عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا عِبَادُ ٱللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفۡجِيرٗا ﴿6﴾عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا عِبَادُ ٱللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفۡجِيرٗا
Ин шаробе, ки омехта бо кофур аст аз чашмаест, ки бандагони Аллоҳ аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, ба осонӣ равон месозанд.
يُوفُونَ بِٱلنَّذۡرِ وَيَخَافُونَ يَوۡمٗا كَانَ شَرُّهُۥ مُسۡتَطِيرٗا ﴿7﴾يُوفُونَ بِٱلنَّذۡرِ وَيَخَافُونَ يَوۡمٗا كَانَ شَرُّهُۥ مُسۡتَطِيرٗا
Ин бандагони Аллоҳ чун назр кунанд, вафо мекунанд ва аз азоби Аллоҳ дар рӯзи қиёмат, ки зарар ва бадии он ҳама инсонҳоро фаро мегирад, метарсанд.
وَيُطۡعِمُونَ ٱلطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ مِسۡكِينٗا وَيَتِيمٗا وَأَسِيرًا ﴿8﴾وَيُطۡعِمُونَ ٱلطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ مِسۡكِينٗا وَيَتِيمٗا وَأَسِيرًا
Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранду ва ба он мӯҳтоҷ ҳастанд, ба камбағалу ятим ва асир мехӯронанд,
إِنَّمَا نُطۡعِمُكُمۡ لِوَجۡهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمۡ جَزَآءٗ وَلَا شُكُورًا ﴿9﴾إِنَّمَا نُطۡعِمُكُمۡ لِوَجۡهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمۡ جَزَآءٗ وَلَا شُكُورًا
Ба забони ҳол мегӯянд ҷуз ин ҳадафи дигаре нест, ки шуморо фақат барои ризогии Аллоҳ таъом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем на сипосе.
إِنَّا نَخَافُ مِن رَّبِّنَا يَوۡمًا عَبُوسٗا قَمۡطَرِيرٗا ﴿10﴾إِنَّا نَخَافُ مِن رَّبِّنَا يَوۡمًا عَبُوسٗا قَمۡطَرِيرٗا
Бадурустӣ, Мо аз Парвардигори худ, дар рӯзе, ки гунаҳкорон туршрӯй бошанд ва он рӯзи хеле сахт аст, метарсем.
فَوَقَىٰهُمُ ٱللَّهُ شَرَّ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمِ وَلَقَّىٰهُمۡ نَضۡرَةٗ وَسُرُورٗا ﴿11﴾فَوَقَىٰهُمُ ٱللَّهُ شَرَّ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمِ وَلَقَّىٰهُمۡ نَضۡرَةٗ وَسُرُورٗا
Пас Аллоҳ онҳоро аз сахтии он рӯз нигаҳ дошт ва дар рӯйҳояшон хушҳолию тароват ва дар дилҳояшон шодмонӣ бахшид.
وَجَزَىٰهُم بِمَا صَبَرُواْ جَنَّةٗ وَحَرِيرٗا ﴿12﴾وَجَزَىٰهُم بِمَا صَبَرُواْ جَنَّةٗ وَحَرِيرٗا
Барои сабре, ки дар дунё кардаанд, мукофоти он биҳишти анбарсиришт дод, ки дар он либосҳои абрешимӣ мепӯшанд.
مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۖ لَا يَرَوۡنَ فِيهَا شَمۡسٗا وَلَا زَمۡهَرِيرٗا ﴿13﴾مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۖ لَا يَرَوۡنَ فِيهَا شَمۡسٗا وَلَا زَمۡهَرِيرٗا
Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд, на гармии офтоберо мебинанд ва на хунукии сахтеро.
وَدَانِيَةً عَلَيۡهِمۡ ظِلَٰلُهَا وَذُلِّلَتۡ قُطُوفُهَا تَذۡلِيلٗا ﴿14﴾وَدَانِيَةً عَلَيۡهِمۡ ظِلَٰلُهَا وَذُلِّلَتۡ قُطُوفُهَا تَذۡلِيلٗا
Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад.
وَيُطَافُ عَلَيۡهِم بِـَٔانِيَةٖ مِّن فِضَّةٖ وَأَكۡوَابٖ كَانَتۡ قَوَارِيرَا۠ ﴿15﴾وَيُطَافُ عَلَيۡهِم بِـَٔانِيَةٖ مِّن فِضَّةٖ وَأَكۡوَابٖ كَانَتۡ قَوَارِيرَا۠
Ва ходимон таъомҳоро дар косаҳои нуқрагин ва шаробро дар кӯзаҳо дар миёнашон ба гардиш меоранд.
قَوَارِيرَاْ مِن فِضَّةٖ قَدَّرُوهَا تَقۡدِيرٗا ﴿16﴾قَوَارِيرَاْ مِن فِضَّةٖ قَدَّرُوهَا تَقۡدِيرٗا
Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андозае пур кардаанд.
وَيُسۡقَوۡنَ فِيهَا كَأۡسٗا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا ﴿17﴾وَيُسۡقَوۡنَ فِيهَا كَأۡسٗا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا
Дар он ҷо некӯкоронро шаробе бинӯшонанд, ки омехта бо занҷабил бошад,
عَيۡنٗا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلۡسَبِيلٗا ﴿18﴾عَيۡنٗا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلۡسَبِيلٗا
аз чашмае, ки онро Салсабил мегӯянд.
وَيَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيۡتَهُمۡ حَسِبۡتَهُمۡ لُؤۡلُؤٗا مَّنثُورٗا ﴿19﴾۞وَيَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيۡتَهُمۡ حَسِبۡتَهُمۡ لُؤۡلُؤٗا مَّنثُورٗا
Ва ҳамеша ҷавононе ба гирдашон барои хидмат давр мезананд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ, ки аз зебоиашон гӯё марвориди афшондашудаанд.
وَإِذَا رَأَيۡتَ ثَمَّ رَأَيۡتَ نَعِيمٗا وَمُلۡكٗا كَبِيرًا ﴿20﴾وَإِذَا رَأَيۡتَ ثَمَّ رَأَيۡتَ نَعِيمٗا وَمُلۡكٗا كَبِيرًا
Ва чун онгоҳ ба кадом ҷои ҷаннат бингарӣ, ҳар чӣ бингарӣ, неъмати фаровон ва мулки васеъи бузургаст, ки интиҳо надорад.
عَٰلِيَهُمۡ ثِيَابُ سُندُسٍ خُضۡرٞ وَإِسۡتَبۡرَقٞۖ وَحُلُّوٓاْ أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٖ وَسَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ شَرَابٗا طَهُورًا ﴿21﴾عَٰلِيَهُمۡ ثِيَابُ سُندُسٍ خُضۡرٞ وَإِسۡتَبۡرَقٞۖ وَحُلُّوٓاْ أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٖ وَسَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ شَرَابٗا طَهُورًا
Бар тани биҳиштиён ҷомаҳоест дарунаш аз абрешими тунуки сабз ва берунаш аз абрешими ғафс. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парваридигорашон шароби покро.
إِنَّ هَٰذَا كَانَ لَكُمۡ جَزَآءٗ وَكَانَ سَعۡيُكُم مَّشۡكُورًا ﴿22﴾إِنَّ هَٰذَا كَانَ لَكُمۡ جَزَآءٗ وَكَانَ سَعۡيُكُم مَّشۡكُورًا
Ва гуфта шавад ба онҳо: Ҳароина, ин подоши амалҳои неки шумост ва кӯшишҳое, ки дар дунё кардед, аз назди Аллоҳ сипосгузорӣ шудааст.
إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡقُرۡءَانَ تَنزِيلٗا ﴿23﴾إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡقُرۡءَانَ تَنزِيلٗا
Ҳароина, Мо Қуръонро эй Паёмбар бар ту бо тадриҷ нозил кардем, то ки мардумро ба савобу ваъдаҳо ва ба азобу ҳушдорҳои он панд диҳӣ!
فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعۡ مِنۡهُمۡ ءَاثِمًا أَوۡ كَفُورٗا ﴿24﴾فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعۡ مِنۡهُمۡ ءَاثِمًا أَوۡ كَفُورٗا
Пас дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ мушрике, ки дар шаҳватҳо ғӯтта задааст ё кофире, ки дар куфру залолат фурӯ рафтааст, итоъат макун!
وَٱذۡكُرِ ٱسۡمَ رَبِّكَ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلٗا ﴿25﴾وَٱذۡكُرِ ٱسۡمَ رَبِّكَ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلٗا
Ва бомдоду шомгоҳон номи Парвардигоратро ба забон ёд кун.