كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ ﴿20﴾كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ
Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест, балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ ﴿20﴾كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ
Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест, балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
وَتَذَرُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ ﴿21﴾وَتَذَرُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ
ва охиратро бо неъматҳояш тарк мекунед.
وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاضِرَةٌ ﴿22﴾وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاضِرَةٌ
Дар он рӯз барои мӯъминони саъодатманд чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,
إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٞ ﴿23﴾إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٞ
ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд.
وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذِۭ بَاسِرَةٞ ﴿24﴾وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذِۭ بَاسِرَةٞ
Ва дар он рӯз барои кофирони бадбахт чеҳраҳое ҳаст абусу турш, (пешонӣ дар ҳам кашида, зиштрӯй),
تَظُنُّ أَن يُفۡعَلَ بِهَا فَاقِرَةٞ ﴿25﴾تَظُنُّ أَن يُفۡعَلَ بِهَا فَاقِرَةٞ
ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.
كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ ﴿26﴾كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ
Оре, чун ҷон ба ҳалқум (ба гулӯ) расад
وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٖ ﴿27﴾وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٖ
ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад ва ӯро наҷот диҳад?
وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ ﴿28﴾وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ
Ва одами миранда яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ ﴿29﴾وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ
ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ ﴿30﴾إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ
он рӯз, рӯзи рондан ва бозгаштан ба сӯи Парвардигори туст. Ва оқибати кори бандагон ба ҷаннат аст ё ба дӯзах.
فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ ﴿31﴾فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ
На тасдиқ кардааст ин инсони кофир ба паёмбар ва Қуръон ва рӯзи охират ва на барои Парвардигораш намоз гузоридааст.
وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ﴿32﴾وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ
Вале Қуръонро дурӯғ бароварда ва аз имон рӯй гардонидааст.
ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ ﴿33﴾ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ
Он гоҳ ба рафтори хиромон ва сармаст назди аҳли худ рафтааст.
أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰ ﴿34﴾أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰ
Вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!
ثُمَّ أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰٓ ﴿35﴾ثُمَّ أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰٓ
Боз ҳам вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!
أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى ﴿36﴾أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى
Оё инсони мункир ба рӯзи баъс мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд? Пас на мавриди амру наҳй ва на мавриди ҳисобу ҷазо қарор хоҳад гирифт?
أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ ﴿37﴾أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ
Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар бачадоне рехта мешуд, набуд?
ثُمَّ كَانَ عَلَقَةٗ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ ﴿38﴾ثُمَّ كَانَ عَلَقَةٗ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ
Сипас баъд аз нутфа ба сурати хуни баста даромад. Пас Аллоҳ ӯро офарид ва дуруст ва устувор сохт.
فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ ﴿39﴾فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ
Пас аз ӯ ду ҷуфт: нару мода падид овард.
أَلَيۡسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰ ﴿40﴾أَلَيۡسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰ
Оё чунин Офаридагор қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? Оре бар ин кор тавоност, зеро бозгардонидани офариниш аз эҷоди нахустини он осонтар аст.
هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡـٔٗا مَّذۡكُورًا ﴿1﴾هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡـٔٗا مَّذۡكُورًا
Ба ростӣ, ки омадааст бар одамӣ муддате аз замон, ки пеш аз дамидани руҳ дар вуҷудаш чизе қобили зикре набуд?
إِنَّا خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ أَمۡشَاجٖ نَّبۡتَلِيهِ فَجَعَلۡنَٰهُ سَمِيعَۢا بَصِيرًا ﴿2﴾إِنَّا خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ أَمۡشَاجٖ نَّبۡتَلِيهِ فَجَعَلۡنَٰهُ سَمِيعَۢا بَصِيرًا
Ҳароина, Мо одамиро аз нутфае омехта офаридем, то ӯро бо вазифаҳои шаръӣ имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем, то бишнавад оятҳоро ва бубинад далелҳоро.
إِنَّا هَدَيۡنَٰهُ ٱلسَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرٗا وَإِمَّا كَفُورًا ﴿3﴾إِنَّا هَدَيۡنَٰهُ ٱلسَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرٗا وَإِمَّا كَفُورًا
Ҳароина, роҳро ба ӯ нишон додем. Хоҳ мӯъмини шукргузор бошад хоҳ кофири ношукр.
إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ سَلَٰسِلَاْ وَأَغۡلَٰلٗا وَسَعِيرًا ﴿4﴾إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ سَلَٰسِلَاْ وَأَغۡلَٰلٗا وَسَعِيرًا
Ҳароина, Мо барои кофирон занҷирҳо омода кардем, то пойҳояшонро бубанданд ва тавқҳо муҳайё кардем, то дастҳояшонро бар гарданҳояшон бубанданд ва оташи афрӯхта низ омода кардем.
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ يَشۡرَبُونَ مِن كَأۡسٖ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا ﴿5﴾إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ يَشۡرَبُونَ مِن كَأۡسٖ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا
Ҳароина, некон аҳли тоъат ва ихлос, онҳое ки ҳаққи Аллоҳро адо мекунанд, рӯзи қиёмат аз шаробе менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,