إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ ﴿18﴾إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ
Ҳароина, ӯ андешид ва нақшае кашид.
إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ ﴿18﴾إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ
Ҳароина, ӯ андешид ва нақшае кашид.
فَقُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ ﴿19﴾فَقُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ
Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид?
ثُمَّ قُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ ﴿20﴾ثُمَّ قُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ
Боз ҳам марг барӯ бод, чӣ нақшае кашид?
ثُمَّ نَظَرَ ﴿21﴾ثُمَّ نَظَرَ
Сипас он гоҳ, ки нигарист, (яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон).
ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ ﴿22﴾ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ
Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад.
ثُمَّ أَدۡبَرَ وَٱسۡتَكۡبَرَ ﴿23﴾ثُمَّ أَدۡبَرَ وَٱسۡتَكۡبَرَ
Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ.
فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ يُؤۡثَرُ ﴿24﴾فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ يُؤۡثَرُ
Пас гуфт дар бораи Қуръон: «Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест.
إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا قَوۡلُ ٱلۡبَشَرِ ﴿25﴾إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا قَوۡلُ ٱلۡبَشَرِ
Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст.
سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ ﴿26﴾سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ
Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш.
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ ﴿27﴾وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ
Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст?
لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ ﴿28﴾لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ
На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад.
لَوَّاحَةٞ لِّلۡبَشَرِ ﴿29﴾لَوَّاحَةٞ لِّلۡبَشَرِ
Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст.
عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ ﴿30﴾عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ
Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд.
وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَـٰٓئِكَةٗۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنٗا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ ﴿31﴾وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَـٰٓئِكَةٗۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنٗا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ
Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва ахди китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест.
كَلَّا وَٱلۡقَمَرِ ﴿32﴾كَلَّا وَٱلۡقَمَرِ
Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд, савганд ба моҳ!
وَٱلَّيۡلِ إِذۡ أَدۡبَرَ ﴿33﴾وَٱلَّيۡلِ إِذۡ أَدۡبَرَ
Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад
وَٱلصُّبۡحِ إِذَآ أَسۡفَرَ ﴿34﴾وَٱلصُّبۡحِ إِذَآ أَسۡفَرَ
Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,
إِنَّهَا لَإِحۡدَى ٱلۡكُبَرِ ﴿35﴾إِنَّهَا لَإِحۡدَى ٱلۡكُبَرِ
ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст.
نَذِيرٗا لِّلۡبَشَرِ ﴿36﴾نَذِيرٗا لِّلۡبَشَرِ
Тарсонандаи одамиён аст.
لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَتَقَدَّمَ أَوۡ يَتَأَخَّرَ ﴿37﴾لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَتَقَدَّمَ أَوۡ يَتَأَخَّرَ
Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ.
كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ رَهِينَةٌ ﴿38﴾كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ رَهِينَةٌ
Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад, то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад.
إِلَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡيَمِينِ ﴿39﴾إِلَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡيَمِينِ
Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд.
فِي جَنَّـٰتٖ يَتَسَآءَلُونَ ﴿40﴾فِي جَنَّـٰتٖ يَتَسَآءَلُونَ
Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд,
عَنِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ﴿41﴾عَنِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
аз кофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд.
مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ ﴿42﴾مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ
Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард?
قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ ﴿43﴾قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ
Гӯянд гунаҳкорон: "Мо дар дунё аз намозгузорон набудем
وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ ٱلۡمِسۡكِينَ ﴿44﴾وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ ٱلۡمِسۡكِينَ
ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем
وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ ٱلۡخَآئِضِينَ ﴿45﴾وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ ٱلۡخَآئِضِينَ
ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем
وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ﴿46﴾وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем,
حَتَّىٰٓ أَتَىٰنَا ٱلۡيَقِينُ ﴿47﴾حَتَّىٰٓ أَتَىٰنَا ٱلۡيَقِينُ
то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем"