quranm◉

Саҳифа 563

Range
from 67:13 to 67:26
Surahs covered
Тарҷума
14 Тарҷума

◉

67:13

وَأَسِرُّواْ قَوۡلَكُمۡ أَوِ ٱجۡهَرُواْ بِهِۦٓۖ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ﴿13﴾

Ва гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, ба ҳар ҳол назди Аллоҳ баробар аст ва чизе аз гуфтору кирдори шумо бар Вай пинҳон намемонад, ҳатто Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст.

67:14

أَلَا يَعۡلَمُ مَنۡ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ ﴿14﴾

Оё касе, ки ҳамаи мавҷудотро офаридааст, халқияти онро хуб ва маҳкам кардааст, пас чӣ гуна аз ҳоли онҳо намедонад? Дар ҳоле, ки Ӯ нозукбину огоҳ аст ба аъмоли бандагонаш.

67:15

هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ ذَلُولٗا فَٱمۡشُواْ فِي مَنَاكِبِهَا وَكُلُواْ مِن رِّزۡقِهِۦۖ وَإِلَيۡهِ ٱلنُّشُورُ ﴿15﴾

Ӯ Зотест, ки заминро барои шумо ром ҳамвор ва нарм гардонид, то бар он қарор гиред пас дар гӯшаву канори он роҳ биравед ва аз ризқу рӯзии Ӯ бихӯред ва зинда шудани дубора пас аз марг барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯст.

67:16

ءَأَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يَخۡسِفَ بِكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا هِيَ تَمُورُ ﴿16﴾

Оё эй кофирони Макка, худро аз Зоте, ки дар осмон Аллоҳ аст дар амон медонед, ки фармон диҳад замин шуморо фурӯ барад, пас он ногаҳон ба ларзиш дарояд, то ҳама ҳалок шавед?

67:17

أَمۡ أَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبٗاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ كَيۡفَ نَذِيرِ ﴿17﴾

Ё худро аз Зоте, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тундбоде ҳамроҳ бо сангреза бар шумо фиристад? Пас эй кофирон, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори ман чӣ гуна аст ва он замоне, ки бо чашми худ азобро мушоҳида кардед, донистан ба шумо фоидае надиҳад!

67:18

وَلَقَدۡ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ ﴿18﴾

Ва ба ростӣ, касоне ки пеш аз он кофирони Макка буданд, монанди қавми Нуҳ, Од ва Самуд даъвати паёмбаронро дурӯғ шумориданд. Пас азоби Ман дар баробари дурӯғ шумориданашон паёмбаронро чӣ хуна буд!

67:19

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ فَوۡقَهُمۡ صَـٰٓفَّـٰتٖ وَيَقۡبِضۡنَۚ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱلرَّحۡمَٰنُۚ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءِۭ بَصِيرٌ ﴿19﴾

Оё ин кофирон бехабаранд, ба паррандагоне, ки бар болои сарашон аст, ки гоҳе болҳои худро мекушоянд ва гоҳе фурӯ мебанданд, нигоҳ накарданд?! Ҷуз Аллоҳи меҳрубон касе онҳоро бар фарози осмон нигоҳ намедорад. Бегумон Ӯ ба ҳар чиз биност.

67:20

أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ جُندٞ لَّكُمۡ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ إِنِ ٱلۡكَٰفِرُونَ إِلَّا فِي غُرُورٍ ﴿20﴾

Ё ба гумони шумо он касе ки худ барои шумо чун сипоҳе аст, ки шуморо дар баробари Аллоҳи меҳрубон ёрӣ мекунад, кист? Кофирон ҷуз дар фиреб ва ғурурашон нестанд.

67:21

أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي يَرۡزُقُكُمۡ إِنۡ أَمۡسَكَ رِزۡقَهُۥۚ بَل لَّجُّواْ فِي عُتُوّٖ وَنُفُورٍ ﴿21﴾

Ё кист, он Зот, ки ба шумо ризқу рӯзӣ диҳад, агар Ӯ ризқи худро аз шумо боздорад? Балки он кофирон дар саркашӣ ва рамидагӣ аз ҳақ маҳкам пайвастаанд. Яъне, аз ҳақ нафрат ва такаббур меварзанд ва на панд мегиранд ва на пайравӣ мекунанд.

67:22

أَفَمَن يَمۡشِي مُكِبًّا عَلَىٰ وَجۡهِهِۦٓ أَهۡدَىٰٓ أَمَّن يَمۡشِي سَوِيًّا عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿22﴾

Оё касе, ки ба рӯ афтода ҳаракат мекунад ва намедонад куҷо меравад ва чӣ гуна меравад, ба ҳидоят наздиктараст, ё он касе ки истода ба роҳи рост меравад, ки дар он ҳеҷ каҷӣ нест?

67:23

قُلۡ هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَكُمۡ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ ﴿23﴾

Бигӯ эй Расул: «Ӯ Зотест, ки шуморо нахустин бор офарид, баъд аз он ки чизе набудед ва дар адам (нестӣ) қарор доштед ва барои шумо гӯш, дод, то ба василаи он бишнавед ва чашмон дод, то ба василаи он бубинед ва дилҳоро қарор дод, то ба василаи онҳо дар махлуқоти Аллоҳ биандешед, аммо шумо эй кофирон андаке сипосгузорӣ мекунед».

67:24

قُلۡ هُوَ ٱلَّذِي ذَرَأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ﴿24﴾

Бигӯ: «Ӯ Зотест шуморо биёфарид ва дар замин пароканда сохт ва баъд аз ин парокандагӣ барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯ гирд оварда мешавед».

67:25

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿25﴾

Ва кофирон мегӯянд: Эй Муҳаммад ва эй мӯъминон ба мо хабар диҳед ва равшан созед «Агар рост мегӯед ин ваъдаи қиёмат чӣ замонест?»

67:26

قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡعِلۡمُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٞ مُّبِينٞ ﴿26﴾

Бигӯ эй Паёмбар барояшон: «Илми қиёмат танҳо назди Аллоҳ аст ва ман фақат ҳушдордиҳандаи ошкор ҳастам ва аз оқибати куфратон шуморо бим медиҳам ва барои шумо он чиро, ки Аллоҳ таъоло маро ба баёни он амр намудааст, баён мекунам».