, ки баъд аз он гуноҳе набошад. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар зери қасрҳои он дарёҳо ҷорист. Дар он рӯз Аллоҳ Паёмбар ва касонеро, ки бо ҳамроҳии ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш аз самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон, то аз сироти қиёмат гузарем ва ба ҷаннат муваффақ шавем ва моро биёмӯрз, ки ҳароина, ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»

66:9

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ جَٰهِدِ ٱلۡكُفَّارَ وَٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱغۡلُظۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿9﴾

Эй Паёмбар, бар кофирону мунофиқон бо ҳуҷҷат ва бурҳон ва барпо доштани ҳудуд ва шаъоири дин ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон дар охират ҷаҳаннам аст ва бад саранҷомест дӯзах!

66:10

ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱمۡرَأَتَ نُوحٖ وَٱمۡرَأَتَ لُوطٖۖ كَانَتَا تَحۡتَ عَبۡدَيۡنِ مِنۡ عِبَادِنَا صَٰلِحَيۡنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمۡ يُغۡنِيَا عَنۡهُمَا مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـٔٗا وَقِيلَ ٱدۡخُلَا ٱلنَّارَ مَعَ ٱلدَّـٰخِلِينَ ﴿10﴾

Аллоҳ барои кофирон дар омезиш ва муошироти онҳо бо мусалмонон ҳеҷ фоидае надорад мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лут алайҳимассалом дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд, чунки он ду зан кофир буданд. Пас он ду паёмбар натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва барои он ду зан гуфта шуд: «Бо ҳамроҳи дигарон ба оташ дароед!»

66:11

وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱمۡرَأَتَ فِرۡعَوۡنَ إِذۡ قَالَتۡ رَبِّ ٱبۡنِ لِي عِندَكَ بَيۡتٗا فِي ٱلۡجَنَّةِ وَنَجِّنِي مِن فِرۡعَوۡنَ وَعَمَلِهِۦ وَنَجِّنِي مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿11﴾

Ва Аллоҳ барои касоне, ки имон овардаанд ва танҳо Ӯро ибодат кардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд, ки омезишу муомилот ва муошироти онҳо бо кофирон ҳеҷ зарарашон намеорад ва аз ин сабаб зани Фиръавнро, ки мӯъминазан буд, дар дасти ашаддитарини кофирон ҳаёт ба сар мебурд мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ, маро аз мардуми ситамкор бираҳон!»

66:12

وَمَرۡيَمَ ٱبۡنَتَ عِمۡرَٰنَ ٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتۡ بِكَلِمَٰتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِۦ وَكَانَتۡ مِنَ ٱلۡقَٰنِتِينَ ﴿12﴾

Ва низ мисоли дигареро барои мӯъминон меорад, ки Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. (Яъне, ба Ҷабраил фармон додем, то дар кисаи куртаи вай бидамад, пас он дам ба раҳми вай расид, ба Исо алайҳиссалом бордор шуд) Ва ӯ (Марям) калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ба шариъате, ки бар бандагонаш муқаррар карда буд, ба он амал намуд. Ва ӯ (Марям) аз фармонбардорон буд.