فَلَمَّا رَأَوۡهُ زُلۡفَةٗ سِيٓـَٔتۡ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقِيلَ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ ﴿27﴾فَلَمَّا رَأَوۡهُ زُلۡفَةٗ سِيٓـَٔتۡ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقِيلَ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ
Пас чун он кофирон ваъдаи Аллоҳро аз наздик бинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шуданд сиёҳу андӯҳгин мегардад ва ба онҳо сарзаниш карда гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки шумо онро дар дунё бо шитоб металабидед.
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَهۡلَكَنِيَ ٱللَّهُ وَمَن مَّعِيَ أَوۡ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ ٱلۡكَٰفِرِينَ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ﴿28﴾قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَهۡلَكَنِيَ ٱللَّهُ وَمَن مَّعِيَ أَوۡ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ ٱلۡكَٰفِرِينَ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ
Бигӯ эй Расул барои инҳо кофирон: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ маро ва касоне, ки бо ман ҳастанд, ҳалок кунад, ҳамчунон ки таманно мекунед, ё бар мо раҳмат оварад ва аҷали моро ба таъхир андозад ва аз азобаш нигоҳ дорад, пас чӣ касе кофиронро аз азоби дарднок паноҳ медиҳад?!»
قُلۡ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ءَامَنَّا بِهِۦ وَعَلَيۡهِ تَوَكَّلۡنَاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ هُوَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ ﴿29﴾قُلۡ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ءَامَنَّا بِهِۦ وَعَلَيۡهِ تَوَكَّلۡنَاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ هُوَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
Бигӯ: «Ӯ Аллоҳи меҳрубон аст ба Ӯ имон овардем ва ба шариати Ӯ амал кардем ва бар Ӯ дар ҳамаи умури зиндагиамон таваккал кардем, пас эй кофирон ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст мо ё шумо?!»
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَصۡبَحَ مَآؤُكُمۡ غَوۡرٗا فَمَن يَأۡتِيكُم بِمَآءٖ مَّعِينِۭ ﴿30﴾قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَصۡبَحَ مَآؤُكُمۡ غَوۡرٗا فَمَن يَأۡتِيكُم بِمَآءٖ مَّعِينِۭ
Бигу эй Расул барои ин мушрикон: «Ба ман хабар диҳед агар оби нӯшокии шумо дар замин фурӯ равад ва ба ҳеҷ василае дастрасе ёфта натавонед, пас чӣ касе метавонад барои шумо оби равон биёварад?!»
نٓۚ وَٱلۡقَلَمِ وَمَا يَسۡطُرُونَ ﴿1﴾نٓۚ وَٱلۡقَلَمِ وَمَا يَسۡطُرُونَ
Нун. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд, фариштагон ва одамон аз хайру нафъ ва илмҳо,
مَآ أَنتَ بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُونٖ ﴿2﴾مَآ أَنتَ بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُونٖ
ки ту эй Расул ба фазли Парвардигорат, ки паёмбарӣ ва рисолатро бар ту арзонӣ намудааст, девона нестӣ.
وَإِنَّ لَكَ لَأَجۡرًا غَيۡرَ مَمۡنُونٖ ﴿3﴾وَإِنَّ لَكَ لَأَجۡرًا غَيۡرَ مَمۡنُونٖ
Бегумон барои ту эй Расул, он чӣ аз сахтиҳо кашидаӣ бар таблиғи рисолат, мукофоти поённопазир аст
وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ ﴿4﴾وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ
ва ҳароина, ту эй Расул бар хулқи азим ҳастӣ.
فَسَتُبۡصِرُ وَيُبۡصِرُونَ ﴿5﴾فَسَتُبۡصِرُ وَيُبۡصِرُونَ
Ба зудӣ ту эй Расул мебинӣ ва он кофирон низ мебинанд,
بِأَييِّكُمُ ٱلۡمَفۡتُونُ ﴿6﴾بِأَييِّكُمُ ٱلۡمَفۡتُونُ
ки девонагӣ дар кадом яке аз шумост.
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ ﴿7﴾إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ
Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе бадбахт аст ва аз роҳи ҳидояти Ӯ гумроҳ гаштааст ва Ӯ ба парҳезгорони роҳёфтагон (ба дини ҳақ) донотар аст.
فَلَا تُطِعِ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ﴿8﴾فَلَا تُطِعِ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
Пас, эй Расул бар дини худ устувор бош ва ба дурӯғшуморандагон итоъат макун.
وَدُّواْ لَوۡ تُدۡهِنُ فَيُدۡهِنُونَ ﴿9﴾وَدُّواْ لَوۡ تُدۡهِنُ فَيُدۡهِنُونَ
Таманно ва дӯст доранд, ки бо онҳо нармӣ кунӣ, то барои ту нармӣ кунанд.
وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافٖ مَّهِينٍ ﴿10﴾وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافٖ مَّهِينٍ
Ва эй Расул, аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:
هَمَّازٖ مَّشَّآءِۭ بِنَمِيمٖ ﴿11﴾هَمَّازٖ مَّشَّآءِۭ بِنَمِيمٖ
Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад ва миёни онҳо фасод меорад,
مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ ﴿12﴾مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ
боздоранда аз хайр, ки бар хайр кардани мол бахил аст, аз ҳад гузаранда, ки ба мардум таҷовуз мекунад, гунаҳкор, ки бар ҳаром бисёр даст задааст,
عُتُلِّۭ بَعۡدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ ﴿13﴾عُتُلِّۭ بَعۡدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ
дағалмарде, ки бадхулқ ва бадрафтор аст, зинозода, (ҳаромзодаи бепадар,)
أَن كَانَ ذَا مَالٖ وَبَنِينَ ﴿14﴾أَن كَانَ ذَا مَالٖ وَبَنِينَ
ба хотире, ки соҳиби молу фарзанд аст саркашӣ кард ва аз пазируфтани ҳақ такаббур кард,
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿15﴾إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
чун яке аз оёти Мо бар ӯ хонда шавад, онро дурӯғ шуморад ва гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст»