quranm◉

Саҳифа 584

Range
from 79:16 to 79:46
Surahs covered
Тарҷума
31 Тарҷума

◉

79:16

إِذۡ نَادَىٰهُ رَبُّهُۥ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى ﴿16﴾

Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво садо кард:

79:17

ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ ﴿17﴾

Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ дар гуноҳ аз ҳад гузаштааст.

79:18

فَقُلۡ هَل لَّكَ إِلَىٰٓ أَن تَزَكَّىٰ ﴿18﴾

Бигӯ: Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ ва ба имон нафси худро ороста кунӣ

79:19

وَأَهۡدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخۡشَىٰ ﴿19﴾

ва ман туро ба сӯи Парвардигорат роҳ бинамоям ва то ту битарсӣ аз Ӯ?

79:20

فَأَرَىٰهُ ٱلۡأٓيَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰ ﴿20﴾

Пас, Мӯсо ба Фиръавн он мӯъҷизаи бузург; асо ва дастро нишон дод.

79:21

فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ ﴿21﴾

Ва Фиръавн паёмбари Аллоҳ Мӯсо (алайҳиссалом)-ро дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.

79:22

ثُمَّ أَدۡبَرَ يَسۡعَىٰ ﴿22﴾

Сипас пушт гардонд аз имон ва бар зидди Мӯсо саъй ва талош мекард.

79:23

فَحَشَرَ فَنَادَىٰ ﴿23﴾

Пас ҳама аҳли мамлакаташро ҷамъ кард ва нидо дод

79:24

فَقَالَ أَنَا۠ رَبُّكُمُ ٱلۡأَعۡلَىٰ ﴿24﴾

ва Гуфт: Ман Парвардигори бузурги шумо ҳастам!

79:25

فَأَخَذَهُ ٱللَّهُ نَكَالَ ٱلۡأٓخِرَةِ وَٱلۡأُولَىٰٓ ﴿25﴾

Пас Парвардигораш ӯро ба азоби охирату дунё гирифтор кард.

79:26

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّمَن يَخۡشَىٰٓ ﴿26﴾

Бегумон дар ин кирдори Фиръавн ва он азобе, ки бар вай нозил шуд, панди бузургест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад!

79:27

ءَأَنتُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَمِ ٱلسَّمَآءُۚ بَنَىٰهَا ﴿27﴾

Эй одамон, оё офариниши шумо сахттар аст ё офариниши осмоне ки Аллоҳ онро сохтааст?

79:28

رَفَعَ سَمۡكَهَا فَسَوَّىٰهَا ﴿28﴾

Баландии онро барафрошт ва онро устувор кард,

79:29

وَأَغۡطَشَ لَيۡلَهَا وَأَخۡرَجَ ضُحَىٰهَا ﴿29﴾

шабашро торик кард ба фурӯ рафтани офтоб ва рӯзашро равшан кард ба баромадани офтоб

79:30

وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ دَحَىٰهَآ ﴿30﴾

ва баъд аз халқи осмон заминро паҳн кард

79:31

أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَآءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا ﴿31﴾

ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард

79:32

وَٱلۡجِبَالَ أَرۡسَىٰهَا ﴿32﴾

ва кӯҳҳоро устувор сохт,

79:33

مَتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ ﴿33﴾

барои фоидаи шумо ва чорпоёнатон. Аз нав зинда гардонидани шумо рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ осонтараст аз офариниши ин чизҳо.

79:34

فَإِذَا جَآءَتِ ٱلطَّآمَّةُ ٱلۡكُبۡرَىٰ ﴿34﴾

Чун он ҳодисаи бузурги қиёмат даррасад,

79:35

يَوۡمَ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا سَعَىٰ ﴿35﴾

рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро аз неку бад ба ёд оварад

79:36

وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ ﴿36﴾

ва дӯзах барои ҳар фарди бино ошкор ва намоён мегардад.

79:37

فَأَمَّا مَن طَغَىٰ ﴿37﴾

Пас ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад дар куфру исён

79:38

وَءَاثَرَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا ﴿38﴾

ва зиндагии инҷаҳонро бар зиндагии охират ихтиёр карда бошад,

79:39

فَإِنَّ ٱلۡجَحِيمَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ﴿39﴾

бегумон ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.

79:40

وَأَمَّا مَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ وَنَهَى ٱلنَّفۡسَ عَنِ ٱلۡهَوَىٰ ﴿40﴾

Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида бошад ва нафси худро аз ҳаво ва ҳавас боздошта бошад,

79:41

فَإِنَّ ٱلۡجَنَّةَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ﴿41﴾

пас бегумон биҳишт ҷойгоҳи ӯст.

79:42

يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا ﴿42﴾

Эй Паёмбар, туро мушрикон тамасхуромезона аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.

79:43

فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ ﴿43﴾

Аз воқеъ шудани он туро чӣ хабарест?

79:44

إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ ﴿44﴾

Балки, огоҳӣ аз замони барпо шавии қиёмат ба Парвардигорат аст.

79:45

إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخۡشَىٰهَا ﴿45﴾

Ту танҳо бимдиҳандаи касе ҳастӣ, ки аз қиёмат метарсад.

79:46

كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَهَا لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا عَشِيَّةً أَوۡ ضُحَىٰهَا ﴿46﴾

Рӯзе, ки онро бубинанд, аз ҳавли қиёмат пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.