quranm◉

Сура Al-Qari'ah القارعة

#
101
↓
M
Оят
11
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

101:1

ٱلۡقَارِعَةُ ﴿١﴾

Қориъаҳ, рӯзест, ки дилҳо аз ҳавли он кӯбида мешаванд.

101:2

مَا ٱلۡقَارِعَةُ ﴿٢﴾

Чист қориъаҳ?

101:3

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡقَارِعَةُ ﴿٣﴾

Ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ чист?

101:4

يَوۡمَ يَكُونُ ٱلنَّاسُ كَٱلۡفَرَاشِ ٱلۡمَبۡثُوثِ ﴿٤﴾

Рӯзест, ки мардумон ҳамчун парвонаҳои пароканда хоҳанд буд.

101:5

وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ٱلۡمَنفُوشِ ﴿٥﴾

Ва кӯҳҳо монанди пашми задашуда бо ҳаллоҷӣ парешон карда шуда хоҳанд шуд.

101:6

فَأَمَّا مَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ ﴿٦﴾

Аммо ҳар касеро паллаи некиҳои тарозуяш вазнин бошад,

101:7

فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ ﴿٧﴾

пас ӯ дар ҷаннат дар зиндагии писандида бошад.

101:8

وَأَمَّا مَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ ﴿٨﴾

Ва аммо ҳар касеро сабук шуд паллаи некиҳои тарозуяш,

101:9

فَأُمُّهُۥ هَاوِيَةٞ ﴿٩﴾

ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.

101:10

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا هِيَهۡ ﴿١٠﴾

Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?

101:11

نَارٌ حَامِيَةُۢ ﴿١١﴾

Оташи бузург ва бисёр гарму сӯзонест.