إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا ﴿31﴾إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا
Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд
إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا ﴿31﴾إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا
Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд
حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا ﴿32﴾حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا
ва барояшон низ бӯстонҳову дарахтони ангур
وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا ﴿33﴾وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا
ва духтарони навҷавоне ҳамсинну сол
وَكَأۡسٗا دِهَاقٗا ﴿34﴾وَكَأۡسٗا دِهَاقٗا
ва ҷомҳои пур аз шароб
لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا كِذَّـٰبٗا ﴿35﴾لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا كِذَّـٰبٗا
Ва онҳо дар он ҷо на сухани беҳуда мешунаванд ва на дурӯғ
جَزَآءٗ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابٗا ﴿36﴾جَزَآءٗ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابٗا
ва ин мукофотест аз сӯи Парвардигорат, подош ва бахшише аз рӯи ҳисоб
رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابٗا ﴿37﴾رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابٗا
Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Аллоҳи Раҳмон, дар дунёву охират, ки аз ҳайбати У сухан гуфта натавонанд,
يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابٗا ﴿38﴾يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابٗا
рӯзе, ки Ҷабраил ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар касе ки Аллоҳи Меҳрубон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухани дуруст гӯяд. Ва ҳеҷ касро шафоъат карда наметавонанд, магар ба иҷозати Аллоҳи Меҳрубон
ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا ﴿39﴾ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا
Он рӯз, рӯзи ҳақ аст. Дар омадани он рӯз ҳеҷ шакке нест. Пас ҳар касе бихоҳад, наҷот ёфтанро аз азоб, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ бигирад бо амалҳои солеҳ.
إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابٗا قَرِيبٗا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا ﴿40﴾إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابٗا قَرِيبٗا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا
Мо шуморо аз азоби рӯзи қиёмат, ки наздикаст, бим додем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, аз амали нек ё бад, мебинад ва кофир аз сахтии ҳисоб мегӯяд: Эй кош, ман хок мебудам ва боз зинда намешудам.
وَٱلنَّـٰزِعَٰتِ غَرۡقٗا ﴿1﴾وَٱلنَّـٰزِعَٰتِ غَرۡقٗا
Аллоҳ савганд ёд мекунад ба фариштагоне, ки ҷонҳои кофиронро ба сахтӣ мегиранд
وَٱلنَّـٰشِطَٰتِ نَشۡطٗا ﴿2﴾وَٱلنَّـٰشِطَٰتِ نَشۡطٗا
ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳои мӯъминонро ба осонӣ мегиранд
وَٱلسَّـٰبِحَٰتِ سَبۡحٗا ﴿3﴾وَٱلسَّـٰبِحَٰتِ سَبۡحٗا
ва савганд ба фариштагоне, ки барои расонидани фармони Аллоҳ шинокунон ва шитобон аз осмон фуруд меоянд
فَٱلسَّـٰبِقَٰتِ سَبۡقٗا ﴿4﴾فَٱلسَّـٰبِقَٰتِ سَبۡقٗا
ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар сабқат мекунанд дар иҷро намудани амрҳои Парвардигор
فَٱلۡمُدَبِّرَٰتِ أَمۡرٗا ﴿5﴾فَٱلۡمُدَبِّرَٰتِ أَمۡرٗا
ва савганд ба фариштагоне, ки ҳамаи корҳоро тадбир мекунанд,
يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ ﴿6﴾يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ
ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат, ки нафхаи миронидан аст, заминро биларзонад
تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ ﴿7﴾تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ
ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, мардум аз нав зинда хоҳанд шуд.
قُلُوبٞ يَوۡمَئِذٖ وَاجِفَةٌ ﴿8﴾قُلُوبٞ يَوۡمَئِذٖ وَاجِفَةٌ
Дар он рӯз дилҳои кофирон аз сахтии тарс дар ларза бошанд,
أَبۡصَٰرُهَا خَٰشِعَةٞ ﴿9﴾أَبۡصَٰرُهَا خَٰشِعَةٞ
ва азобу даҳшатҳои рӯзи қиёматро мушоҳида кунанд, бар чашмонашон хорӣ ва фурӯафтодагӣ намоён шавад.
يَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِي ٱلۡحَافِرَةِ ﴿10﴾يَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِي ٱلۡحَافِرَةِ
Мункирони рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан мегӯянд: Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا نَّخِرَةٗ ﴿11﴾أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا نَّخِرَةٗ
он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?
قَالُواْ تِلۡكَ إِذٗا كَرَّةٌ خَاسِرَةٞ ﴿12﴾قَالُواْ تِلۡكَ إِذٗا كَرَّةٌ خَاسِرَةٞ
Гӯянд: Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ ﴿13﴾فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ
Пас танҳо як овози баланд аст.
فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ ﴿14﴾فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ
ва онгоҳ онон дар замини ҳамвор (саҳрои қиёмат) меоянд.
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ ﴿15﴾هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ
Эй Паёмбар, оё қиссаи Мӯсо (алайҳис салом) ба ту расидааст?