quranm◉

Сура At-Takathur التكاثر

#
102
↓
M
Оят
8
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

102:1

أَلۡهَىٰكُمُ ٱلتَّكَاثُرُ ﴿١﴾

Ба ғафлат кашид шуморо аз итоъати Аллоҳ фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд,

102:2

حَتَّىٰ زُرۡتُمُ ٱلۡمَقَابِرَ ﴿٢﴾

то ба гӯрҳо расидед ва дар он ҷо дафн шудед.

102:3

كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ﴿٣﴾

На, ин тавр не, нашояд ки молҳоятон шумоёнро ба ғафлат андозад ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳаёти охират бароятон беҳтараст.

102:4

ثُمَّ كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ﴿٤﴾

Сипас ҳазар кунед, ки ба зудӣ оқибати ба дунё машғул шуданатонро хоҳед донист,

102:5

كَلَّا لَوۡ تَعۡلَمُونَ عِلۡمَ ٱلۡيَقِينِ ﴿٥﴾

На, ин тавр нест, агар аз рӯи яқин медонистед, ҳатман тезӣ мекардед бар наҷот додани нафсҳоятон аз ҳалокӣ.

102:6

لَتَرَوُنَّ ٱلۡجَحِيمَ ﴿٦﴾

Албатта, ҷаҳаннамро хоҳед дид.

102:7

ثُمَّ لَتَرَوُنَّهَا عَيۡنَ ٱلۡيَقِينِ ﴿٧﴾

Сипас ба чашми яқинаш хоҳед дид, бидуни шак.

102:8

ثُمَّ لَتُسۡـَٔلُنَّ يَوۡمَئِذٍ عَنِ ٱلنَّعِيمِ ﴿٨﴾

Сипас дар он рӯз шуморо аз тамоми неъматҳои дунявӣ бозхост мекунанд.