quranm◉

Сура At-Tariq الطارق

#
86
↓
M
Оят
17
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

86:1

وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ ﴿١﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад.

86:2

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ ﴿٢﴾

Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст?

86:3

ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ ﴿٣﴾

Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад.

86:4

إِن كُلُّ نَفۡسٖ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٞ ﴿٤﴾

Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ.

86:5

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ ﴿٥﴾

Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?

86:6

خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ ﴿٦﴾

Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст,

86:7

يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ﴿٧﴾

ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд.

86:8

إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٞ ﴿٨﴾

Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност,

86:9

يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ ﴿٩﴾

рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад.

86:10

فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٖ وَلَا نَاصِرٖ ﴿١٠﴾

Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад.

86:11

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ ﴿١١﴾

Савганд ба осмони бозборанда!

86:12

وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ ﴿١٢﴾

Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд.

86:13

إِنَّهُۥ لَقَوۡلٞ فَصۡلٞ ﴿١٣﴾

Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.

86:14

وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ ﴿١٤﴾

Ва он ҳазл нест!

86:15

إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدٗا ﴿١٥﴾

Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.

86:16

وَأَكِيدُ كَيۡدٗا ﴿١٦﴾

Ва Ман низ чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд.

86:17

فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا ﴿١٧﴾

Пас кофиронро мӯхлат деҳ, андак мӯхлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун!