quranm◉

Саҳифа 562

Range
from 67:1 to 67:12
Surahs covered
Тарҷума
12 Тарҷума

◉

67:1

تَبَٰرَكَ ٱلَّذِي بِيَدِهِ ٱلۡمُلۡكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ﴿1﴾

Пурбаракат ва бузургвор аст (яъне, хайри Аллоҳ бисёр ва инъомаш бузург аст,) он ки ба дасти Уст мулк ва подшоҳии дунёву охират аз они Уст ва амру қазояш дар ҳар ду ҷаҳон гузарост ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.

67:2

ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡمَوۡتَ وَٱلۡحَيَوٰةَ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفُورُ ﴿2﴾

Он, ки марг ва зиндагиро офарид, то шуморо эй мардум, биёзмояд, ки кадом як аз шумо некӯкирдортар, холистару дурусттар аст ва Ӯст пирӯзманди тавоно, ки Ӯро чизе нотавон нахоҳад кард, бахшанда аст барои касе, ки тавба кардааст.

67:3

ٱلَّذِي خَلَقَ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ طِبَاقٗاۖ مَّا تَرَىٰ فِي خَلۡقِ ٱلرَّحۡمَٰنِ مِن تَفَٰوُتٖۖ فَٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ هَلۡ تَرَىٰ مِن فُطُورٖ ﴿3﴾

Он, ки ҳафт осмонро табақа-табақа (яъне, болои ҳам) офарид. Дар офариниши Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ халал ва камбудие намебинӣ. Бознигар, оё ҳеҷ нуқсоне ва шикофӣ дар он мебинӣ?

67:4

ثُمَّ ٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ كَرَّتَيۡنِ يَنقَلِبۡ إِلَيۡكَ ٱلۡبَصَرُ خَاسِئٗا وَهُوَ حَسِيرٞ ﴿4﴾

Сипас бори дигар чашм бигардон, чашми ту дар ҳоле, ки хаста ва нотавон аст ба сӯи ту боз мегардад.

67:5

وَلَقَدۡ زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَجَعَلۡنَٰهَا رُجُومٗا لِّلشَّيَٰطِينِۖ وَأَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابَ ٱلسَّعِيرِ ﴿5﴾

Ва ҳароина осмони дунёро ба чароғҳои азим, дурахшанда зиннат додем ва онҳоро барои рондани шайтонҳо (сӯзонанда) қарор додем, зеро шайтонҳо мехоҳанд, ки аз ахбори осмон гӯш диҳанд ва дузданд ва барои онҳо дар охират азоб ва оташи сӯзон омода сохтем, ки ба он чашонда мешаванд.

67:6

وَلِلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿6﴾

Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст ва барояшон чӣ бад ҷойгаҳе аст.

67:7

إِذَآ أُلۡقُواْ فِيهَا سَمِعُواْ لَهَا شَهِيقٗا وَهِيَ تَفُورُ ﴿7﴾

Ҳангоме ки дар он дӯзах андохта шаванд, аз он овозе бениҳоят сахти бад, ваҳшатнок мешунаванд, дар ҳоле ки дӯзах бар он меҷӯшад.

67:8

تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۖ كُلَّمَآ أُلۡقِيَ فِيهَا فَوۡجٞ سَأَلَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَذِيرٞ ﴿8﴾

Аз шиддати хашм наздик аст, ки дӯзах бар кофирон пора пора шавад, ҳаргоҳ, ки гурӯҳе аз одамон дар он дӯзах андохта мешаванд, фариштагони нигоҳбони он дӯзах аз онҳо мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғи шумо наёмад, ки аз ин азоб шуморо бим намояд?!»

67:9

قَالُواْ بَلَىٰ قَدۡ جَآءَنَا نَذِيرٞ فَكَذَّبۡنَا وَقُلۡنَا مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٍ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ كَبِيرٖ ﴿9﴾

Гӯянд: «Оре, бимдиҳандае аз назди Аллоҳ ба сӯи мо омад ва моро бим дод, пас мо ӯро дурӯғ шуморидем ва гуфтем, ҳаргиз Аллоҳ чизе бар касе аз одамӣ нозил накардааст, шумо эй Расулон ҷуз дар гумроҳии бузург нестед».

67:10

وَقَالُواْ لَوۡ كُنَّا نَسۡمَعُ أَوۡ نَعۡقِلُ مَا كُنَّا فِيٓ أَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ ﴿10﴾

Ва кофирон гӯянд: «Агар мо дар дунё ба шунавоии қабул мешунидем ё таъаққул (фикр) мекардем, мисли ҳақталабон, имрӯз дар зумраи дӯзахиён набудем.»

67:11

فَٱعۡتَرَفُواْ بِذَنۢبِهِمۡ فَسُحۡقٗا لِّأَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ ﴿11﴾

Пас онҳо ба гуноҳи худ эътироф карданд ва ба сабаби куфрашон сазовори азоби дӯзах шуданд. Дур бод ахди дӯзах аз раҳмати Аллоҳ.

67:12

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٞ ﴿12﴾

Бегумон касоне ки ғоибона аз Парвардигорашон метарсанд, ҳатто дар ҳолатҳое, ки гайр аз Аллоҳ касе дигар хабар надорад ва Ӯро ибодат мекунанд ва нофармонбардорӣ намекунанд, барои онҳо омӯрзиш аз гуноҳҳо ва подоши бузурге (ҷаннат) аст.