quranm◉

Сура Al-Infitar الإنفطار

#
82
↓
M
Оят
19
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

82:1

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ ﴿١﴾

Он гоҳ, ки осмон шикофта мегардад ва низоми он вайрон мешавад

82:2

وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ ﴿٢﴾

ва он гоҳ ки ситорагон фурӯ мерезанд

82:3

وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ ﴿٣﴾

ва он гоҳ, ки дарёҳо ба шиддат равон мешаванд

82:4

وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ ﴿٤﴾

ва он гоҳ, ки қабрҳо зер ва рӯ мегарданд,

82:5

عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ ﴿٥﴾

ҳар кас, ки чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бозпас гузоштааст, хоҳад донист.

82:6

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ ﴿٦﴾

Эй одамӣ, чӣ чиз туро нисбат ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?

82:7

ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ ﴿٧﴾

Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард, сипас офариниши туро мӯътадил гардонд.

82:8

فِيٓ أَيِّ صُورَةٖ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ ﴿٨﴾

Ва ба ҳар шакле, ки хост, туро таркиб кард.

82:9

كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ ﴿٩﴾

Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, балки омадани қиёматро дурӯғ мешуморед.

82:10

وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ ﴿١٠﴾

Ва бегумон бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:

82:11

كِرَامٗا كَٰتِبِينَ ﴿١١﴾

нависандагони гиромиқадранд,

82:12

يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ ﴿١٢﴾

он чиро ки мекунед аз нек ё бад, медонанд.

82:13

إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٖ ﴿١٣﴾

Албатта некӯкорон, ки ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонро баҷо меоранд, дар неъмат хоҳанд буд

82:14

وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٖ ﴿١٤﴾

ва гуноҳкорон, ки дар ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонаш камбудӣ мекунанд, дар ҷаҳаннаманд!

82:15

يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ ﴿١٥﴾

Дар рӯзи ҷазо (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд

82:16

وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ ﴿١٦﴾

Онон ҳеҷгоҳ аз он дур намешаванд.

82:17

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ﴿١٧﴾

Ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?

82:18

ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ﴿١٨﴾

Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?

82:19

يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٞ لِّنَفۡسٖ شَيۡـٔٗاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ ﴿١٩﴾

Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре нафъ натавонад кард ва дар он рӯз фармон, фармони Аллоҳ бошад.