quranm◉

Сура Al-Humazah الهمزة

#
104
↓
M
Оят
9
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

104:1

وَيۡلٞ لِّكُلِّ هُمَزَةٖ لُّمَزَةٍ ﴿١﴾

Вой (ҳалок бод), бар ҳоли ҳар айбҷӯи таъназан,

104:2

ٱلَّذِي جَمَعَ مَالٗا وَعَدَّدَهُۥ ﴿٢﴾

он ки моле ҷамъ кард ва ба шумори он банд шуд.

104:3

يَحۡسَبُ أَنَّ مَالَهُۥٓ أَخۡلَدَهُۥ ﴿٣﴾

Мепиндорад, ки дороияш дар дунё ҷовидонааш медорад.

104:4

كَلَّاۖ لَيُنۢبَذَنَّ فِي ٱلۡحُطَمَةِ ﴿٤﴾

На чунин нест ки ӯ фикр мекунад, ӯ бегумон дар ҳутамаҳ андохта хоҳад шуд.

104:5

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحُطَمَةُ ﴿٥﴾

Ва эй Расул ту чӣ медонӣ, ки ҳутамаҳ чист?

104:6

نَارُ ٱللَّهِ ٱلۡمُوقَدَةُ ﴿٦﴾

Оташи афрӯхтаи Аллоҳаст.

104:7

ٱلَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى ٱلۡأَفۡـِٔدَةِ ﴿٧﴾

Оташе, ки бар дилҳо пирӯз мешавад.

104:8

إِنَّهَا عَلَيۡهِم مُّؤۡصَدَةٞ ﴿٨﴾

Бегумон он оташ аз ҳар сӯ бар онҳо фурӯ баста шудааст,

104:9

فِي عَمَدٖ مُّمَدَّدَةِۭ ﴿٩﴾

дар сутунҳои дарози оташӣ дароварда шудааст, то аз он берун наоянд.